Зикрҳо ва дуоҳои баъди адои Намоз

0

Зикрхо ва дуохои баъди адои Намоз. Шарҳи Чоркитоб.


Баъди салом додан ва хориҷ  шудан аз намоз ин зикру дуоҳо суннат аст:

1-Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” суннат будани ин зикр омадааст:

Давоми матнро баъди реклама хонед

«اللهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ» وَفِي رِوَايَةِ ابْنِ نُمَيْرٍ «يَا ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 414/ 136 – 592- عَنْ عَائِشَةَ،)

“Аллоҳумма антассалом ва минкассалом, таборакта залҷалоли валикром”.  Тарҷима: “Ё Аллоҳ ту салом ҳастӣ, яъне диҳанда ва гирандаи саломатӣ ва амну офият. Саломатӣ ва осоиш аз ҷониби Туст. Тӯ бузургу бобаракат ҳастӣ,  эй соҳиби бузургӣ ва бахшоиш!”

2-Дар дигар ривояти “Саҳеҳи Муслим” суннат будани ин зикр омадааст:

«لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، اللهُمَّ لَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ،وَلَا يَنْفَعُ ذَا الْجَدِّ مِنْكَ الْجَدُّ» (كذا في صحيح مسلم-1/ 415/ 138/593- عن  الْمُغِيرَةِ بْنِ شُعْبَةَ).

“Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳулмулк ва лаҳулҳамд ва ҳува ало кулли шайин қадир. Аллоҳумма ло монеъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу залҷадди минкалҷад”.

Тарҷима:”Ҳеҷ Худое ба ҷуз Аллоҳи яккаву ягонаӣ бешарику ҳамто вуҷуд надорад, мулки олам аз они Ӯст ва сипосу ситоиш сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз қодир аст. Ё Аллоҳ! Ончиро Ту бидиҳи ҳеҷ касе онро манъ карда наметавонад ва ончиро Ту манъ бикуни ҳеҷ касе онро ато карда наметавонад. Ҳеҷ қудратмандеро қудраташ аз азоби Ту наҷот дода наметавонад”.

3-Дар дигар ривояти “Саҳеҳи Муслим” мустаҳаб будани 33 бори тасбиҳу, таҳмиду такбир чунин омадааст:

“مَنْ سَبَّحَ اللهَ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ،وَحَمِدَ اللهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، وَكَبَّرَ اللهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، فَتْلِكَ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ، وَقَالَ: تَمَامَ الْمِائَةِ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ غُفِرَتْ خَطَايَاهُ وَإِنْ كَانَتْ مِثْلَ زَبَدِ الْبَحْرِ”. (كذا في صحيح مسلم -1/ 418/ 146 – 597- عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ.)

“Касе баъди ҳар намозе 33 маротиб “Субҳоналлоҳ” ва 33 маротиб “Алҳамду лиллоҳ” ва 33 маротиб “Аллоҳу акбар”бигӯяд,  99 маротиб мешавад ва барои пурра шудани садумаш чунин бигӯяд: “Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳулмулк ва лаҳулҳамд ва ҳува ало кулли шайин қадир” гуноҳонаш бахшида мешаванд, гарчанде ба шумораи кафи баҳр бошанд”.

4- Дар ривояти Табаронӣ бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ قَرَأَ آيَةَ الْكُرْسِيِّ دُبُرَ كُلِّ صَلَاةٍ مَكْتُوبَةٍ لَمْ يَمْنَعْهُ مِنْ دُخُولِ الْجَنَّةِ إِلَّا أَنْ يَمُوتَ». (كذا في مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -10/ 102/ 16922 – وَعَنْ أَبِي أُمَامَةَ رَوَاهُ الطَّبَرَانِيُّ فِي الْكَبِيرِ وَالْأَوْسَطِ بِأَسَانِيدَ، وَأَحَدُهَا جَيِّدٌ. قال الحافظ: هذا حديث حسن غريب.”نتائج الأفكار” -2/ 296- وصححه الشيخ في صحيح الجامع 6464 كما في جمع الفوائد -4/ 68)

“Касе оятулкурсиро баъди ҳар намози фарзӣ бихонад, аз дохили биҳишт шудан ба ҷуз марг чизи дигаре вайро монеъ намебошад”.

5-Дар ривояти Табаронӣ бо санади ҳасан Пайғамбар (с)чунин гуфтааст:

«مَنْ قَرَأَ آيَةَ الْكُرْسِيِّ فِي دُبُرِ الصَّلَاةِ الْمَكْتُوبَةِ كَانَ فِي ذِمَّةِ اللَّهِ إِلَى الصَّلَاةِ الْأُخْرَى»”.(كذا في مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -10/ 102/  16924- وَعَنْ حَسَنِ بْنِ عَلِيٍّ -: رَوَاهُ الطَّبَرَانِيُّ، وَإِسْنَادُهُ حَسَنٌ).

“Касе оятулкурсиро дар ақиби намози фарз бихонад, то намози дигар дар ҳифзи Аллоҳ хоҳад буд”

6-Дар ривояти Ибни Хузайма бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«اقْرَءُوا الْمُعَوِّذَاتِ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ» (كذا في صحيح ابن خزيمة -1/ 372- 755 – عَنْ عُقْبَةَ:وفي التعليق: 755 – قال الأعظمي:إسناده صحيح)

  “Муъаввизот, яъне сураҳои ихлос, фалақ ва носро баъди ҳар намозе бихонед”.

7-Дар ривояти Ибни Хузайма Пайғамбар (с) чунин дуъо кардааст:

اللَّهُمَّ أَعِنِّي عَلَى ذِكْرِكَ وَشُكْرِكَ وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ”.(وفي صحيح ابن خزيمة -1/ 369/ 751 – عَنْ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ، وفي التعليق- 751 – قال الأعظمي: إسناده صحيح).

“Аллоҳумма аъинӣ ало зикрика ва шукрика ва ҳусни ибодатик”.

“Ё Аллоҳ! Мададам бикун то ҳамеша зикри туро бикунам ва шукургузорат бошам ва ба беҳтарин ваҷҳ ибодатат бикунам”.

8-Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим”Пайғамбар (с) чунин дуъо кардааст:

 «اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْعَجْزِ، وَالْكَسَلِ، وَالْجُبْنِ، وَالْبُخْلِ، وَالْهَرَمِ، وَعَذَابِ، الْقَبْرِ اللهُمَّ آتِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا، اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لَا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لَا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لَا يُسْتَجَابُ لَهَا»(كذا في صحيح مسلم -4/ 2088/ 73 – 2722- عَنْ زَيْدِ بْنِ أَرْقَمَ،)   

“Аллоҳумма иннӣ аъузу бика миналъаҷзи валкасали валҷубни валбухли валҳарами ва азобилқабр.

Аллоҳумма оти нафсӣ тақвоҳо ва заккоҳо анта хайру ман заккоҳо анта валиюҳо ва мавлоҳо.

Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин илмин ло янфаъ ва мин қалбин ло яхшаъ ва мин нафсин ло ташбаъ ва мин даъватин ло юстаҷобу лаҳо”.

“ Ё Аллоҳ! Аз нотавонӣ ва танбалӣ ва бахилӣ ва пирӣ ва азоби қабр ба Ту паноҳ мебарам!

 “ Ё Аллоҳ! Ба ман тақвои нафс ато кун ва нафсамро пок бисоз, ки Ту беҳтарин поксозандаӣ ва соҳиб ва молики он ҳастӣ.

 “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба Ту аз илме, ки манфиат наорад ва аз диле, ки тарс (тарси Худо) надорад ва аз нафсе, ки сер шудан надорад ва аз дуъое, ки пазируфта нашавад”.

9- Дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин дуъо кардааст:

 “اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْكُفْرِ وَالْفَقْرِ،وَعَذَابِ الْقَبْرِ»  (كذا في سنن النسائي -3/ 73/ 1347 – عَنْ أَبِي بَكْرَةَ،.وحكم المحقق: صحيح الإسناد).

“Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал куфри вал фақри ва азобил қабр”.

 “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба ту аз куфр ва фақр ва азоби қабр”.


Зикрҳо ва дуъоҳои даруни Намоз

Мақолаи қаблӣЗикрҳо ва дуъоҳои даруни Намоз
Мақолаи баъдӣШарҳи муқаддимаи чаҳорум китоби “Чаҳор китоб”