Табрикот барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон

0

Табрикнома ва табрикот дар васфи рузи контитусия, Конститутсияи Чумхурии Точикистон. 6 ноябр рузи Сарконун, конституция.

конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Дар ин рӯзи муҳимму идона Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми хонаводаатон саломати, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободиро таманно дорем!


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Зикран ба маврид аст, ки Конститутсия инсон, ҳуқуқ, озодиҳои ӯ, ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро арзиши олӣ ва дахлнопазир эълон намудааст. Бахусус дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсияи худ ин як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге маҳсуб меёбад. Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!


Имсол қабули Конститутсияро 28 сол мешавад. Воқеан 28 соли эҳё ва рушди Конститутсия аз рӯйдодҳои бузурги созандагӣ ва дастовардҳои беназир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад. Дар ин солҳо дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯй кор омаданд.

Бисту ҳашт соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

6 ноябр рузи конститутсияи Чумхурии Точикистон


“Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.” – Эмомалӣ Раҳмон

28-умин солгарди қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод!


Ҳамватанони азиз!

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа мебошад. Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин рӯзи муҳиму идона ба Шумо саломатии қавӣ, бахту саодат, зиндагии осудаю сарсабз ва ба Тоҷикистони азизамон оромиву осудагиро орзу дорем.

ҶАШНИ САРҚОНУН МУБОРАК!

Конститутсияи Чумхурии Точикистон


«Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ».

Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


Шуморо бо ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон табрик мекунем!

Ба шумо саломатӣ, комёбӣ, амалишавии ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо, оромиии қалбу руҳро таманно дорем. Бигзор осмони мо ҳамеша соф ва Ватани маҳбубамон гул гул шукуфон бошад!

Ид муборак! Рӯзи конститутсия муборак!


Конститутсия чист?

Конститутсия – гуфтаниҳои ногуфта (далелҳои ҷолиб)


Конститутсияи Чумхурии Точикистон 6 нояб рузи конституция.

Мақолаи қаблӣКонститутсия – бахтномаи миллат (иншо, эссе)
Мақолаи баъдӣ4 соҳили зеботарини сайёра