Тоъати Ӯст фарзу айн шуда … (шарҳи Чоркитоб)

0

Тоати Ӯст фарзу айн шуда,
Бар ҳама халқ ҳамчу дайн шуда.


БАЁНИ МАЪНО

1- Танҳо ибодати Аллоҳ таоло бар гардани бандагонаш фарзу айн шуда мебошад, ва ғайри Аллоҳ талоро ибодат кардан раво нест.

2- Ибодати баъзе бандагон кифоят намекунад ва ҳамаи бандагон бояд Аллоҳ таъолоро холисона ибодат бикунанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

3- Агар касе Аллоҳ таъолоро тоъату ибодат накунад, он ибодатҳои анҷом надодааш бар уҳдаи вай ҳамчун дайну қарз боқӣ монда фардои қиёмат аз он пурсида мешавад.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

1- Агар пурсанд, ки бо кадом далел тоъату ибодати Аллоҳ бар ҳамаи бандагонаш фарзу айн мебошад?

Ҷавоб мегӯем, ки далелаш ин аст, ки мақсад аз офариниши ҳамаи мо бандагон Аллоҳ таолоро якаву ягона эътиқод кардан ва якаву ягона ибодат кардан аст. Чуноне дар ояти 56 сураи “Зориёт” мефармояд:

{وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ } )الذاريات: 56)

“ Ва наофаридем чинҳо ва инсонҳоро, магар ки маро парастиш кунанд”.

2-Агар пурсанд, ки бо кадом далел тоъату ибодати Аллоҳ таоло ҳамчун дайн бар уҳдаи бандагон аст?

Ҷавоб мегӯем, ки ин аз ҷанд ҷиҳат мебошад:

1.Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) қазои ибодати Аллоҳ таолоро ба қазои дайн монанд кардааст ва онро дайни Аллоҳ гуфтааст. Дар он ривоят чунин омадааст:

“عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا، قَالَ: جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللهِ، إِنَّ أُمِّي مَاتَتْ وَعَلَيْهَا صَوْمُ شَهْرٍ، أَفَأَقْضِيهِ عَنْهَا؟ فَقَالَ: «لَوْ كَانَ عَلَى أُمِّكَ دَيْنٌ، أَكُنْتَ قَاضِيَهُ عَنْهَا؟» قَالَ: نَعَمْ، قَالَ: «فَدَيْنُ اللهِ أَحَقُّ أَنْ يُقْضَى”. (كذا في صحيح مسلم -2/ 804 (155  /1148/

“Марде назди Пайғамбар (с) омаду гуфт: Эй Пайғамбари Аллоҳ! Ҳамоно модарам вафот кардааст ва бар уҳдаи вай як моҳа рӯза қазо боқӣ мондааст. Оё ман аз ҷониби вай он як моҳро қазо бидорам? Пайғамбар (с) гуфт: Агар модарат қарздор мебуд, қарзашро адо мекардӣ? Гуфт: Оре! Пайғамбар (с) гуфт: Пас дайни Аллоҳ воҷибтар аст, ки адо карда шавад”.

2. Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло фардои қиёмат моро аз амалҳоямон мавриди саволу ҷавоб қарор медиҳад ва дар раъси амалҳои матлуб аз мо адои ҳуқуқи Аллоҳ таоло мебошад, ки бо яккаву ягона этиқод карданаш ва яккаву ягона ибодат карданаш адо меёбанд. Дар ин мавзӯъ Аллоҳ таоло моро дар ояти 93 сураи “Наҳл” чунин ҳушдор додааст:

{وَلَتُسْأَلُنَّ عَمَّا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ} (النحل: 93)

“Ва албатта, аз ончи ки анҷом медиҳед пурсида мешавед”.

www.DONISH.su

3. Аввалин чизе, ки банда фардои қиёмат мавриди ҳисоб қарор мегирад намоз аст ва чуноне медонем аз намозҳои қазошуда пурсида мешавад, ҳамчуноне аз қарзҳои адо накарда пурсида мешавад.Дар ин мавзӯъ дар “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“وفي سنن ابن ماجه – 1 / 458 1426 – :عَنْ تَمِيمٍ الدَّارِيِّ،عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”أَوَّلُ مَا يُحَاسَبُ بِهِ الْعَبْدُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ صَلَاتُهُ،فَإِنْ أَكْمَلَهَا كُتِبَتْ لَهُ نَافِلَةً،فَإِنْ لَمْ يَكُنْ أَكْمَلَهَا،قَالَ اللَّهُ سُبْحَانَهُ لِمَلَائِكَتِهِ: انْظُرُوا،هَلْ تَجِدُونَ لِعَبْدِي مِنْ تَطَوُّعٍ؟ فَأَكْمِلُوا بِهَا مَا ضَيَّعَ مِنْ فَرِيضَتِهِ،ثُمَّ تُؤْخَذُ الْأَعْمَالُ عَلَى حَسَبِ ذَلِكَ”. (وحكم المحقق:صحيح).

“Аввалин чизе, ки фардои қиёмат дар мавриди он банда мавриди муҳосаба қарор мегирад, намози ӯст. Пас агар намозҳои фарзияшро комил адо карда бошад барояш намозҳои ғайри фарзӣ нофила (аҷру савоби изофа бар аҷри фарзҳо) навишта мешаванд. Аммо агар намозҳои фарзиро ба таври комил адо накарда бошад Аллоҳ таоло ба фариштаҳо мегӯяд: Бубинед ин бандаи ман ҳеҷ намози нафлие гузоридааст? Пас агар гузорида бошад бо он намозҳои нафлияш нуқсони намозҳои фарзиро комил бисозед”.

Пас агар қазои намоз ё рӯза ва бақияи ибодатҳои фарзӣ ва воҷибӣ дайн бар уҳдаи адо накардагон набошанд, чаро онро Пайғамбар (с) дайни Аллоҳ воҷибтар аст, ки адо карда шавад гуфтааст? Пас агар намози қазошуда дайн бар уҳдаи кас набошад, чаро фардои қиёмат аз намоз пурсида мешавад ва ё намозҳои нафлиро ба ҷои фарзӣ ҳисоб карда мешавад?


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣҲар чи ҳаст аз баландию пастӣ …
Мақолаи баъдӣДод моро китоб то хонем … (шархи Чахор китоб)