Шеър дар бораи Забони точики

0

Шеър дар васфи Забони Тоҷикӣ. Шеърхо дар васфи Забони точики, шеър дар бораи забон, шеърҳо дар бораи забони точики оварда мешаванд. Шеърҳои нав ҳам дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд.

Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,
Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.
Басо зебу фару эъҷози худ ёфт.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Забони тоҷикӣ нури биҳиштӣ,
Бароям поясозу сарнавиштӣ.
Аё Модар, аё ғамхори Одам,
Забонро дар вуҷуди ман ту киштӣ.

Чу лафзи тоҷикӣ лафзи шакар нест,
Биҳиштию каломи муътабар нест.
Саропои вуҷудамро биҷӯӣ,
Ба ғайри тоҷикӣ чизи дигар нест.

Мақоме олӣ аз лафзи дарӣ нест,
Мақоме чун забони модарӣ нест.
Чунин ширину зебою гуворо
Забони ҳинду турку озарӣ нест.

Ало Модар, маро рӯзе, ки зодӣ,
Сарафрозам дар ин олам зи шодӣ.
Забонатро ба ҳар ҳарфу ҳиҷое
Ба заҳматҳо бароям ёд додӣ.


ЗАБОНФУРӮШ

Он ки лафзи модариашро фурӯхт,
Рӯҳи аждодону хокашро фурӯхт.
Лаънати ҳарду ҷаҳон бодо бад-ӯй,
Миҳану оини покашро фурӯхт.

Чун фурӯхт ӯ лафзи модарро чунон,
Мефурӯшад ӯ Ватанро бегумон.
Чун надонист қадри лафзи модарӣ,
Кай бидонад қадри манзил, қадри нон?

Мефурӯшад ӯ бародар, хоҳараш,
Мефурӯшад ёру дӯсту ҳамсараш.
Мефурӯшад сирри халқу давлаташ,
Чун фурӯхт ӯ лафзи поки модараш.

Одамӣ бо ӯ нашояд ҳамнишаст,
Чун нишастӣ, зуд меёбад шикаст.
Меравад аз ӯ ҳама меҳру вафо,
Чун ба пеши инчунин хоин нишаст.

Алҳазар аз мардуми хоин кунед,
Ҳурмати модар ба худ оин кунед.
Чун биҳиштро бар кафи пояш ниҳод,
Лафзи ӯ чун сӯраи “Ёсин” кунед.

С. Сатторӣ


Мақолаи қаблӣСаломнома ба пешвози субҳ – оғози сухан
Мақолаи баъдӣШеърхо аз устод Толиб Озарахш