Худошиносӣ (оят ал курси)

0

Номи ягона Худои барҳақи шостаи парастиш, воҷибулибодат, носиру мададгори бандаҳо, иҷобаткунандаи дуъоҳо, амаликунандаи орзӯҳо, саъодатмандкунандаи бандаҳо ва ягона офарандаи оламу Одам Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аст. Аллоҳи воҳиди бемислу ҳамто дар бузургтарин ояти китобаш, ки маъруф ба “Оятулкурсӣ” аст, яъне дар ояти 255 сураи “Бақара” Зоти ақдаси худро чунин таъриф кардааст:

{اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ} (البقرة / 255) 

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Ҷуз Аллоҳи якка ва ягона ҳеҷ Худои дигаре нест. Ӯ ҳамеша зинда ва тадбиркунадаи умури олам аст. Вайро ҳаргиз хоби сабук (пинак) ва хоби гарон намегирад. Тамоми ончи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст. Кист, ки бидуни иҷозати Ӯ дар наздаш шафоъат кунад? Гузашта, имрӯза ва ояндаи бадагонашро медонад, вале бандагонаш аз илми  Ӯ танҳо ончиро Аллоҳ худаш бихоҳад, огоҳ мешаванд. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва ҳифзи он ду барояш мушкил нест. Ва Ӯ Баландмартабаи Бузургқадр аст”.

Хулосаи “Оятулкурсӣ”

1-Ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ Худои дигаре нест ва ҳар ончиро, ки ғайри Аллоҳ таолост ва онро инсонҳо Худо мегӯянд, хоҳ инсон бошад ё бут ё офтоб ё чизи дигаре дурӯғ ва ботил аст.

2- Аллоҳ таоло зиндаи ҳамешабақо буда, ҳаргиз намемирад ва тамоми умури оламро Ӯ таоло тадбир ва идора мекунад. Пас ҳеҷ инсоне ё буте ё офтоб ва ё тамоми дигар мавҷудот Худо ё шарику ҳамтои Аллоҳ таоло буда наметавонанд. Зеро мемиранд ва фано меёбанд ва аз тадбиру идора кардани умури олам оҷизу нотавонанд.

3- Аллоҳ таолоро пинак ва хоб намегирад ва ҳаргиз хаста намешавад ва ба хобу истироҳат зарурат надорад. Пас ҳеҷ инсон ва ё махлуқи дигаре Худо ё шарику ҳамтои Ӯ буда наметавонанд, зеро хаста мешаванд ва ба пинаку хоб муҳтоҷанд.

4- Тамоми ончи дар осмонҳо ва замин аст ва ҳатто инсонҳо ва ҷинҳо банда ва моли Аллоҳ таоло мебошанд. Зеро  ҳамаро Ӯ ба танҳоияш офарида ва ба вуҷуд овардааст. Пас ҳеҷ касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло шоистагии Худо буданро надорад ва мислу ҳамтои Ӯ таоло буда наметавонад. Зеро ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе мисли Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро офаридаву оламу Одамро ба вуҷуд оварда наметавонад.

5- Дар ҳузури Аллоҳ таоло ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе касеро шафоъат карда ва аз азоби дӯзах наҷот дода наметавонад, магар касе метавонад, ки Ӯ таъоло аз ӯ розӣ бошад ва вайро иҷозат бидиҳад. Пас ақидаи мушрикон ва бутпарастон, ки бутҳояшон дар назди Аллоҳ онҳоро шафоъат мекунанд дурӯғи маҳз ва ботили ошкор аст. Зеро Аллоҳ аз бутпарастӣ розӣ нест ва ҳамаи буту бутпарастонро якҷоя дар дӯзах меандозад.

6- Аллоҳ таоло илми бемислу беҳудуд дорад ва аз гузашта, имрӯза ва ояндаи ҳамаи мавҷудоти олам бо хабар аст ва он илме, ки Аллоҳ таоло барои мо бандагонаш додааст дар баробари илми Ӯ таоло бисёр андаку маҳдуд аст. Пас инсон ҳатто агар ба баландтарин мақому мартабаи башарӣ, яъне ба пайғабарӣ расида бошад ҳам, мисли Аллоҳ таоло илми ғайбро намедонад ва аз умури ғайбӣ танҳо он чиро ва он миқдореро медонад, ки Аллоҳ таоло аз тариқи ваҳйи хабардораш кардааст.

7-Курсии Аллоҳ таоло, ки онро  зинаҳои Арши Аллоҳ таоло мегӯянд, аз ҳафт табақаи осмон ва замин дар якҷоягӣ ҳазорон маротиб бузургтар мебошад. Арши Аллоҳ аз ин курсии чунин бузургаш бисёр бузургтар аст ва Аллоҳ таоло аз ҳамашон дар якҷоягӣ бузургтар мебошанд. Ақлҳо ва хаёлҳо ҳатто аз тасаввур кардани бузургии Аллоҳ таоло оҷиз мебошанд.

Пайғамбар (с) аз бузургии курсии Аллоҳ таъоло чунин хабар додааст:

 “وفي فتح الباري لابن حجر -13/ 411- وَفِي حَدِيثِ أَبِي ذَرٍّ الطَّوِيلِ الَّذِي صَحَّحَهُ بن حِبَّانَ إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ”يَا أَبَا ذَرٍّمَا السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ مَعَ الْكُرْسِيِّ إِلَّا كَحَلْقَةٍ مُلْقَاةٍ بِأَرْضٍ فَلَاةٍ وَفَضْلُ الْعَرْشِ عَلَى الْكُرْسِيِّ كَفَضْلِ الْفَلَاةِ عَلَى الْحَلْقَةِ” وَلَهُ شَاهِدٌ عَنْ مُجَاهِدٍ أَخْرَجَهُ سَعِيدُ بْنُ مَنْصُورٍ فِي التَّفْسِيرِ بِسَنَدٍ صَحِيحٍ”.

“Ҳафт табақаи осмон дар баробари курсӣ, монади ангуштарӣ дар биёбон андохташуда мебошад. Бартарии Арш бар курсӣ ҳамонанди бузургии он биёбон бар он ҳалқа аст”. Яъне ҳафт табақаи замину осмонҳо ҳамроҳи мо инсонҳо ва ҳамроҳи  милионҳо ситораҳои ҳар кадомаш бузургтар аз замини мо мисли донаи сипанде дар баробари Арши Аллоҳ таъоло мебошанд.

Ибни Аббос дар ҳадиси мавқуфи дар ҳукми марфуъ чунин гуфтааст:

“وفي الإبانة عن شريعة الفرقة الناجية -3/ 308- 237 – وَعَن ابْن عَبَّاس قَالَ “السَّمَاوَات السَّبع والأرضون السَّبع وَمَا فِيهِنَّ فِي يَد الرَّحْمَن كخردلة فِي يَد أحدكُم”. ( أثر ابْن عَبَّاس إِسْنَاده صَحِيح )

“Ҳафт табақаи замину осмон ва ончи дар замину осмон аст, дар дасти билокайфи Аллоҳ таоло мисли донаи сипанде дар дасти яке аз шумо аст”.

Оре! Аллоҳ таоло чунин яккаву ягона, бемислу монанд, бузургу беҳамто мебошад, пас касеро ё чизеро мислу монандаш гуфтан ё зану фарзандаш хондан ё ғайри ӯро маъбуду худо гуфтан ва аз ғайри Аллоҳ таоло умеди мададу  некбахтӣ дошатан ва саъодатмандиро аз ғайри Аллоҳ  талаб кардан, бешак залолат аст.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣТалаби илм (дар Ислом)
Мақолаи баъдӣҚуръоншиносӣ (шинохти Қуръон, маъноҳои Қуръон)