Табрикнома барои зодруз (Зодруз муборак!)

0

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»

Давоми матнро баъди реклама хонед


Муаллимаи азиз, «Ном?»! Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон парафишон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»


Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» — солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»


Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!

Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»


«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.


«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»


«Ном?»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.


Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Таваллудат муборак модар!
Муборак зодрузат модари ҷон
Набинад гам вуҷудат модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гуям дурудат модари ҷон.

Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоятон), «Ном ё якчанд номҳо?»


Имрӯз беҳтарин рӯз аст … чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид то модари ман боши ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре ки ҳарчи бихоҳам уро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!

Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.

Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»


Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат,ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар душ кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят муҳри сукут хурдааст. Дастонатро бар руям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд у бигуяд ки чиқадар бароям заҳмат кашидаи. Падар то ҳол ҳар чи доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирузу имруз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рузат ииромӣ бод падарҷон.

Бо эҳтироми самимӣ фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»


Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо
Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон.
Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо.
Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по…
Падар таваллудат муборак!


Ёди аёми зебое ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯхат шодоб, ончи шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рузгорат хуш бод. Тавллудат эй «Ном?», хоҳар (апа)-и меҳрубонам муборак!

Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.

Бо самимият ва эҳтироми беандоза хоҳар (апа)-ат «Ном?»


Азизтар аз ҷонам «Ном?», зебоигии ишқ, покии садоқат, авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш… ин ҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст. Ту қалбе ба бузургии дарёву рӯҳе ба вусъати осмонҳо дори. Умедворам ҳамеша шодоб, хандону солим бошӣ. Зодр ӯзат муборак ай ишқам!

Ҳар субҳ туро сафо расонад,
Ҳам давлати бебаҳ о расонад.
Бар рузи таваллудат азизам,
Сад бори дигар Худо расонад.

Бо эҳтироми беҳудуд ошиқи шайдоят «Ном?»


Салому дуруди бепоён дӯстам «Ном?». Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷ онатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед. Аз даргоҳи Худованд ба Шумо: тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам. Мавлудат муборак бошад дӯстам !!!

Бо эҳтироми беҳудуд дустат «Ном?»


Эй дусти азиз ҷашни зодруз муборак,
Ин рузи хучаставу дилафруз муборак.
Муборак зодрузат бошад эй дуст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дуст.

Бо эҳтироми камол дустат «Ном?»


Калидвожаҳо (Keywords): табрикнома, табрикнома зодруз, табрикнома барои зодруз, зодруз муборак табрикнома, табрикнома зодрузи, зодруз муборак табрикнома барои, табрикнома барои зодрузи, табрикнома ба, табрикнома модар, табрикнома барои бародар, табрикнома рузи, табрикнома зодруз бародарам, табрикнома 2020, табрикнома барои модар, скачать табрикнома, табрикнома хохар, табрикнома барои зодруз бародарам, картинка табрикнома, табрикот, табрикот зодруз, зодрузи табрикот, табрикот барой зодруз, табрикот барои зодруз, табрикот барои зодрузи, зодруз муборак табрикот, модар табрикот, табрикот барои модар, падар табрикот, табрикот дуст, табрикот барои зодрузи модар.

Мақолаи қаблӣКалимаи Радди куфр (арабӣ ва тоҷикӣ)
Мақолаи баъдӣШаш калимаи динӣ (арабӣ ва тоҷикӣ)