Гулгардонӣ дар Наврӯз (бойчечак)

0

Аз омадани Наврӯз, қабл аз ҳама, кӯдакон бо баргузории маросими “Гулгардонӣ” ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар аввали даҳаи дуюми моҳи март аз сӯйи гурӯҳи кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияҳгӯш, бойчечак доранд, иҷро мешавад.

Кӯдакони гулгардон ба ҳар манзил наздик шуда, бо қироати шеър фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегӯянд. Соҳибхонаҳо гулро ба чашму абрувон молида, ба гулгардонҳо ба қадри ҳиммати худ чизе ҳадя мекунанд.

гулгардони, бойчечак

Давоми матнро баъди реклама хонед

Гулгардонӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон бо номи Бойчечак, «Гули сияҳгӯш», «Баҳор омад», «Баҳори лолазор омад» ва ғайра машҳур аст. Ин сурудҳо баҳори хуррам, бедории табиат, равнақи кори деҳқон, шодмонӣ ва умеду орзуи мардумро акс мекунанд. Сурудҳо бо оҳанги фораму дилкаши халқӣ сароида мешаванд. Сарбайтхон дар даст гулдаста пеш-пеши гулгардонҳо сарбайт мехонад ва дигарон мисраъгардонро такрор мекунанд.


Сарбайтхон:

Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бидеҳ бар дасти гулгардон,

Ҳама:

Баҳори нав муборак бод!

ё:

Сарбайтхон:

Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯйи химчак.

Ҳама:

Бойчечак, бойчечак.

Сарбайтхон:

Бӯйи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак.

Ҳама:

Бойчечак, бойчечак.

Инчунин хонед >>

Табрикот ва шеър барои Навруз – Навруз муборак


Гулгардони дар Навруз, бозихои наврузи, гули бойчечак, шеъри гулгардони, шеър дар бораи бойчечак.

Мақолаи қаблӣШеър дар васфи Навруз – 2023
Мақолаи баъдӣШеър дар васфи Бахор / Баҳор