Маҳрам кист? Номаҳрам кист?

0

Маҳрам ва номаҳрам

Дар ин мақола маълумот дар бораи маҳрам ва номаҳрам, хешу ақрабое, ки барои зан маҳрам мебошанд ва хешу ақрабое, ки барои мард маҳрам мебошанд оварда мешавад. То охир хонед дӯстон.

оила ислом

Давоми матнро баъди реклама хонед

Маҳрам касест, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст. Шахсоне, ки бар писарон ва мардҳо маҳрам ҳисоб мешаванд, инҳо мебошанд:

  1. Модар ва модаркалон;
  2. Духтар ва духтари фарзанд;
  3. Хоҳар;
  4. Хоҳарзода (духтари хоҳар);
  5. Бародарзода (духтари бародар);
  6. Амма (аммаи худ ва аммаи падару модар);
  7. Хола (холаи худ ва холаи падару модар).

Афроди мазкур ба сабаби хешовандии насабӣ бо ҳам маҳраманд ва гурӯҳи дигаре ҳам ба сабаби издивоҷ маҳрам мешаванд, ки иборатанд аз:

  1. Модар ва модаркалони зан;
  2. Духтари зан, ҳарчанд духтари худаш набошад;
  3. Зани падар (моиндар);
  4. Зани писар (келин).

Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд, дигар занҳо номаҳраманд, ҳатто зани бародар ва хоҳарзан, гарчӣ хоҳарзан то муддате, ки хоҳараш ҳамсари ӯст ҳаром мебошад, яъне издивоҷ бо ду хоҳар ҷоиз нест, магар инки аввали аз дунё биравад ё ӯро талоқ диҳад.

*Издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайри мусулмон ҳаром аст ва низ издивоҷи марди мусулмон бо зани бутпараст ва бехудо ҳаром мебошад.


Ҳамин тавр, чуноне дар боло мушоҳида мешавад, барои зани мусулмон ин ашхос маҳрам ба ҳисоб мераванд ва издивоҷ бо онҳо ҳаром аст:

  1. Писар ва набера;
  2. Падар ва бобо;
  3. Бародар;
  4. Бародари модар (тағо);
  5. Бародари падар (амак);
  6. Писар ва набераи бародар;
  7. Писар ва набераи хоҳар;

Гурӯҳи дигар бо сабаби хешовандӣ ва пас аз издивоҷ маҳрам мешаванд:

  1. Домоди худ ва домоди фарзанд;
  2. Шавҳари модар (падарандар);
  3. Писари шавҳар (ҳарчанд писари худаш набошад)
  4. Падари шавҳар (хусур).

Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд дигар мардҳо барои зан номаҳараманд, ҳатто бародари шавҳар ва шавҳари хоҳар (язна), гарчи издивоҷ бо шавҳари хоҳар (язна) то муддате, ки хоҳар ҳамсари ӯст ҳаром мебошад, яъне издивоҷ бо шавҳари хоҳар ҷоиз нест, магар инки хоҳар аз дунё рафта бошад, ё ӯро шавҳар талоқ диҳад.


Дӯстон дар ин мақола муфассал оиди маҳрам ва номаҳрам будани хешовандон маълумот овардем. Барои дастгирии сомона мақоларо дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед ва саҳифаҳои моро дар Facebook ва Instagram пайгирӣ намоед.

Фарқ байни намози мард ва зан


махрам кист номахрам кист бо забони точики.

Мақолаи қаблӣҲазрати Бурх (Бурхи Валӣ)
Мақолаи баъдӣТадқиқот оиди ҷавондухтарон ва ҷавонписарон

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед