Аҳроми Мисрро мавҷудоти дигар сайёра сохтаанд?

10

Медонед, ки дар дохили ҳарам (пирамида)-ҳои Миср фиръавнҳо, яъне шоҳони Мисри Қадим дафн гардиданд? Медонед, ки то ҳол олимон натавонистаанд, чӣ гуна сохта шудани онҳоро муайян намоянд? Медонед, ки муҳаққиқоне ки ҳарамҳои Мисрро таҳқиқ кардаанд, бар асари бемории саратон фавтидаанд. Ин ва чанд далели ҷолибро дар бораи пирамидаҳои бузурги Миср барои хонандагони Donish.su гирд овардем.


Ҳарамҳои Миср дар гуристони Ҷиза, наздикии шаҳри Коҳираи Миср ҷойгир шуда, ҳудуди зиёдеро ишғол кардаанд. Тарҳи онҳоро муҳандис ва табиби машҳури ҳамонвақтаи Миср Имхотеп кашида, ба сохтанаш шуруъ намудааст.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ҳарами Чузира дар биёбони Сакара қадимтарин ба шумор меравад. Бузургтарин аҳром Хеопс, Хефрейн ва Микорейн мебошанд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо 140 ҳарами нисбатан хурди дигар мавҷуд аст. Баландии Хеопс аввали мавҷудияташ 146 метр будааст, ва бар асари фурӯравӣ ҳоло 138 метрро ташкил медиҳад. Хеопс аз 2 миллиону 300 ҳазор хишти сангин иборат мебошад. Соли 1371 он баландтарин бино ба ҳисоб мерафт.


Ҳар як ҳарам таърихи аз 4-10 ҳазорсоларо дошта, ҳар як хишти онҳо аз 2 то 50 тоннаро ташкил медиҳад. То ҳол муайян нашудааст, ки ин хиштҳо бо чӣ сохта шудаанд, зеро дар муқоиса бо санги муқаррарӣ сахтару устувортаранд. Биноҳо, бурҷҳо ва шаҳрҳои зиёде дар давоми ин солҳо харобу несту нобуд гардидаанд, вале ин ҳарамҳо то ҳол побарҷоянд.


Олимони зиёде барои омӯзиши асрори пирамидаҳо ҷони худро бохтаанд. Дар вақти санҷиши мумиёи ҷасади фиръавнҳо 12 муҳаққиқ дар вақтҳои гуногун аз бемории саратон мефавтанд.


Миср гармои шадидро дорост вале ҳарорат дохили ин ҳарамҳо муътадил аст.


Дар назди ҳарамҳо ҳайкали азимҷуссаи паланге сохта шудааст. Сари он шакли сари инсонро дошта, ҷисми боқимондааш паланг мебошад. Он Сфинкс ном дошта, намунаи олии санъати ҳайкалтарошист. Мисриён чунин мепиндоштаанд, ки Сфинкс аҳромро посбонӣ мекунад. Олимон иброз медоранд, ки он бо даст сохта нашудааст, зеро ҳар ду бари рӯйи Сфинкс як андозаро дошта, ягон хатое дар он мушоҳида намегардад. Инчунин тарошидани метали он кори дастӣ буда наметавонад. Ин дар ҳолест, ки он замон асбоби хуби ҳайкалтарошӣ вуҷуд надошт.


Бисёриҳо мепиндоштанд, ки барои бунёди аҳром аз қувваи кории ғуломону зиндониён истифода бурдаанд, вале олимон иброз медоранд, ки онҳоро мутахассисони баландтаҷриба сохтаанд. Барзе инсонҳо кори инсон будани онро зери суол бурда гуфтаанд, ки ба далели мавҷуд набудани техникаи зарурӣ баҳри сохтани ҳарамҳо аз қувваи ҷодуӣ ва ё мавҷудоти дигар сайёра истифода шудааст.


Шумо чӣ андеша доред? Агар ягон далели аҷиб донед, лутфан нависед. Донистани ҳама чиз дар ин робита бароямон ҷолиб аст.

Барои дастгирии сомона лутфан бо мо дар instagram ҳамроҳ бошед:  @donish.su

Пайдоиши тақвим. Маънои номҳои моҳҳо

Мақолаи қаблӣГипноз чист? Чанд маълумот оид ба он
Мақолаи баъдӣБинидароз-маккор, чашмтанг-вафодор? Симошиносӣ чист?

10 ШАРҲ

  1. Салом . Дар ин мавзуъ , ман хам бисёр шунидам хондам тамошо кардам. Лекин дар тассавуроти ман намегунчад сохтани он бо дасти одами, ва агар мегуед хайкали шери одамсар бе ягон хатои сохта шуда аст. Яъне гуиё ки бо компутар андозагири шуда бошад . Боз хам як муъамо барои ман. Худованд агар ин асрорро надонад . Мо хеч.

  2. Олимони зиёде барои омӯзиши асрори пирамидаҳо ҷони худро бохтаанд. Дар вақти санҷиши мумиёи ҷасади фиръавнҳо 12 муҳаққиқ дар вақтҳои гуногун аз бемории саратон мефавтанд. Агар номи олимонро мегирифтед боз хубтар мешуд.

  3. Аз руи баъзе гуфтахо гуё Ахромхои Миср дар даврони яке аз пайгамбарои Худо хазрати Од сохта шудаанд.
    Чунки одамони давраи ин пайгамбар азимчусса буданд ва хатто дар бораи инхо гуфта шудааст ки бахро бо инкадар чукури дар зонухои онхо мешуданд. Ва чи гунае ки медонед хар як хишти ахромхо 2 то 50 тонн вазн дорад, ва ин хиштхоро аз руи мантик танхо одамон бардошта метавонанд ки азимчесса бошанд.

  4. Ба назари ман сангҳои ҳарамҳо аз 2 то 50 тонна нестанд чунки олимон метавонанд онҳоро ҳисоб кунанд аммо наметавонанд гирифтану вазнашро фаҳмидан чунки онҳо якчансол истодаанд. Сангҳои ҳарам вазнашон шояд кам аст ва одамон онҳоро сохтаанд.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед