Тарзи Тахорат кардан (Чӣ тавр таҳорат кунем?)

3

Амалҳои Таҳорат  (барои занҳо ва мардҳо)

тахорат кардан, тарзи тахорат, тахорат килиш, тахорат тартиби, тарзи тахорат кардан бо забони точики

  1. Истинҷо

Аввал баъд аз қазои ҳоҷат, бо кулух ё қоғазҳои махсуси барои истифодаи истинҷо худро пок намуда, бо дасти рост об рехта, бо дасти чап аъзоҳои худро покиза мешӯед, баъд аз он дасти чапатонро, ки бо он аъзоҳоятонро (андомҳои ниҳони) шуста будед, алоҳида бо хок молида ё бо собун мешӯед. То ин ки бӯи наҷосат боқӣ намонад. Инро истинҷо мегуянд.  Дар лаҳҷа баъзан ҳамин истинҷоро “Мустаҳаб” мегӯянд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Таҳоратро ният карда, яъне таҳорат мекунам гуфта бо дил қасд карда:

Нияти Таҳорат

Ният кардам таҳорат созам то намоз бар ман раво гардад.


2.Шустани дастон (то банди даст)

Дар ҷои таҳорат мебояд, рӯ ба ҷониби қибла нишаста, Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим гуфта, 3-маротиба ҳар ду дастатонро то, банди даст мешӯед ва байни, ангуштонатонро хилол мекунед: агар, ангуштарин дошта бошед, онро, ҳаракат медиҳед, то дар зери он об равад.


3.Шустани даҳон

Расми 1. Шустани даҳон

Се маротиба бо оби тоза бо дасти рост об гирифта, бо нарангушт ва ангушти ишора дандонҳои болову поёнро мисвок намуда, обро дар даҳон ғарғара ва мазмаза намуда, пок менамоед. (Расми 1)


 

4.Шустани бинӣ

Расми 2. Шустани бинӣ

Се маротиба бо дасти рост бар бинӣ об гирифта, сахт мекашед, ва бо ангушти хурди даста чап сӯрохиҳои биниро тоза намуда, бо ҳамон дасти чап биниро меафшонед. (Расми 2)


 

5.Шустани рӯй

Расми 3. Шустани рӯй

Бо дасти рост об гирифта, аз пешонӣ сар карда, то зери манаҳ ва аз ин нармии гӯш то нармии гӯши дигар 3-маротиба рӯйро мешӯед. (Расми 3)


6.Шустани даст (то оринҷ)

Расми 4. Шустани даст

Аввал дасти рост, баъд дасти чапро аз сари ангуштон сар карда, бо ҳамроҳи оринҷ се маротиба мешӯед. (Расми 4)


7.Масҳи сар

Расми 5. Масҳи сар

Бо оби тоза як бор тамоми сарро масҳ мекашед, бо ин тариқа: бо шиками се ангушти аввали ҳар ду даст аз дамидани мӯйи пешонӣ сар карда , ба сӯи қафо то охир масҳ кашида, кафҳои дастро бо ду тарафи сар соида ба пешонӣ меоред, баъд бо ҳамин об бо ду ангушти ишора даруни гӯшҳоро масҳ мекашед ва бо шиками нарангуштон бошад пушти гӯшро маҳс мекашед. (Расми 5)


8.Шустани пойҳо

Расми 6. Шустани пойҳо

Ҳар ду пояро ҳамроҳи буҷулак се маротиба аввал рост, сонӣ чапро мешӯед, миёни ангуштони пойро бо ангушти хурди даст аз чап ба тарафи рост хилол менамоед, ин аз суннати Расуллоҳ (с) аст. (Расми 6)

Эй бародар биё таҳорат кун,
Хонаи дини худ иморат кун.
Чун биёри таҳорати зоҳир,
Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

Тамом, Шумо бо изни Аллоҳ таҳоратро ба ҷо овардед.


Инчунин хонед:

Шиканандаҳои Таҳорат
Рӯйхати мавзӯҳои “Чӣ тавр бояд намоз хонд?”<<
Рӯхати мавзӯҳои “Ислом”<<

Чи тавр бояд намоз хонд? (Тарзи хондани намоз)


Тарзи Тахорат кардан (Чи тавр тахорат кунем?), Амалхои Тахорат  (барои занхо ва мардхо), тарзи тахорати бадан, нияти таҳорат, чи тавр бояд намоз хонд, тарзи намоз хондан, истинчо чист, тахорат, тахорат кардан, тарзи тахорат, тахорат тартиби, тарзи тахорат кардан, намоз тахорат, тахорат ва намоз, китоби тахорат, тарзи тахорат кардан барои мардхо, нияти тахорат, тарзи тахорат барои занон, тарзи тахорат кардан бо забони точики, дуохои тахорат кардан, дуои тахорат кардан, тарзи дуруст тахорат кардан барои зан, дар вакти тахорат чи бояд гуфт.

Мақолаи қаблӣЧи тавр бояд намоз хонд? (Тарзи хондани намоз)
Мақолаи баъдӣШиканандаҳои Таҳорат

3 ШАРҲ

  1. Дар вахти намоз хондан сураи кутох мехонем бачои вай Оят ал курси хонем мешавад ë не

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед