Усули дин (бо маънояш)

4

Дар ин мақола усули дин оварда мешавад, ки дар шакли шеър навишта шудааст. Маъноҳои он низ баъди шеър оварда мешавад. Усули дин – текст >>

тарзи дуо кардан

Усули дин бародар ҳашт қисм аст,
Бигӯям бо ту ҳар якро чӣ исм аст.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Аввал тавҳид бошад эй мусалмон,
Дуввум адл аст, бино бар амри султон.

Мақоми саввумин бошад имомат,
Мақоми чорумин бошад нубуват.

Ба панҷум амри маъруф аст бингар,
Ба шашум низ медон наҳйи мункар.

Мақоми ҳафтумин бошад тавалло,
Мақоми ҳаштумин бошад табарро.


Тарҷума ва маънои усули дин

  1. Тавҳид– яъне Аллоҳ таъолоро донистан ва ягона этиқод кардан.
  2. Адл – яъне ба худ ростӣ кардан аст.
  3. Имомат – яъне кори охиратро аз кори дунё муқаддам доштан аст.
  4. Нубуват– яъне ҳазрати Рисолатпаноҳ салаллоҳу алайҳи ва салламро пайғамбари барҳақ донистан ва ҳамаи пайғамбаронро барҳақ донистан аст.
  5. Амри маъруф – яъне чизе, ки Худои таъоло амр кардаст, ба ҷо овардан аст.
  6. Наҳйи мункар – яъне аз он чизе, ки Худои таъоло наҳй кардааст, дур будан аст.
  7. Тавалло – яъне дустони Худои таъолоро дуст доштан аст.
  8. Табарро – яъне душманони Худои таъолоро душман донистан аст.

10 сифати Аллоҳ таъоло – Худо чи гуна аст? – Маърифати Худо

Мақолаи қаблӣСе вахдати заруриёти дин
Мақолаи баъдӣОятал курси

4 ШАРҲ

  1. Усули дини Исломӣ Аллоҳ нозил карда ки ба исми аҳли суннат ва ҷамоат машҳур аст:

    Усули дини аҳли суннат ва ҷамоат аз ёздаҳ рукн ( фарзиятҳо) иборат аст, ки асоси дини Ислом аз ҳаминҳо бунёд ёфтааст.
    Ва ин ёздаҳ рукн аз ду қисм; ақидаи тавҳидӣ ва ибодати шаръӣ иборат буда кулли динро дар бар гирифтаанд.

    1. Аркони шашгонаи имон.
    2. Аркони панҷгонаи ислом.

    Рукнҳои шашгонаи имон:
    1. Имон ба Аллоҳ таъоло.
    2. Имон ба фариштагон.
    3. Имон ба китобҳои осмонӣ.
    4. Имон ба пайғамбарон.
    5. Имон ба рӯзи ҷазо (қиёмат)
    6. Имон ба тақдири некию бади.

    Рукнҳои панҷгонаи ислом:
    1. Шаҳодатайн
    2. Намоз
    3. Закот
    4. Рӯза
    5. Ҳаҷ

    Ин ёздаҳ рукн яъне фарзиятҳо дар якҷояги усули дини ислом мебошанд.

    Усули дин агар хоҳи бидонӣ,
    Ҳадиси Мустафо бояд бихонӣ.
    Дар он, ӯ пешвои ҳар ду олам,
    Баён кардаст ба тафсилу маъонӣ.
    Ба иҷмол аз ду қисм бошад иборат,
    Зи имону зи исломи раббонӣ.
    Аммо ёздаҳ қисм аст, тафсили он,
    Бихонаш, то аз он ҷоҳил намонӣ.
    Ба қавли Буҳанифа нести маъзур,
    Агар тавҳиди холиқат надонӣ.
    Таваққуф гар куни ҳангоми пурсиш,
    Дар ислом лаҳзае боқӣ намонӣ.

    (Усули дин бародар ҳашт қисм аст. Ин усули мазҳаби шиъаи дувоздаҳ имомия буда ба усули дини Исломӣ Аллоҳ нозил карда зид мебошад)

    Субҳонакал-лоҳум-ма ва биҳамдика, ашҳаду ан ло илоҳа илло ант, астағфирука ва атубу илайк.

    • Сипос барои ба ин масъала равшанӣ андохтан. Ростӣ мудирияти сомона аз пеши худ чизе наменависад ва чунин ҷуръатро ҳам надорад, ки аз номи дин чизе нашр кунад.
      Мо танҳо шароит фароҳам меорем, баъзе маълумоти китобҳоро нашр мекунем то ҳамагон бидонанд. Маълумоти мазкур ҳам аз китоби “Фарзи айни тоҷикӣ” оварда шудааст.

      Шарҳ ва фикри шуморо оиди дигар маводи сомона интизорем. Сипос барои баёни фикратон. Дар паноҳи Эзиди пок.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед