Шеър дар васфи Точик / Тоҷик / точикам

0

Якчанд шеърхо дар барои Точик, Точикам шеър, шеъри Точики, Шеъри Тоҷикӣ дар бораи Тоҷик, тоҷикам >>

Тоҷик, шеър

Давоми матнро баъди реклама хонед

Шеъри тоҷик ифтихори тоҷик аст.
Ҳам нишони нангу ори тоҷик аст.

Ҳам китоби бахти ӯ дар зиндагӣ,
Ҳам катиба дар мазори тоҷик аст.

Ҳар ки ӯ бишнид суруди аллае,
Тоҷикаст ё аз табори тоҷик аст.

Вазни дарди ӯ бувад дар шеъри ӯ,
Қиммати шеъраш иёри тоҷик аст.

Роҳи ӯ бошад сафеду шеъри ӯ,
Чун чароғи шоми тори тоҷик аст.

Ҳар қадар боло равад маъвои ӯ,
Обрӯву эътибори тоҷик аст.

То ба ҷое меравад овозааш,
Сарҳади марзи диёри тоҷик аст.

Ибодуллоҳи Солеҳ


Сӯз дар дил, шӯъла дар ҷон Тоҷикам,
Аз азал, эй аҳли имон Тоҷикам.

Аз замони Ибни Одам, то кунун,
Дар ҳама аҳдеву даврон Тоҷикам.

Аз чи мепурси куҷоиям ба танз,
Вориси Сосону Сомон, Тоҷикам.

Ҷадди ман бо фазл оламгир буд,
Саъдиям ё Саъди Салмон Тоҷикам.

Гар зи Хатлонам ва ё аз Рашту Ашт,
Аз Ҳисорам ё Бадахшон тоҷикам.

Дар билоди Ҳинду Мозанбику Чин,
Дар Парижам ё ба Юнон Тоҷикам.

Дар раги андеша хунам тоҷикист,
Мӯ ба мӯ то решаи ҷон Тоҷикам!

(?)


Мардуми тоҷик бо тоҷи Каёнаш зинда бод,
Бо чунин фарҳанги волову забонаш зинда бод!

Номи тоҷик ҷовидон бо шеърҳои Рӯдакӣ,
Бо ҳама соҳибдилони ҷовидонаш зинда бод!

Сарзамини Тоҷикистон гарчӣ бошад кӯҳсор,
Бо тамоми ганҷҳои Зарфишонаш зинда бод!

Вахшу Хатлону замини Суғд бодо бегазанд,
Ҳам Бадахшону Ҳисори Шодмонаш зинда бод!

Бо Самарқанду Бухоро реша андар бостон,
Беш аз ин, бо Душанбеи ҷавонаш зинда бод!

Чун ҷаҳон моро шиносад бо ҳамин шеъри баланд,
Ин Ватан бо мардуми сарводахонаш зинда бод!

Кӯҳзоди Фатҳулло


Мақолаи қаблӣДуо барои зеҳни заиф, кундзеҳн
Мақолаи баъдӣШеърхо дар бораи Падар

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед