Тарзи хондани Намози АСР

0

Дар ин мақола Тарзи хондани намози АСР қадам ба қадам бо расмҳо нишон дода шудааст.

зан ислом намоз

Намози аср дорои 4 ракаъат фарз мебошад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Вақти намози аср баъд аз баромадани пешин то фурӯ рафтани офтоб аст.

Мардҳо бояд пеш аз намоз таҳорат карда азон гӯянд, аммо занҳо ният карда намозро оғоз мекунанд, инҷо калимаҳои азон ҳастанд: Азон, дуои баъди азон ва иқомат

Баъдан:


1.Такбири таҳрима

Намозгузор ҳар вақт хост, ки намози асрро бихонад, бо либоси пок, бо таҳорати комил, дар ҷои пок рӯ ба қибла истода мехондагӣ намозро ният карда,

Нияти 4 ракаъат фарзи намози аср

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози аср. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло

гуфта, (мардҳо) кафҳои дастонашро ба сӯи қибла намуда, ангуштони бузурги худро ба нармии гӯшҳояш расонида, такбири “Аллоҳу Акбар” мегӯяд, (инро “Такбири таҳрима” ё “Такбири уло” мегӯянд.)

Ният кардан (Такбири таҳрима) ва Қиём

Аммо занҳо дар “Такбири таҳрима” кафҳои дастонашонро ба сӯи қибла намуда, дастонашонро баробари китфашон мебардоранд.

“Аллоҳу Акбар”-гӯён ҳар ду дасти худро дар ҳолате, қи кафҳои даст ба сӯи қибла мебошад, баробари ҳар ду китфи худ мебардорад. (Расми 2)


2.Қиём

Баъд аз он, мардҳо дасти ростро бар болои дасти чап дар зери ноф гузошта, сано мехонанд.

Аммо занҳо дасти ростро бар болои дасти чап бар болои синаи худ ниҳода, бе гуфтани “Бисмиллоҳ” сано мехонад.

Қиём

Сано

“Субконакал – лоҳумма ва би ҳамдика ва табора-касмука ва таъоло Ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук”.

(Тарҷума: Ё Аллоҳ туро ба покӣ ёд мекунам ва ба ҳамди Ту машғул ҳастам ва номи Ту муборак аст, азамат ва бузургии Ту аз фаҳми мо баландтар аст ва ғайри Ту маъбуди барҳақ нест.)

Баъд «Аъузу биллоҳи минашшайтонир раҷим» «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» гуфта, сураи «Фотиҳа»-ро қироъат мекунад.

Сураи Фотиҳа

«Алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин. Арраҳмонирраҳим. Молики явмиддин. Ийёка наъбуду ва ийёка насстаъин. Иҳдинас сиротал мустақима, сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валаззолин. Омин»

Баъд аз он яке аз сураҳо аз Қуръони карим мехонад. Масалан

Сураи Аср

«Вал ъасри иннал инсона лафи хуср. Иллаллазина оману ва ъамилуссолиҳоти ватаво савбилҳаққи ватаво савбиссабр.»


3.Рукӯъ

«Аллоҳу Акбар» гуфта ба рукӯъ меравад, дар ҳолати рукӯъ панҷаҳои дастонашро болои зонуҳояш дошта, каме қомати худро хам мекунад ва се бор:

Субҳона Раббиял ъазим

Субҳона Раббиял ъазим

Субҳона Раббиял ъазим мегӯяд.

(Ба поки ёд мекунам Парвардигорамро ки бузург аст).

Рукӯъ ва Қавма

Баъд аз он «Самиъаллоҳу ли ман ҳамида» (Аллоҳ Таъоло суханони ҳамдгӯяндаи худро шунаванда аст) гуфта, рост мешавад ва баъди рост шудан «Раббано лакал ҳамд» (эй Парвардигори мо барои Ту ҳар ҳамд ва ситоиш хос аст) гуфта, миқдори як тасбеҳ меистад, то ҳама аъзоҳо ором гирифтаи (ки инро «қавма» мегӯянд).


4.Саҷда (Суҷуд)

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» – гӯён ба саҷда меравад, дар ҳолати саҷда аввал ду зону баъд, ду даст, баъд бинӣ баъд пешониро ба саҷда мерасонад.

Мард шикамашро аз ронаш (болои пойҳо) дур ва ковок гирад, аммо занон шикамро ба рон бичаспонанд.

Саҷда, Ҷалса ва Қаъда

Дар ҳолати саҷда тамоми вуҷуди инсон хос барои Аллоҳи ягона саҷда мекунад ва эҳтиёт кунад, ки дар ҳолати саҷда панҷаҳои по аз замин канда нашавад ва дар ҳолати сар дар саҷда будан, на камтар аз се маротиба, тасбеҳ мегӯяд: Субҳона Раббиял аъло, Субҳона Раббиял аъло, Субҳона Раббиял аъло (Бо покӣ ёд мекунам Парвардигорамро ки бартар аст). Агар дар ҳолати рукӯъ ва суҷуд тасбеҳои рукӯъ ва суҷудро 5-7 маротиба гӯяд ҳам мумкин аст.

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» гуфта ба қадри ором гирифтани аъзоҳо менишинад (ин ҳолатро ҷалса меноманд) дар ҳолати ҷалса ангуштони дастҳо кушода болои ронҳо ва сарангуштон баробари зонуҳо гузошта мешавад. (Расми 5)

Баъд аз он боз «Аллоҳу Акбар» гуфта ба саҷда рафта, мисли аввал як саҷда намуда, на камтар аз се маротиба тасбеҳ «Субҳона Раббиял аъло» мегӯяд. Баъд аз он аз саҷда «Аллоҳу Акбар» гӯён барои ракаъати дуюм бармехезад.

Саҷда ва қиём

5.Қиёми ракаъати 2

Дар вақти аз саҷда берхестан бе узр бо даст такя бар замин намекунад ва наменишинад, аз замин аввал пешонӣ, пас аз он бинӣ пас аз он дастҳо, пас аз он зонуҳоро мебардорад ва дар ҳолати қиём (занҳо) дасти ростро болои дасти чап дар болои сина дошта ба ракаъати дуюм шурӯъ мекунад.

Қиём

Дар ракаъати дуюм «Сано» (субҳона каллоҳумма…) ва Аъзубиллоҳ…) хонда намешавад балки Бисмиллоҳ… гуфта, сураи Фотиҳа «Алҳамду»-хонда, баъд бисмиллоҳ… ногуфта замми сура мекунад. Масалан

Сураи «Ихлос»

«Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус самад, Лам ялид ва лам юлад. Ва лам якуллаҳу куфуван аҳад»-ро хонда, баъд аз он «Аллоҳу Акбар» – гуфта, ба рукӯъ меравад.


6.Рукӯи ракаъати 2

Дар рукӯъ на камтар аз се маротиба «Субҳона раббиял ъазим» мегӯяд.

Рукӯъ ва Қавма

7.Саҷдаи ракаъати 2

Баъд боз «Аллоҳу Акбар» гӯён ба саҷда меравад ва мисли ракаъати аввал на камтар аз 3 бор «Субҳона раббиял аъло» мегӯяд.

Саҷда, Ҷалса ва Қаъда

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» гуфта ба қадри ором гирифтани аъзоҳо менишинад. Боз «Аллоҳу Акбар» – гуфта ҷалса менамояд ва миқдори як тасбеҳ то ором гирифтани аъзоҳо меистад ва боз «Аллоҳу Акбар» – гуфта саҷдаи дуюм мекунад ва низ на камтар аз 3 бор «Субҳона раббиял аъло» – гуфта боз «Аллоҳу Акбар» гуфта менишинад, инро «Қаъда» меноманд.


8.Қаъда

Одоби қаъда (нишастан) барои мардҳо ин аст: Пои чапро паҳн карда, ба болои ӯ бинишинад ва пои росташро бимонад ба ин тариқ, ки сари ангуштонаш бар замин бошаду суми пой ба боло. Ду дасташро ба болои рон бимонад, дастҳо бояд баробари зону бошанд (Расми 5).

Занҳо дар қаъда болои думбаи чапи худ нишаста пойҳояшонро аз ҷониби рост берун кашида, дастонашонро дар ҳолате, ки ашуштонашон каме кушода бо сӯи қибла мабошанд, сари панҷаҳояшонро баробари ронҳояшои гузошта менишинанд (Расми 5). Баъд Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт) мехонанд.

Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт)

Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.

Азбаски намоз чорракаъата мебошад боз «Аллоҳу акбар» гуфта, дар қиёми ракаъати 3-юм рост меистад. Ислоҳшуда


9.Ракаъатҳои сеюм ва чорум

Ракаъатҳои сеюм ва чорумро низ мисли ду ракаъати аввала мехонад, танҳо бе хондани Сано “Субҳонакаллоҳума” ва сураҳои баъди сураи Фотиҳа. Яъне бархеста Сурати Фотиҳаро хонда, рукӯъ мекунад. Ракаъти чорумро низ ҳамин гуна мехонад.

Баъди он ки дар ракаъати чорум саҷда кард, дар Қаъда менишинад ва Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт)-ро мехонад (Дар боло оварда шудааст).

Баъд аз ташаҳҳуд салавот (дуруд) бар расули Худо мефиристанд.

Салавотҳо ба тарҷумааш ин аст.

Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин, камо саллайта ъало Ибооҳима ва ъало оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид.

Аллоҳумма борик ъало “Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима иннака ҳамидун маҷид.

Тарҷума: «Ё Аллоҳ, раҳмат фирист бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад ҳамчуноне, ки раҳмат фиристодӣ бар Иброҳим ъалайҳиссалом ва бар оли Иброҳим, ба дурустӣ, ки Ту лоиқи ситоиш ва соҳиби бузургӣ ҳастӣ.

Ё Аллоҳ, баракат фирист бар Муҳаммад ъалайҳиссалом ва бар оли Муҳаммад ъалайҳиссалом, ҳамчуноне ки баракат фиристодӣ бар Иброҳим ъалайҳиссалом ва бар оли Иброҳим ъалайҳиссалом, ба дурустӣ, ки Ту ҳамид ва маҷид ҳастӣ.»

Баъди салавотҳо ин дуъоро мехонанд:

Аллоҳуммағфирлӣ вали волидаййа вали ҷамиъил муъминина вал муъминот вал муслимина вал муслимот. Ал аҳёи минҳум вал амвот

Тарҷума: «Ё Аллоҳ, маро ва падару модари маро ва ҷамиъи мардон ва занони мӯъминаро ва ҷамиъи мардон ва занони мусулмонро, зиндагони эшонро ва мурдагони эшонро биёмурз.

Баъд аз он рӯяшро аввал ба тарафи рост гардонида, нигоҳи чашмонашро бар китфи росташ дӯхта “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” мегуяд. Баъд аз он рӯяшро ба тарафи чап гардонида, нигоҳи чашмонаашро ба китфи чапаш духта “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” гуфта, аз намоз хориҷ мешавад.

Бо ҳамин чор ракаъат намоз бо додани салом бо ҳар ду тараф тамом мешавад.


10.Дуо ва тасбеҳоти намоз

Баъд аз намоз ин дуоро мехонад:

“Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ. Аллоҳумма антассаллом ва минкас-салом ва илайка ярҷиуссалом ҳаййино раббано бисслом вадҳилно дорас салом таборакта Раббано ва таъолайта ё зал ҷалоли вал икром.”

Ҳар як намозхон баъд аз намоз одатан се маротиба дуо мекунад, ки дар инҷо муфассал оварда шудаанд:

Дуо ва тасбеҳоти НАМОЗ

Ба ҳамин Шумо бо изни Аллоҳ намози асрро бо фарзу воҷибу суннату мустаҳаботаш адо гардонидед.

Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст. Агар ягон кӯтоҳие дар мо дидед, пас дар шарҳ нависед то ислоҳ кунем. Инчунин суоле дошта бошед вобаста ба намоз нависед ба қадри имкон ҷавоб медиҳем. Ташаккур дӯстон.

Шояд ин маводҳо ҳам бароятон лозим бошанд:


Тарзи хондани намоз, намози бомдод бо тасбихот ва дуохояш, Такбири тахрима, Киём, Сураи Фотиха, Рукуъ, Сачда (Сучуд), Киёми ракаъати 2, Каъда, Ташаххуд (Аттахиёт), Аллохуммагфирли, Дуо ва тасбихоти намоз, Дуои баъди кироат, тарзи намоз, тарзи хондани намоз, тарзи намоз хондан, тарзи намоз хондан барои, тарзи дуруст хондани намоз, тарзи намоз барои занхо, тарзи хондани намоз барои мардхо, тарзи намоз хондан барои мардхо, тарзи намоз точики, тарзи хондани намоз 5 вакт, тарзи хондани намоз занхо, тарзи хондани намоз барои занхо, намози аср, ъаср, вакти намози аср, вақти намози аср, тарзи хондани намози аср, намози аср/ъаср чанд ракат аст.

Мақолаи қаблӣНишонаҳо ва пешгирии Коронавирус
Мақолаи баъдӣТарзи хондани намози ШОМ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед