Осорхона (Музей)

0

Пайдоиши Осорхона (Музей)

Одамон дар хонаашон бозича, либос, расм, китоб ва дигар ашёе доранд, ки дӯст медоранд. Ин ашё барои одамон аҷиб, шавқовар ва зебо буда, онҳоро солҳои зиёд нигоҳ медоранд.

Баъзе одамон гирд овардани ашёи гуногунро дӯст медоранд. Масалан, баъзеҳо ба ҷамъ кардани тангаҳои қадима шавқу ҳавас дошта бошанд, баъзеҳо гирд овардани расм ё зарфу қолинҳои қадимиро дӯст медоранд. Онҳо ашёи дӯстдоштаи худро ба меҳмонон нишон медиҳанд. Дар бораи онҳо бо шавқу ҳавас суҳбат мекунанд. Ин одати одамон аз замонҳои пеш анъана шуда омадааст. Одамон аз замонҳои қадим ашёи гирдовардаи худро нигоҳ дошта, ба одамон нишон медоданд. Оҳиста-оҳиста, барои он ки ашёи гирдовардаи онҳоро одамони бисёртар бубинад, биноҳои калони махсус сохта, барои тамошо мегузоштанд. Ҳамин тавр, аввалин осорхонаҳо пайдо шуданд.

осорхона, музей таджикистана

Давоми матнро баъди реклама хонед

Осорхона чи гуна ҷоест?

Осорхона ҷоест, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, санъат, дастовардҳои илму техника нигаҳдорӣ ва омӯхта мешаванд. Онҳоро барои тамошо низ мегузоранд. Ба таври дигар, осорхона ҷоест, ки дар он чизҳои қадимӣ ва аҷибу зебо: кӯзаҳои қадимӣ ва зарҳалин, расм, устухони фил, либос, пойафзол, яроқу аслиҳа ва намунаҳои асбобҳои техникӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ёдгориҳои таърихӣ гуфта ашёеро мегӯянд, ки таърихи садсолаю ҳазорсола доранд. Ёдгориҳои санъат асарҳои барҷастаи ҳунарҳои кулолӣ, кандакорӣ, заргарӣ, наққошӣ, рассомӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Дастовардҳои илму техника намунаҳои аввалини техникаи кишоварзию коргариро фаро мегирад.

Осорхона барои чӣ даркор аст? Нигораҳои осорхона дар бораи тарзи ҳаёту рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои зебои аҷдоди мо нақл мекунанд. Одамон ба осорхона рафта, донишҳои худро афзун мегардонанд. Бисёр ашёеро мебинанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза дида намешаванд. Одамон бо чашми худ мебинанд, ки аҷдодони мо чӣ гуна зиндагӣ мекардаанд, чӣ хел либос мепӯшидаанд, аз кадом асбобҳои рӯзгор ва яроқу аслиҳа истифода мебурдаанд.


Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон осорхонаҳо бисёранд. Машҳуртарини онҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он аз чаҳор бино ёфт, беш аз 20 толори намоиш дорад. Қабати аввали осорхона «Табитшиносӣ» ном дорад, ки дар он намунаҳои геологӣ, сарватҳои зеризаминӣ, олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Қабати дувуми осорхона осору бозёфтҳо, нигораҳо ва нақшу нигораҳои замони қадимро дар бар мегирад. Қабати сеюми осорхона ба давраи Сомониён ва қабати чорум осори асри 20, яъне даврони шӯравӣ ва замони истиқлоли Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ҳамчунин дар қабати чаҳоруми осорхона толори махсусе ҳаст, ки туҳфаҳои дар муддати 20 соли охир ба Президенти Тоҷикистон тақдимшуда нигаҳдорӣ мешаванд.

Даромадгоҳ ва саҳни бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо муҷассамаҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик оро ёфтааст.

Тамошои осорхона тартибу қоида дорад. Дар осорхона бо овози баланд гап задан мумкин нест. Роҳбалади осорхонаро бояд бодиққат гӯш кунед, то ки дар бораи нигораҳо маълумоти бештар пайдо кунед. Ба нигораҳои осорхона даст нарасонед.

Инчунин хонед:

Китобхонаи Миллии Тоҷикистон


Осорхонаи Точикистон, пайдоиши музей, музей таджикистана, Осорхона, таърихи музей, музейи Точикистон.

Мақолаи қаблӣКитобхонаи Миллии Тоҷикистон
Мақолаи баъдӣТарзи хондани Намози ПЕШИН

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед