Рӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)

0

Рӯзи Ваҳдати миллӣ — яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 27 июн таҷлил карда мешавад.

27 июни соли 1997 — баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Тоҷикистон

Мақолаи қаблӣҚадами Қурбон
Мақолаи баъдӣОдина Ҳошим

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед