Табрикнома барои туй

0

Дар инҷо якчанд табрикнома ва табрикот барои туй – шеър барои туй – туёна сухани табрикоти барои туй оварда мешаванд. Шеърхо ва табрикот барои туй аз сайти Дониш су >>

Тӯй аст бароятон салом овардем,
Сад меҳру муҳаббату паём овардем.
Домоду арус баҳри шумо мо имрӯз,
Иқбол ба бахти пурдавом овардем.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Эй дӯст биё, ки ошиқон шод шаванд,
Дар мактаби зиндагии худ устод шаванд.
Дар партаи панду ҳикмати шумо,
Домоду арус хонаобод шаванд.

Ба ишқу ошиқӣ афсона бошед,
Яке шамъу яке парвона бошед.
Худо хушбахт гардонад шуморо,
Ки умре ҳамдилу ҳамхона бошед.

Аз хандаи бахт ҳамеша хуррам бошед,
Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.
Мо дасти дуо баҳри шумо бардорем,
Эй дидаву дил, дурр зи ҳар ғам бошед.

Шаби тӯйи арусиро, муборакбод мегӯем,
Ки домоду арусро булбули хушхон мегӯем.
Зи нури базми ҷамшеди бигардад хонае обод,
Хушо модар ки фарзанди туро домод мегӯем.


Хуш омадед – шеър!

Хайрамақдам дӯстон, хуш омадед,
Дустони меҳрубон, хуш омадед.
То ки гардам шод аз дидоратон,
Ҳар дақиқа ҳар замон, хуш омадед.
Боз пур аз шодиҳои хона шуд,
Боз ҷуфти кафтаре ҳамлона шуд.
Боз Ширине ба Фарҳоде расид,
Боз Фарҳоде бари Ҷонона шуд.
Чун шамъ нур мепошад арус,
Гирди ӯ домод чун парвона шуд.
Қиссаи Лайлию Маҷнун шуд куҳан,
Ишқи ин ҳарду зи нав афсона шуд.
Дӯстон шодона кафкубӣ кунед,
Бахти нав меҳмони ин кошона шуд.


Сухани табрикоти барои туй

Салом аз номи дӯст бар хони дил,
Салом аз рӯҳи мо бар аҳли маҳфил.
Салом аз ҳафт ганҷи пурсаодат,
Салом аз номи мо бар нури ваҳдат.

Саломи саршор аз меҳру садоқат нисоратон бод падару модарон ва меҳмонони гиромиқадр. Иҷозат дихед аз ин фурсати хелоҳам бароям муносиб истифода бурда, ин ду навҷавони имшабаро ба муносибати гузоштани қадамҳои нахустинашон дар ҷодаи зиндагӣ муборакбод гуфта ба онхо тамоми хушихои зиндагиро таманно намоям. Бигузор чӣ орзуву умеде, ки дар қалби хеш мепарваранд ҷомаи амал пушанд.

Хоҳони он ҳастем, ки кабутари бахташон дар осмони баланди зиндагӣ доимо дар парвоз бошад, киштии умрашон доимо дар баҳри бекарони зиндагӣ ҳамеша дар шино бошад, дарахти орзуҳои ин ду навҷавон меваи шарин ба бор орад.

Аз Худои меҳрубон талаб мекунем ки саодати зиндаги насибашон гардад, ҳар куҷое бошанд ҳамеша гули сари сабади дӯстон бошанд ва хеҷ гоҳ сари хам, дили ғам ва чашми намро набинанд. Ҳамеша дар ҳалқаи меҳру муҳабати ҳамдигар хушиҳои зиндагӣ насибатон бод, домоду арус.

Дар охир аз забони шоир чунин гуфтаниям:

Гул бипошад доимо ишқ дар сари роҳи шумо,
Раҳ наёбад ҳеҷгоҳ ғам ба даргоҳи шумо.
Дар талоши гиру дори гарму сарди зиндагӣ,
Ханда бошад доимо дар рӯи чун моҳи шумо.


Шеър барои арус

Арус эй хоҳарам зинҳор, зинҳор,
Дили ёри азизатро майёзор.
Агар як зарра донӣ қадри шавҳар,
Бидон ту модарашро ҷои модар.
Ки ҳеҷ модар бадхоҳи писар нест
Зи модар ҳеҷ келинро зарар нест.
Ба вақти кори хона дасти ӯ гир
Машав ҳаргиз, машав ҳаргиз муғамбир,
Зи некуӣ дилашро ор бар даст
Зи некуӣ шавад олам забардаст.
Агар дилгир шудӣ бо кори носоз
Ба пеши ӯ қавоқатро маяндоз
Сухан гӯяд вале гардад пушаймон
Таҳаммул кун гапашро хоҳари ҷон
Агар ҳарфе ба рӯят сахт гӯяд
Ва ё ҳарфе чунин гӯуяд ба шӯят
Макун ҳаргиз ба ин ҳарфҳо дилат реш
Ки нози модари дорад, биандеш
Ту бо ақлу тамизу амри тақдир
Бикун хизмат, бикун хизмат, зи хушдоман дуо гир!

Суи домод эй аруси нозпарвар ханда кун,
Бо табассумҳои худ ӯро асиру банда кун,
Гиряву ғусса намезебад ба ҳусни рӯи ту,
Бо дили пур аз фараҳ як хандаи зебанда кун.
Рӯзи худ равшан бикун даар зиндагӣ чун офтоб,
Шомгоҳатро мунаввар чун маҳи тобанда кун.
Бин, туро фарзандвор инҷо қабул бинмудаанд,
Ҳамчу фарзанд бар эшон хизмати арзанда кун.

Эй аруси нозанин аз бахт бахтовар шавӣ
Ҳам барои ёри худ аз сидқи дил дилбар шавӣ
Хандаю завқу табассум аз лабонат кам мабод
Соҳиби арзандаи ин хонаву ин дар шавӣ.

Имруз арус ба ин макон омадааст,
Дар хилвати ёри меҳрубон омадааст.
Аз пойи қудуми ин аруси зебо
Бас файзу барор ба хонадон омадааст.

Олам зи ишқу ошиқӣ обод мешавад,
Бе ишқ ҳастии ҳама бар бод мешавад.
Ман ҳам умед дорам, аҳли нишаст ҳам,
Келин чароғи хонаи домод мешавад.

Шеър барои домод

Хушо бар ҳоли ту домоди хушҳол,
Ба паҳлуят арусат чун пару бол.
Аруси нозанин бо ашки шодӣ,
Ба ҳам бошед илоҳо сад сари сол.

Дoмоди азиз базм муборак бошад,
Дар тахт нишастанат муборак бошад.
Дар авҷи фалак фариштаҳо мегарданд,
Дар паҳлуи ту арус муборак бошад.

Бахти ту ай навҷавон акнун шукуфон мешавад,
Мушкилат дар зиндагӣ бо ёр осон мешавад,
Бо дили пур аз фараҳ биншастӣ паҳлӯи арус,
Ғусаву ранҷу алам акнун гурезон мешавад,
Зиндаги гар туро дарде расонад бок не,
Гуларуси нозанин баҳри ту дармон мешавад,
Шаҳд мехоҳӣ агар аз зиндагонӣ нарм бош,
Ҳосили хуби замин аз нармии он мешавад,
Рав ту бо маҳбуби худ оҳиста дар роҳи ҳаёт,
Ҳар касе дорад шитоб охир пушаймон мешавад,
То шавад кошонаат пурнур мон бо ёри худ,
Чунки аз ду сим чароғи хона фурузон мешавад,
Шод бош эй навҷавон аёми навҷавони гузашт,
Гуларуси нозанин акнун ба домон мешавад.


Шеър дар бораи туй табрикнома барои туй табрикот барои туй шеър барои туй туй муборак шеър Сухани табрикоти барои туй

Шеърҳои табрикотӣ барои туй (шеърхои туёна, ошикона) №1

Мақолаи қаблӣДуои зиёд кардани обру ва иззат
Мақолаи баъдӣДуо барои ёфтани фарзанди писар, бача