Зикрҳо ва дуъоҳои даруни Намоз

0

Зикрхо ва дуохои даруни Намоз. Шарҳи Чоркитоб.


Пайғамбар (с) дар охири намозаш  қабл аз салом додан чунин дуъоҳо кардааст:

1-Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ин дуоро мехондааст:

Давоми матнро баъди реклама хонед

“اللَّهُمَّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي ظُلْمًا كَثِيرًا،وَلاَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ، فَاغْفِرْ لِي مَغْفِرَةً مِنْ عِنْدِكَ، وَارْحَمْنِي إِنَّكَ أَنْتَ الغَفُورُ الرَّحِيمُ “.(كذا في صحيح البخاري -1/ 166/ 834 – عَنْ أَبِي بَكْرٍ الصِّدِّيقِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)  

“Аллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ зулман касиран ва ло яғфируззунуба илло анта, фағфир лӣ мағфиратан мин индик варҳамнӣ, иннака антал-ғафурурраҳим”.

“Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман ба сабаби гуноҳ содир карданам бар ҷони худам зумлм бисёр кардаам ва чуз Ту ҳеҷ каси дигаре гуноҳонро намебахшад. Пас маро аз фазлу карамат мағфират намо ва манро мавриди раҳматат қарор бидеҳ! Ҳамоно Ту бисёр бахшанда ва бениҳоят меҳрубонӣ”.

2-Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” ин дуъоро мехондаааст:

“اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ،وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ”(كذا في صحيح مسلم -1/ 412/ 128 – 588 عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،)

“Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин азоби ҷаҳаннам ва мин азобилқабр ва мин фитнатилмаҳё валмамот ва мин шарри фитнатил масиҳиддаҷҷол”.

Тарҷима: “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба Ту аз азоби дӯзах ва аз азоби қабр ва аз фитнаи ҳаёту мамот ва аз шарри масиҳи Даҷҷол”.

3- Дар ҳадиси мавқуфи дар ҳукми марфуъ дар қунути намози витр ин ду дуоро хонда мешавад:

 «اللَّهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِينُكَ وَنَسْتَغْفِرُكَ، (وَنُؤْمِنُ بِكَ، وَنَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ)، وَنُثْنِي عَلَيْكَ الْخَيْرَ،  (نشكرك) وَلَا نَكْفُرُكَ، وَنَخْلَعُ، وَنَتْرُكُ مَنْ يَفْجُرُكَ،

“Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу алайка ва нуснӣ алайкалхайра ва нашкурука ва ло накфурук ва нахлаъу ва натуруку май яфҷурук”.

“Ё Аллоҳ! Аз Ту кумаку мадад мехоҳем ва аз Ту талаби мағфирати гуноҳонамонро мекунем ва имон меорем ва ба Ту таваккул ва иътимод мекунем ба Ту ва бароят санои хайр мегӯем ва сипосгузорият мекунем ва носипосият намекунем ва қатъ мекунем ва тарк месозем касонеро, ки туро нофармонӣ мекунанд”.

  اللَّهُمَّ إِيَّاكَ نَعْبُدُ، وَلَكَ نُصَلِّي، وَنَسْجُدُ وَإِلَيْكَ نَسْعَى وَنَحْفِدُ، وَنَرْجُو رَحْمَتَكَ، وَنَخْشَى عَذَابَكَ،إِنَّ عَذَابَكَ بِالْكُفَّارِ مُلْحِقٌ» (كذا في مصنف ابن أبي شيبة – 2 / 106- 7027 – وإسناده صحيح، عن عمر بن الخطاب رضي الله عنه موقوفا عليه كما في الأحاديث والآثار الواردة في قنوت الوتر -ص: 6. و كذا في مصنف عبد الرزاق الصنعاني – 3 / 112- 4970 – عَنْ أُبَيِّ بْنِ كَعْبٍ موقوفا عليه  وإسناده حسن كما في الأحاديث والآثار الواردة في قنوت الوتر -ص: 11. قد ثبت القنوت قبل الركوع عن عمر من عدة طرق صحيحة عنه كما في إرواء الغليل 2/171).

“Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷу раҳматака ва нахшо азобака инна азобака бил куффори мулҳиқ”.

Тарҷима:”Ё Аллоҳ! Туро мепарастем ва бароят намоз мехонему саҷда мекунем ва ба сӯи ту мешитобем ва бандагӣ мекунем ва аз раҳматат умедворем ва аз азобат метарсем, ҳамоно азоби Ту домангири кофирон аст”. 4-Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) хондани ин дуъоро дар қунути витр таълим додааст:

«اللَّهُمَّ عَافِنِي فِيمَنْ عَافَيْتَ، وَتَوَلَّنِي فِيمَنْ تَوَلَّيْتَ،وَاهْدِنِي فِيمَنْ هَدَيْتَ، وَقِنِي شَرَّ مَا قَضَيْتَ، وَبَارِكْ لِي فِيمَا أَعْطَيْتَ،إِنَّكَ تَقْضِي وَلَا يُقْضَى عَلَيْكَ، إِنَّهُ لَا يَذِلُّ مَنْ وَالَيْتَ، سُبْحَانَكَ رَبَّنَا تَبَارَكْتَ وَتَعَالَيْتَ»  (كذا في وفي سنن ابن ماجه -1/ 372- 1178 -عَنِ الْحَسَنِ بْنِ عَلِيٍّ، وحكم المحقق: صحيح. وفي البحر الرائق شرح كنز الدقائق ومنحة الخالق -2/ 45: وَقَالَ بَعْضُ مَشَايِخِنَا الْمُرَادُ مِنْ قَوْلِهِ لَيْسَ فِيهِ دُعَاءٌ مُؤَقَّتٌ مَا سِوَى اللَّهُمَّ إنَّا نَسْتَعِينُك لِأَنَّ الصَّحَابَةَ اتَّفَقُوا عَلَيْهِ فَالْأَوْلَى أَنْ يَقْرَأَهُ وَلَوْ قَرَأَ غَيْرَهُ جَازَ وَلَوْ قَرَأَ مَعَهُ غَيْرَهُ كَانَ حَسَنًا وَالْأَوْلَى أَنْ يَقْرَأَ بَعْدَهُ مَا عَلَّمَهُ رَسُولُ اللَّهِ-صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ-الْحَسَنَ بْنَ عَلِيٍّ فِي قُنُوتِهِ «اللَّهُمَّ اهْدِنِي فِيمَنْ هَدَيْت» إلَى آخِرِهِ).

“Аллоҳумма офинӣ фиман офайта ва тавалланӣ фи ман таваллайта ваҳдинӣ фи ман ҳадайта ва қинӣ шарра мо қазайта ва борик лӣ фи мо аътайта, иннака тақзӣ ва ло юқзо алайка иннаҳу ло язиллу ман волайта! Субҳонака Раббано таборакта ва таъолайта”.

Тарҷима:”Ё Аллоҳ! Манро аз ҷумлаи касоне бигардон, ки онҳоро офият додаӣ, манро дар ҷумлаи касоне бигардон, ки онҳоро дӯсти худ қарор додаӣ, манро дар ҷумлаи касоне бигардон, ки онҳоро ҳидоят кардаӣ, манро аз газанди ончи тақдиру сарнавишт кардаӣ маҳфузам бидор ва дар ончи бароям додаӣ баракат бидеҳ! Бегумон ин Ту ҳастӣ, ки болои дигарон ҳукму қазоват мекунӣ ва ҳеҷ касе болои Ту ҳукму қазоват карда наметавонад! Бидуни шак касеро Ту дӯст бигирӣ хору залил намешавад!

Покӣ Турост Парвардигорамон ва бузургу  баландмартабаӣ!


Воҷиботи намоз – шарҳи Чоркитоб

Зикрҳо ва дуоҳои баъди адои Намоз

Мақолаи қаблӣВоҷиботи намоз – шарҳи Чоркитоб
Мақолаи баъдӣЗикрҳо ва дуоҳои баъди адои Намоз