Шеър дар васфи Навруз – 2023

0

Дар ин саҳифа якчанд шеъри нав 2023 дар бораи Навруз, шеърхои Наврузи, Навруз муборак шеърхо оварда мешавад. Шеър дар васфи Навруз аз сомонаи WWW.DONISH.SU | Сӯи ДОНИШ >>

Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!

Давоми матнро баъди реклама хонед

Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!

Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,
Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!

Боди саҳар аз гулшан, гӯё ба машоми ман,
Сад бӯи хуш омезад, Наврӯз муборак бод!

Бар нола бишуд булбул, бишкуфту бихандид гул,
Гул хандаду бистезад, Наврӯз муборак бод!

Бингар нигорамро, бонуи баҳорамро,
Бар гӯш гул овезад, Наврӯз муборак бод!

Ин фасли арӯси сол орад ӣари мо иқбол,
Шодӣ ба дил ангезад, Наврӯз муборак бод!

Раззоқ, расид Наврӯз, имрӯз шуда нав рӯз,
Ҳар сӯй нидо хезад, Наврӯз муборак бод!

Абдураззоқи Раззоқ


Наврӯз ҷаҳонӣ шуд , то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Оне, ки фаромӯш буд, дар хонаи худ хуш буд,
Маншуру забонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Аз дӯст ба номи дӯст, овард паёми дуст,
Пайке зи амонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Авранги баландаш бин, Аржанги писандаш бин,
Доро шуду Монӣ шуд, то бод чунин бодо!

Бар рӯҳу равон яксар, пайдову ниҳон яксар,
Пайғоми ҷавонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Соҳибсухано, имрӯз, андар сифати Наврӯз,
Паймон натавонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Паймон


Наврӯз муборак бод

Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми ҳазор омад, Наврӯз муборак бод.

Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.

Гаҳ абр гуҳар корид, гаҳ абр ба сар борид,
Давлат ба диёр омад, Наврӯз муборак бод.

Рафт аз дили мо ғамҳо, сарсабз шуд ин дунё,
Пайғоми нигор омад, Наврӯз муборак бод.

Бо фасли нав омад, бин, ин васли баҳоройин,
Ҳам ишқ ба кор омад, Наврӯз муборак бод.

Бингар ту ба “син”у “шин” чун неъмати Фарвардин,
Инъом зи ёр омад, Наврӯз муборак бод.

Парвози сухан ин ҷост, гулҳои Ватан ин ҷост,
Шеърам ба шарор омад, Наврӯз муборак бод.

Аз тафти замин шодам, в-аз шамс чӣ ободам,
Сармо ба фирор омад, Наврӯз муборак бод.

Аз моҳи Ҳамал дарёб, мекӯш ту дар ҳар боб,
Нерӯву мадор омад, Наврӯз муборак бод.

Деҳқон, ки саҳархез аст, дар кор арақрез аст,
Меҳнат ба барор омад, Наврӯз муборак бод.

Андӯҳшикан моем, ошиқ ба чаман моем,
Ҳамдард қатор омад, Наврӯз муборак бод.

Дил пок шуд аз кина, шуд сина чу оина,
Ҳам дафъи хумор омад, Наврӯз муборак бод.

Сад шӯру шарар дар дил, обод шуд ин маҳфил,
Абёти қатор омад, Наврӯз муборак бнаод.

Нормурод Каримзода


Мақолаи қаблӣШеърхо дар бораи БАХОР / Баҳор
Мақолаи баъдӣГулгардонӣ дар Наврӯз (бойчечак)