Талоқ – Розҳои оиладорӣ (ҳатман бихонед)

0

Издивоҷ куртаву ҷуробхарӣ нест, ки агар маъқулат нашуд, дур партоӣ ва дигарашро бихарӣ. Заношӯӣ як паймони муқаддаси инсонӣ ва пайванди маънавӣ аст. Ду инсон бо ҳам аҳду паймон мебанданд, ки то охири умр ёру ғамхор ва муниси ҳам бошанд. Ба эътимоди ҳамин паймони муқаддас аст, ки духтар домони падару модар ва хешонашро раҳо карда, бо садҳо умеду орзу ба хонаи шавҳар қадам мегузорад ва сармояи иффати худашро дар ихтиёри ӯ қарор медиҳад, то аз зиндагии ширину афсонавӣ лаззат бибарад. Мардон вазифадоранд, ки дар ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои неки завҷаашон талош намоянд.

Дар баробари ин, бо боварӣ ба ҳамин паймони малакутӣ аст, ки мард низ маблағи ҳангуфте харҷ карда, тӯю сур дода, асбобу анҷоми рӯзгорро омодаву таҳия мекунад. Шабонарӯз барои осоиши хонавода заҳмат мекашад

Давоми матнро баъди реклама хонед

Издивоҷ ҳавасбозӣ нест, то зану шавҳар бо андак баҳонае онро барҳам бизананд.  

Аксар талоқҳое, ки воқеъ мешаванд, маншаи дурусту қобили таваҷҷуҳе надоранд, балки бо баҳонаҳои кӯдакона ва дар асари кори хурду беаҳамияти зан ё шавҳар анҷом мегирад, ки арзиши онро надоранд, то ба хотири онҳо муҳити муқаддаси заношӯиро аз байн бибарем. Лекин нодониву худхоҳии зан ё шавҳар кори кӯчаку ҷузъиро чунон муҳиму калон ҷилва медиҳад, ки сулҳу созишро ғайриимкон мегардонад.

Зану марде, ки қасди ҷудоӣ доранд, набояд саросема шаванд. Беҳтар аст, пеш аз ҳама ҷиҳатҳои кор ва ояндаи хешро ба хубӣ бисанҷанд, сипас тасмим бигиранд. Махсусан, дар ду ҷиҳати кор бояд комилан бияндешанд.

Аввал, зану марде, ки ҷудо мешаванд, шояд фикр доранд, баъдан бо дигаре издивоҷ мекунанд. Мард ба худ меандешад: Занамро талоқ медиҳам ва бо зани дигаре, ки мувофиқи майлам бошад, издивоҷ мекунам. Зан низ ба худ фикр мекунад: Аз шавҳарам талоқ мегирам ва бо як марди хубу идеалӣ оила барпо мекунам. Лекин зану мард бояд бидонанд, ки дар сурати ҷудоӣ, дар ҳар вазъият номашон бад мешавад, ҳавасбозу худхоҳ, бемулоҳизаву бевафо муаррифӣ мешаванд. Дувум, зану шавҳаре, ки дар андешаи ҷудоиянд, агар дорои фарзанд ҳастанд, бояд ба фикри онҳо низ бошанд. Чунки дар натиҷаи ҷудоии волидайн беш аз ҳама фарзандон дучори зарбаи сахти моддиву маънавӣ мешаванд.

Ояндаи дурахшони онҳо зери суол монда, дар нимароҳи тақдир сарсону саргардон хоҳанд буд. Осоишу оромиш ва хушии бача дар ин аст, ки падару модараш бо ҳам бошанд, то ӯ дар сояи давлати падару модар парвариш биёбад. Аз меҳру муҳаббатҳои ҳардуи онҳо баҳра бурда, даврони тифлиашро бе садамаи рӯҳию беғамона паси сар намояд. Аз ин айёми тилоии ҳаёт хотироту саргузаштҳои неку фаромӯшношудание дар зеҳнаш ба ёдгор бимонад. Агар ин зиндагии муштарак аз ҳам бипошад, хонаи умеду орзуҳои фарзанд вожгун гашта, даврони хушии ӯ хотима меёбад.

Агар падараш ӯро нигаҳбонӣ кунад, аз меҳру муҳаббатҳои поку беолоиши модар маҳрум мегардад ва агар модар сарпарастии фарзандонашро ба уҳда бигирад, он тифли маъсум аз парасторию меҳри падарӣ маҳрум хоҳад гашт. Ба ғайр аз маҳрумияти меҳри падарӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ низ бар фарзандон сахт мегузарад, чунки мутаасифона, мо, тоҷикон, расму қонуни нонавиштае дорем, ки маъмулан баъд аз талоқ падар аз фарзандонаш тамоман даст кашида, аз пайи ташкили оилаи нав мешавад. Тарбияи фарзандон ба дӯши модар вогузор мешаванд, модаре, ки аз ҷинси латиф буда, худ ба нигоҳубину таъминоти моддӣ ниёзи бештар дорад. Ҳатто, ҳолатҳоеро вомехӯрем, ки мард занро бо фарзандонаш аз хонаи ҳаққи ҳалолаш пеш мекунад, ки хеле рафтори зишту ғайриқобили таҳаммул аст.

Бар ҳама рӯшан аст, ки ба модари танҳо таъминоти 2-3 ва зиёда аз ин фарзандон бо ҷои зисту зиндагӣ, сару либос, хӯрду хӯрок ва дигар ниёзҳои аввалия хеле мушкилу тоқатфарсо мебошад. Модар маҷбур аст, дар пайи дарёфти ризқу рӯзӣ аз субҳ то шом кор кунад, чунки падари фарзандон аз зиндагияш онҳоро ба тамом хат зада берун кардааст ва дунболи зиндагии ҷадиду орзуву ҳавасҳои худаш асту вақте барои дидорбинии фарзандон ва пуле барои харҷи зиндагии онҳо «надорад». Модар машғули гирудори сахти зиндагӣ фурсати ба бачаҳо расидан намеёбад. Дуруст аст, ки бачаҳо аз гушнагӣ намемиранд, вале аз бисёр хушиҳову лаззатҳои ҳаёти ширини кудакӣ баҳрабардорӣ карда наметавонанд. Аз сабабе, ки касе ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхорӣ намекунад, беназорат монда, мисли гиёҳҳои худрӯю саҳроӣ рушд менамоянд. Аз таълиму тарбияи дуруст дур мемонанд, аксарашон ба роҳҳои бад мераванд, ки оқибатҳои фоҷиабореро дар пай доранд.

 Фарзанд мисли навниҳолесту волидайн вазифадоранд, ба монанди боғбонони пуртаҷрибаву моҳир онҳоро бо ҳам тарбия карда, ба камол бирасонанд.

Бо воқеъ гаштани талоқ муҳити гарми хонавода аз байн меравад ва фарзандони он хонавода бесарпарасту бепаноҳ мегарданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳангоми ба забон рондани калимаи «Талоқ» аршу курсии Худованд ба ларза медарояд.»

Бародари азиз ва хоҳари гиромӣ, барои ризои Худо ва ба хотири фарзандони бегуноҳатон фидокорӣ кунед, бар якдигар гузашт кунед, аз ҳавасбозӣ даст бикашед, айбҳои кӯчакро нодида бигиред, беҳудагирию ситезаҷӯӣ накунед. Бидонед, ки дар дунё одами беайбу нуқсон вуҷуд надорад. Бар оқибати кори худатону фарзандонатон хуб бияндешед, онҳо гунаҳгор нестанд. Ин тифлони муштипар аз шумо интизор доранд, ошиёнаи гарми онҳо, яъне, муҳити гарми оилавиро аз байн набаред ва он чуҷаҳои бепару болро дар чорроҳаи тақдир ҳайрону саргардон насозед. Чунки фарзандон метавонанд, танҳо дар оғӯши гарми волидайн хушбахтона ба камол расанд. Ширинии зиндагиро эҳсос кунад ва аз ҳаёт лаззат бибаранд.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣФарзанддорӣ (тарбияи фарзанд) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣДилафруз Қурбонӣ (маълумот, зиндагинома) – Розҳои оиладорӣ