Тарзи хондани Намози ПЕШИН

6

Дар ин мақола Тарзи хондани намози Пешин қадам ба қадам нишон дода шудааст.

Намози пешин дорои 10 ракаъат намоз мебошад, ки аз ин 4 ракаъат суннат, 4 ракаъат фарз ва боз 2 ракаъат суннат мебошанд.

Вақти намози пешин баргаштани офтоб аз нуқтаи қиём, аз гаштани соя то расидани сояи ҳар чиз дучанди ҳамон чиз ва то даромадани намози аср мебошад.

Давоми матнро баъди реклама хонед


I.ЧАҲОР РАКАЪАТ СУННАТИ НАМОЗИ ПЕШИН

Мардҳо бояд пеш аз намоз таҳорат карда азон гӯянд, аммо занҳо ният карда намозро оғоз мекунанд, инҷо калимаҳои азон ҳастанд: Азон, дуои баъди азон ва иқомат

Баъдан:

1.Такбири таҳрима

Намозгузор ҳар вақт хост, ки намози пешинро бихонад, бо либоси пок, бо таҳорати комил, дар ҷои пок рӯ ба қибла истода мехондагӣ намозро ният карда,

Нияти 4 ракаъат суннати намози пешин

Ният кардам бигзорам чор ракаъат суннати намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло

гуфта, (мардҳо) кафҳои дастонашро ба сӯи қибла намуда, ангуштони бузурги худро ба нармии гӯшҳояш расонида, такбири “Аллоҳу Акбар” мегӯяд, (инро “Такбири таҳрима” ё “Такбири уло” мегӯянд.)

 

Ният кардан (Такбири таҳрима) ва Қиём

Аммо занҳо дар “Такбири таҳрима” кафҳои дастонашонро ба сӯи қибла намуда, дастонашонро баробари китфашон мебардоранд. (Расми 2)


2.Қиём

Баъд аз он, мардҳо дасти ростро бар болои дасти чап дар зери ноф гузошта, сано мехонанд.

Аммо занҳо дасти ростро бар болои дасти чап бар болои синаи худ ниҳода, бе гуфтани “Бисмиллоҳ” сано мехонад.

Қиём

Сано

“Субконакал – лоҳумма ва би ҳамдика ва табора-касмука ва таъоло Ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук”.

(Тарҷума: Ё Аллоҳ туро ба покӣ ёд мекунам ва ба ҳамди Ту машғул ҳастам ва номи Ту муборак аст, азамат ва бузургии Ту аз фаҳми мо баландтар аст ва ғайри Ту маъбуди барҳақ нест.)

Баъд «Аъузу биллоҳи минашшайтонир раҷим» «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» гуфта, сураи «Фотиҳа»-ро қироъат мекунад.

Сураи Фотиҳа

«Алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин. Арраҳмонирраҳим. Молики явмиддин. Ийёка наъбуду ва ийёка насстаъин. Иҳдинас сиротал мустақима, сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валаззолин. Омин»

Баъд аз он яке аз сураҳо аз Қуръони карим мехонад. Масалан

Сураи Аср

«Вал ъасри иннал инсона лафи хуср. Иллаллазина оману ва ъамилуссолиҳоти ватаво савбилҳаққи ватаво савбиссабр.»


3.Рукӯъ

«Аллоҳу Акбар» гуфта ба рукӯъ меравад, дар ҳолати рукӯъ панҷаҳои дастонашро болои зонуҳояш дошта, каме қомати худро хам мекунад (Расми 4) ва се бор:

Субҳона Раббиял ъазим

Субҳона Раббиял ъазим

Субҳона Раббиял ъазим мегӯяд.

(Ба поки ёд мекунам Парвардигорамро ки бузург аст).

Рукӯъ ва Қавма

Баъд аз он «Самиъаллоҳу ли ман ҳамида» (Аллоҳ Таъоло суханони ҳамдгӯяндаи худро шунаванда аст) гуфта, рост мешавад ва баъди рост шудан «Раббано лакал ҳамд» (эй Парвардигори мо барои Ту ҳар ҳамд ва ситоиш хос аст) гуфта, миқдори як тасбеҳ меистад, то ҳама аъзоҳо ором гирифтаи (ки инро «қавма» мегӯянд).


4.Саҷда (Суҷуд)

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» – гӯён ба саҷда меравад, дар ҳолати саҷда аввал ду зону баъд, ду даст, баъд бинӣ баъд пешониро ба саҷда мерасонад.

Мард шикамашро аз ронаш (болои пойҳо) дур ва ковок гирад, аммо занон шикамро ба рон бичаспонанд.

Саҷда ва Ҷалса

Дар ҳолати саҷда тамоми вуҷуди инсон хос барои Аллоҳи ягона саҷда мекунад ва эҳтиёт кунад, ки дар ҳолати саҷда панҷаҳои по аз замин канда нашавад ва дар ҳолати сар дар саҷда будан, на камтар аз се маротиба, тасбеҳ мегӯяд: Субҳона Раббиял аъло, Субҳона Раббиял аъло, Субҳона Раббиял аъло (Бо покӣ ёд мекунам Парвардигорамро ки бартар аст). Агар дар ҳолати рукӯъ ва суҷуд тасбеҳои рукӯъ ва суҷудро 5-7 маротиба гӯяд ҳам мумкин аст.

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» гуфта ба қадри ором гирифтани аъзоҳо менишинад (ин ҳолатро ҷалса меноманд) дар ҳолати ҷалса ангуштони дастҳо кушода болои ронҳо ва сарангуштон баробари зонуҳо гузошта мешавад. (Расми 5)

Баъд аз он боз «Аллоҳу Акбар» гуфта ба саҷда рафта, мисли аввал як саҷда намуда, на камтар аз се маротиба тасбеҳ «Субҳона Раббиял аъло» мегӯяд. Баъд аз он аз саҷда «Аллоҳу Акбар» гӯён барои ракаъати дуюм бармехезад.

Саҷда ва қиём

5.Қиёми ракаъати 2

Дар вақти аз саҷда берхестан бе узр бо даст такя бар замин намекунад ва наменишинад, аз замин аввал пешонӣ, пас аз он бинӣ пас аз он дастҳо, пас аз он зонуҳоро мебардорад ва дар ҳолати қиём дасти ростро болои дасти чап дар болои сина дошта ба ракаъати дуюм шурӯъ мекунад.

Қиём

Дар ракаъати дуюм «Санно» (субҳона каллоҳумма…) ва Аъзубиллоҳ…) хонда намешавад балки Бисмиллоҳ… гуфта, сураи Фотиҳа «Алҳамду»-хонда, баъд бисмиллоҳ… ногуфта замми сура мекунад. Масалан

Сураи «Ихлос»

«Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус самад, Лам ялид ва лам юлад. Ва лам якуллаҳу куфуван аҳад»-ро хонда, баъд аз он «Аллоҳу Акбар» – гуфта, ба рукӯъ меравад.


6.Рукӯи ракаъати 2

Дар рукӯъ на камтар аз се маротиба «Субҳона раббиял ъазим» мегӯяд.

Рукӯъ ва Қавма

7.Саҷдаи ракаъати 2

Баъд боз «Аллоҳу Акбар» гӯён ба саҷда меравад ва мисли ракаъати аввал на камтар аз 3 бор «Субҳона раббиял аъло» мегӯяд.

Саҷда, Ҷалса ва Қаъда

Баъд аз он «Аллоҳу Акбар» гуфта ба қадри ором гирифтани аъзоҳо менишинад. (Расми 5) Боз «Аллоҳу Акбар» – гуфта ҷалса менамояд ва миқдори як тасбеҳ то ором гирифтани аъзоҳо меистад ва боз «Аллоҳу Акбар» – гуфта саҷдаи дуюм мекунад ва низ на камтар аз 3 бор «Субҳона раббиял аъло» – гуфта боз «Аллоҳу Акбар» гуфта менишинад, инро «Қаъда» меноманд.


8.Қаъда

Одоби қаъда (нишастан) барои мардҳо ин аст: Пои чапро паҳн карда, ба болои ӯ бинишинад ва пои росташро бимонад ба ин тариқ, ки сари ангуштонаш бар замин бошаду суми пой ба боло. Ду дасташро ба болои рон бимонад, дастҳо бояд баробари зону бошанд (Расми 5).

Занҳо дар қаъда болои думбаи чапи худ нишаста пойҳояшонро аз ҷониби рост берун кашида, дастонашонро дар ҳолате, ки ашуштонашон каме кушода бо сӯи қибла мабошанд, сари панҷаҳояшонро баробари ронҳояшои гуаошта менишинанд. (Расми 5) Баъд Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт) мехонанд.

Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт)

Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.

Азбаски намоз чорракаъата мебошад бо «Аллоҳу акбар» гуфта,дар қиёми ракаъати 3-юм рост меистад.


Ракаати 3-юм ва 4-ум

Ракаъатҳои сеюм ва чорумро низ мисли ду ракаъати аввала мехонад, танҳо бе хондани Сано “Субҳонакаллоҳума”.

Баъди он ки дар ракаъати чорум дар Қаъда менишинад.

Баъд аз ташаҳҳуд салавот (дуруд) бар расули Худо мефиристанд.

Салавотҳо ба тарҷумааш ин аст.

Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин, камо саллайта ъало Ибооҳима ва ъало оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид.

Аллоҳумма борик ъало “Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима иннака ҳамидун маҷид.

Тарҷума: «Ё Аллоҳ, раҳмат фирист бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад ҳамчуноне, ки раҳмат фиристодӣ бар Иброҳим ъалайҳиссалом ва бар оли Иброҳим, ба дурустӣ, ки Ту лоиқи ситоиш ва соҳиби бузургӣ ҳастӣ.

Ё Аллоҳ, баракат фирист бар Муҳаммад ъалайҳиссалом ва бар оли Муҳаммад ъалайҳиссалом, ҳамчуноне ки баракат фиристодӣ бар Иброҳим ъалайҳиссалом ва бар оли Иброҳим ъалайҳиссалом, ба дурустӣ, ки Ту ҳамид ва маҷид ҳастӣ.»

Баъди салавотҳо ин дуъоро мехонанд:

Аллоҳуммағфирлӣ вали волидаййа вали ҷамиъил муъминина вал муъминот вал муслимина вал муслимот. Ал аҳёи минҳум вал амвот

Тарҷума: «Ё Аллоҳ, маро ва падару модари маро ва ҷамиъи мардон ва занони мӯъминаро ва ҷамиъи мардон ва занони мусулмонро, зиндагони эшонро ва мурдагони эшонро биёмурз.

Баъд аз он рӯяшро аввал ба тарафи рост гардонида, нигоҳи чашмонашро бар китфи росташ дӯхта “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” мегуяд. Баъд аз он рӯяшро ба тарафи чап гардонида, нигоҳи чашмонаашро ба китфи чапаш духта “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” гуфта, аз намоз хориҷ мешавад.

Бо ҳамин чор ракаъат намоз бо додани салом бо ҳар ду тараф тамом мешавад.


II.ЧАҲОР РАКАЪАТ ФАРЗИ НАМОЗИ ПЕШИН

Баъд аз он бархеста мардҳо иқомат гуфта, занҳо бе гуфтани иқомат ба хондани чаҳор ракаъат фарзи намози пешин шурӯъ мекунад.

Чаҳор ракаъат фарзи намози пешин низ мисли чор ракаъат суннат, ки дар боло қадам ба қадам нишон додем, хонда мешавад, танҳо нияташ чунин аст

Нияти фарзи намози пешин

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Баъдан намозро хонда дар ду ракаъати охир, яъне ракаъатҳои 3-юм ва 4-ум баъд аз сураи Фотиҳа (Алҳамд) дигар сура нахонда ба рукӯъ меравад. Ғайр аз ин фарқиятҳо намозро пурра мисли суннати намози пешин мехонад.


III.ДУ РАКАЪАТ СУННАТИ НАМОЗИ ПЕШИН

Баъд аз хондани фарзи намози Пешин ду ракаъат суннати намози пешин хонда мешавад. 2 ракаъат суннати намози Пешин мисли ду ракаъати аввали 4 ракаъати суннат, ки дар боло қадам ба қадам нишон додем, хонда мешавад. Нияташ чунин аст:

Нияти 2 ракаъат суннати намози пешин

Ният кардам бигзорам ду ракаъат суннати намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар

Баъд аз он ки дар қаъдаи дуюм менишинад, Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт…)-ро хонда, дурудҳо (салавотҳо, Аллоҳума сали ъало…, Аллоҳума борик ъало…) ва дуо (Аллоҳумағфирли…)-ро мехонад. Ин дуоҳо дар боло оварда шудаанд.

Баъд аз он ба ду тараф салом медиҳад. Бо ҳамин ду ракаъат намоз бо додани салом бо ҳар ду тараф тамом мешавад.


9. Дуо ва тасбиҳоти намоз

“Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ. Аллоҳумма антассаллом ва минкас-салом ва илайка ярҷиуссалом ҳаййино раббано бисслом вадҳилно дорас салом таборакта Раббано ва таъолайта ё зал ҷалоли вал икром.”

Ҳар як намозхон баъд аз намоз дуоҳоро ба тариқи зерин мехонад (одатан се маротиба дуо мекунанд):

Оиди ин дуоҳо ин дар ин мақола хонед: Дуо ва тасбеҳоти баъди НАМОЗ<<<


Ба ҳамин Шумо бо изни Аллоҳ намози пешинро бо фарзу воҷибу суннату мустаҳаботаш адо гардонидед.

Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст. Агар ягон кӯтоҳие дар мо дидед, пас дар шарҳ нависед то ислоҳ кунем. Инчунин суоле дошта бошед вобаста ба намоз нависед ба қадри имкон ҷавоб медиҳем. Ташаккур дӯстон.

Дигар маводҳо

 


Тарзи хондани намоз, намози пешин бо тасбихот ва дуохояш, Такбири тахрима, Киём, Сураи Фотиха, Рукуъ, Сачда (Сучуд), Киёми ракаъати 2, Каъда, Ташаххуд (Аттахиёт), Аллохуммагфирли, Дуо ва тасбихоти намоз, Дуои баъди кироат, тарзи намоз, тарзи хондани намоз, тарзи намоз хондан, тарзи намоз хондан барои, тарзи дуруст хондани намоз, тарзи намоз барои занхо, тарзи хондани намоз барои мардхо, тарзи намоз хондан барои мардхо, тарзи намоз точики, тарзи хондани намоз 5 вакт, тарзи хондани намоз занхо, тарзи хондани намоз барои занхо, намози пешин, вакти намози пешин, вақти намози пешин, тарзи хондани намози пешин, намози пешин чанд ракат аст.

Мақолаи қаблӣОсорхона (Музей)
Мақолаи баъдӣОдоби муроҷиат бо «Ту» ва «Шумо»

6 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед