Вақти нияти руза – Вакти нияти рузаи мохи Рамазон

0

Вақти нияти руза – Шарҳи Чаҳоркитоб.


1- Тамоми анвоъи рӯзаҳо бояд қабл аз субҳ ният карда шаванд.  Дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

:«مَنْ لَمْ يُجْمِعِ الصِّيَامَ قَبْلَ الفَجْرِ، فَلَا صِيَامَ لَهُ» (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -3/ 99/ 730 – عَنْ حَفْصَةَ، مرفوعا وحكم المحقق: صحيح)

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Ҳар касе пеш аз субҳ ният ва тасмими рӯза гирифтан надошта бошад, рӯзааш дуруст намешавад”.

Мутобиқи муқтазои ин ҳадис ва ба иҷмоъ рӯзаҳои дайнӣ, мисли қазои моҳи рамазон, рӯзаҳои кафорат ва ғайра бо ният кардани баъди субҳ дуруст намешаванд, валекин рӯзаҳои айнӣ, яъне вақташон мушаххас ва маълум мисли моҳи рамазон агар баъди дамидани субҳ аз даромадани моҳи рамазон хабардор шаванд, дуруст мешаванд. Яке аз далелҳои дуруст шудани рӯза баъди дамидани субҳ ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ аст, ки дар он модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо чунин гуфтааст:

“كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا دَخَلَ عَلَيَّ قَالَ:«هَلْ عِنْدَكُمْ طَعَامٌ؟»فَإِذَا قُلْنَا:لَا،قَالَ:«إِنِّي صَائِمٌ” (كذا في سنن أبي داود -2/ 329/ 2455 -عَنْ عَائِشَةَ وحكم المحقق:حسن صحيح)

“Пайғамбар (с) ҳар замоне ба назди ман медаромад мегуфт: Дар назди шумо таъоме ҳаст? Чун мегуфтам не! Мегуфт: Ман рӯзадорам”, яъне рӯза мегирам. Имом Муҳаммад дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:

“وَمَنْ أَجْمَعَ أَيْضًا عَلَى الصِّيَامِ قَبْلَ نِصْفِ النَّهَارِ فَهُوَ صَائِمٌ، وَقَدْ رَوَى ذَلِكَ غَيْرُ وَاحِدٍ وَهُوَ قَوْلُ أَبِي حَنِيفَةَ،وَالْعَامَّةِ قَبْلَنَا”.(كذا في موطأ مالك رواية محمد بن الحسن الشيباني -ص: 130)

“Касе қабл аз нисфи рӯз нияти рӯза бикунад дуруст мешавад ва инро чандин нафарҳо аз Пайғамбар (с) ривоят кардаанд ва ин назари Имом Абуҳанифа ва назари аксари уламои қабл аз мо гузашта аст”.

2- Рӯзаи рӯзи шак.  Мурод аз рӯзи шак рӯзест, ки аз оҳири моҳи шаъбон ё аз аввали моҳи рамазон буданаш шак бошад. Дар чунин рӯз нияти рӯза карда намешавад, магар дуруст аст ният кардан барои касе, ки одатан рӯзи панҷшанберо рӯза медошт ва рӯзи шак рӯзи панҷшанбе бошад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«أَلَا لَا تَقَدَّمُوا الشَّهْرَ بِيَوْمٍ أَوِ اثْنَيْنِ، إِلَّا رَجُلٌ كَانَ يَصُومُ صِيَامًا فَلْيَصُمْهُ» (كذا في سنن النسائي -4/ 154/ 2190 -عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،وحكم المحقق:صحيح)

“Хабардор бошед! Як ё ду рӯз қабл аз моҳи рамазон рӯза магиред, магар рӯза бигирад шахсе, ки қаблан одати он рӯзҳо рӯза гирифтанро дошт”.

Мақолаи қаблӣМасоили ҳилол – шарҳи Чоркитоб
Мақолаи баъдӣАҳкоми суҳур ва ифтор – шарҳи Чоркитоб