Шеър дар васфи Рамазон – Руза

0

Якчанд шеър дар бораи моҳи шарифи Рамазон меорем. Шеърхо дар бораи мохи шарифи Рамазон. Барои зиёд кардани маводҳо ин мақоларо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳои худ паҳн (поделиться) кунед.

Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.

Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯй фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.

Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.

Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.

Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.

Раънои М.


Чист рӯза?

Чист рӯза? Як набарди тан ба тан,
Як ҷиҳоде бо сипоҳи «ман» ва «МАН».

Корзоре аз бақову аз фано,
Санҷише аз худ ба руҳи хештан.

Иҷтиноб аз обу нон охир ки чи?
Қурби ҷону тан ба Холиқ доштан.

Рӯза – васли руҳ бо он Руҳбахш,
Дурӣ аз ишкам – адуи ҷону тан.

Боз кардан чашми дил бар сӯи Ҳақ,
Бастан аз гуфторҳои бад даҳан.

Базми тоат, базми нури давлат аст,
Чун Худо мехонадат, пас сар бизан.

Рӯза худ ойинаи Ҳақбоварист,
Шустан аз худ гарду хоки ширку занн.

Рӯза – пайкоре ба ҳар бегонагӣ,
Рӯза яъне сохтан дар худ Ватан.

Рӯ ба даргоҳи Худо овар, азиз,
То наёбад раҳ ба дилҳо аҳриман.

Як даме худ бош берангу риё,
Он ниқоби сурати худро бикан.

Ҳар қадар аз рӯза гӯям андак аст,
Пас салоҳ он аст, кам гӯям сухан…

Аъзам Ҳуҷаста


ИЛҲОМ АЗ МОҲИ РАМАЗОН

Мусалмонӣ бувад дар кор бастан,
Даҳон аз гуфтани бисёр бастан.
Забони дил агар аз зикр орист,
Чӣ суд аз ҷомаву дастор бастан?

На исломӣ, на насронӣ, кӣ ҳастем?
На раҳмонӣ, на шайтонӣ, кӣ ҳастем?
Надонистам, надонистам, Худоё,
Бигӯ бо мо, агар донӣ, кӣ ҳастем?

Яке айвон, яке ҳайвон фурӯшад,
Яке дар раста обу нон фурӯшад.
Дар ин дунё, ки бозор аст, дидем
Гурӯҳе номусу имон фурӯшад.

Чу афтад кӯза, доремаш дудаста,
Хурем афсӯс аз ҷоми шикаста.
Вале, сад вой, бефарқему кӯрем,
Хароб афтад агар дилҳои хаста.

Ниёз орӣ, намояд банда хорат,
Ба миннат тира созад рӯзгорат.
Зи даргоҳаш талаб кун, ҳарчӣ хоҳӣ,
Ки беминнат диҳад Парвардгорат.

Иноят кун, иноят кун, Худоё,
Зи мо моро ҳимоят кун, Худоё.
Худиҳоро ба фулсе мефурӯшем,
Илоҷи ин ҷиноят кун, Худоё!

Чаро мо номусу виҷдон надорем?
Баҳо дар растаи имон надорем?
Равад, бешак, ҳар он чӣ дорем аз даст,
Агар аз домани Қуръон надорем.

Абдулло Субҳон


Мақолаи қаблӣНияти руза гирифтан ва нияти ифтор
Мақолаи баъдӣБузкашӣ (човандозӣ) – варзиши миллии тоҷикон