Хотираи инсон чӣ гуна ва ғунҷоиши он чанд аст?

2

Мувофиқи ақидаи  муҳаққиқон хотираи инсон нуқтаи охир дорад, вале то ҳол ба ҳеҷ одами рӯйи Замин ин лаҳза муяссар нашудааст. Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки хотираи инсон тахминан 2 квадриллион байт мебошад. Агар он  наворгирак бошад, имкон дорад, ки  шабонарӯзӣ тули 300 солро ба навор гирад ва дар худ сабт кунад.


Олимон исбот кардаанд, ки дар хотираи инсон ҳамагӣ 25 миллиард ҳуҷайраҳои нейронӣ мавҷуд аст.  Ин гуна ҳуҷайраҳо аз давраи тифлӣ то охири ҳаёт  фаъолияти хотираи инсонро пеш мебаранд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Шакли майнаи сари инсон (slovo.msk.ru)
Шакли майнаи сари инсон (slovo.msk.ru)

Агар дар хусуси то чанд забон аз худ намудани инсон ҳарф занем, ин аз чӣ қадар умр дидани инсон ва қобилияти вай вобаста аст. Чунки инсони комил чӣ қадаре ки барои аз худ намудани забонҳои гуногун кӯшиш кунаду вақташро сарфаи корҳои беҳуда нагардонад, ҳамон қадар қобилияти зиёдтар аз худ намудани чандин забонҳоро пайдо мекунад.


Ҳастанд нафароне, ки аз хотираи худ шикоят мекунанд  ва мепиндоранд, ки хотираашон имкони қабули маълумоту далелҳоро надорад. Мушкил дар хотира нест, балки ин гуна инсонҳо  наметавонанд, хотираашонро дуруст идора намоянд. Барои дуруст истифода бурдани хотира бояд аз хӯрдӣ кӯдакро тарбия намуд.  Барои ҳамин таваҷҷуҳ ба хотироти кӯдак аз хурдӣ роҳест баҳри рушду камол ёфтани инсон то абад.


10 далели ҷолиб дар бораи инсон

Сарчашмаҳо:  echo.msk.ru, kp.ru
Расм аз
trenermozga.ru

Мақолаи қаблӣАломатҳои доллар ($), евро (€) ва рубл (₽) чиро ифода мекунанд?
Мақолаи баъдӣЧанд донистании муфид дар бораи чашми инсон

2 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед