Зану шавхар – Фарқ байни ЗАНИ ДОНО ва ЗАНИ БОАҚЛ

0

Ин фарқиятҳо бо якчанд мисолҳо фаҳмонида шудаанд, ки доир ба робитаи зану шавхар бисёр олӣ ва фаҳмо мебошанд. Фикрҳоятонро оиди зану шавхар – зани доно ва зани боақл нависед. Марҳамат “Фарқ байни ЗАНИ ДОНО ва ЗАНИ БОАҚЛ” >>

картинкахои ошики

Зани доно – хатои шавҳарашро дида ба ӯ дахлдорам мешавад. Ва ба ӯ хотиррасон мекунад, ки ӯро дар ин бора огоҳ карда буд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Зани боақл – шавҳарро дастгирӣ карда руҳбаланд мекунад ва гоҳо хатоии онро ба надиданӣ мегирад.


Зани доно – дар лаҳзаҳои душворӣ ҷилавро ба даст гирифта ба шавҳараш роҳи дурустро нишон медиҳад.

Зани боақл – оҳиста роҳи дурустро нишон медиҳаду ва дар ин ҷода шавҳарро дастгирӣ мекунад.


Зани доно – ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба фарзандонаш математикаро меомӯзонад.

Зани боақл – дар ҳар яки он шахсиятеро мебинад.


Зани доно – кӯшиш менамояд, ки дар кор ба хатои роҳ надиҳад ва беҳтарин бошад. Аз ин ру ҳамкоронаш дар муносибат бо ӯ эҳтиёт мешаванд.

Зани боақл – дар кор муҳаббати ҳамкоронашро сазовор мешавад.


Зани доно – фарзандонаш калон бошанд ҳам ба ҳаёти онҳо дахл кардан мегирад ва дар бораи тарбияи фарзанд ҳаргуна маслиҳатҳои напурсида медиҳад.

Зани боақл – мегузорад, ки фарзандонаш аз таҷрибаи ҳаёт баҳравар шаванд ва дар ҳамагуна ҳолат дастгирӣ онҳост.


Зани доно – барои мустақилияти худро аз даст надодан ба хусуру хушдоман ва бо волидайнаш барои маслиҳат доданҳояшон бо онҳо баҳс менамояд.

Зани боақл – ботабассум ва хомӯш ба суханҳои онҳо гӯш меандозад ва бо муҳаббат донистаи худро иҷро мекунад.


Зани доно – мехоҳад, ки дунёро дигар кунад ва одамони атрофашро тағйир додани мешавад.

Зани боақл – тағйиротро аз худ оғоз менамояд. Ва дигарон чуноне, ки бошанд ҳамин тавр қабул мекунад.


Зани доно – фикр мекунад, хушбахт ҳамоне аст, ки ҳақ аст.

Зани боақл – бошад медонад, ки ҳақ ҳамон аст,ки хушбахт аст.


Таҳиягар: Озод Ҳодизода – Аҷоиботи олам (канали телеграмӣ)

Занаке – шеъри ҳаҷвӣ бо лаҳҷаи Дарвоз

Мақолаи қаблӣКоғаз аз чи тайёр мешавад?
Мақолаи баъдӣФактхои ачоиб дар бораи саг

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед