Розҳои доштани умри тӯлонӣ

0

Ҳар шахс мехоҳад умри тӯлонӣ дошта бошад. Чанд розҳоеро барои доштани умри тӯлонӣ баҳри шумо, корбарони азиз, гирдоварӣ намудем, то умри тӯлоние дошта бошед.  😉


Бовиҷдон бошед

Давоми матнро баъди реклама хонед

Як пажӯҳиш, ки 80 сол ба давом кард, нишон дод, касоне, ки шахсияти бовиҷдон доранд, зиндагии тӯлонитар хоҳанд дошт. Муҳаққиқон вижагиҳое ҳамчун таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва пуштикорро дар ин масъала марбут медонанд. Онҳо дарёфтанд, ки афроди бовиҷдон барои ҳифзи саломатии худ, корҳои бештаре анҷом медиҳанд ва гузинаҳоеро интихоб мекунанд, ки ба доштани равобити қавитар сабаб мешавад.


Дӯст пайдо кунед

Доштани дӯстони бештар, метавонад, ба шумо кӯмак кунад, ки умри тӯлонитар дошта бошед. Муҳаққиқони Австралия дар як баррасии даҳсола ба ин натиҷа расиданд, афроде, ки иртиботҳои бештаре доштанд, камтар аз касоне, ки дӯстони камтаре доштанд, аз дунё рафтанд. Тибқи натоиҷе, ки аз 148 пажӯҳиш ба даст омад, байни равобити иҷтимоии фаровон ва тӯли умр иртибот вуҷуд дорад.


Дӯстони худро оқилона интихоб кунед

Одатҳои дӯстонатон ба шумо низ мунтақил хоҳад шуд.  Бинобарин саъй кунед дӯстонеро баргузинед, ки шеваи зиндагии солим дошта бошанд. Мутолиот нишон медиҳад, фарбеҳӣ аз назари иҷтимоӣ “гузаранда” аст. Агар шумо дӯсти фарбеҳ дошта бошед, эҳтимоли фарбеҳии шумо 57 дарсад афзоиш пайдо мекунад. Сигор кашидан яке дигар аз одатҳое аст, ки аз тариқи равобити иҷтимоӣ густариш меёбад, аммо хабари хуб ин аст, ки тарк кардани сигор низ гузаранда аст. Пас ба думболи дӯстони саломат бигардед.


Сигорро тарк кунед

Ҳама медонанд, ки тарки сигор метавонад, умрро афзоиш диҳад, аммо миқдори ин афзоиш шояд барои шумо тааҷҷубовар бошад. Тибқи як пажӯҳиш, ки ба муддати панҷоҳ сол дар Бритониё анҷом шуд, тарки сигор дар синни 30 солагӣ метавонад, умри шуморо то 10 сол афзоиш диҳад. Агар дар синни 40, 50 ё 60 ин одатро канор бигузоред умед ба зиндагии шумо ба тартиб 9, 6  ва ё 3 сол афзоиш меёбад.

Якчанд сирри равонии инсон


Истироҳатҳои кӯтоҳи нимарӯзиро фаромӯш накунед

Тибқи шавоҳиди илмӣ хоби нимарӯзӣ метавонад, ба афзоиши тӯли умр кумак кунад. Пажӯҳише бар рӯи 24000 нафар нишон дод касоне, ки ба таври муназзам истироҳатҳои нимарӯзӣ доштаанд 37 дарсад камтар аз дигарон ба бемориҳои қалбии кушанда дучор мешуданд. Муҳаққиқон эътиқод доранд, истироҳати кӯтоҳ, ҳормунҳои изтиробро поин нигаҳ медорад ва ба ин тариқ ба қалб кумак мекунанд.


Режими ғизоии солим дошта бошед

Аз он режими ғизоӣ истифода кунед, ки саршор аз меваҳо, сабзиҷот, ғаллоти комил, равғани зайтун ва моҳӣ бошад. Натоиҷи 50 пажӯҳиш нишон медиҳад, ки беш аз ним миллион нафаре, ки аз ин режими ғизоӣ пайрави карданд, тӯли умри бештаре доштаанд.


Издивоҷ кунед

Мутолиоти мутааддид нишон медиҳад, ки афроди оиладор бештар аз афроди муҷаррад умр мебинанд. Бисёре аз муҳаққиқон далели ин амрро ба ҳимояти иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки издивоҷ фароҳам мекунад, нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки як издивоҷи муваффақ фоидаҳои бисёре дорад, талоқ ва ё бева шудан эҳтимоли маргро бештар аз касоне, ки ҳаргиз издивоҷ накарданд, афзоиш медиҳад.


Вазн кам кунед

Агар изофаи вазн дошта бошед, лоғар шудан метавонад, шуморо дар баробари диёбет, бемориҳои қалбӣ ва дигар шароите, ки зиндагиро кӯтоҳ мекунанд муҳофизат кунад. Чарбии шикам бисёр зарар дорад. Таҳқиқот нишон медиҳад, хӯрдани фибри бештар ва варзиши муназзам роҳҳои муассир барои коҳиши чарбии шикам ҳастанд.


Таҳаррук дошта бошед

Ба таври мутавассит афроде, ки варзиш мекунанд нисбат ба одамҳои бетаҳаррук зиндагии тӯлонитар доранд. Мутолиоти бисёре нишон додааст, ки фаъолияти бадании муназзам хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ, сактаи мағзӣ, диёбет, бархе аз анвоъи саратон ва афсурдагиро коҳиш медиҳад. Варзиш ҳатто метавонад, ба шумо кумак кунад, дар синну соли боло зеҳни ҳушёр дошта бошед. Ба таври мутавассит ҳудуди 2.5 соат варзиш дар ҳар ҳафта муносиб аст. Бинобарин саъй кунед, рӯзона каме пиёдаравӣ кунед ва ё ба порки наздики хона биравед ва миқдоре бидавед. Агар бо мошин рафту омад мекунед, мошинро каме дуртар аз маҳалле, ки қасд доред биравед, нигаҳ доред, ва бақияи роҳро пиёда тай кунед.


Машруботи алкулӣ масраф накунед

Бемории қалбӣ дар масрафкунандагони алкул роиҷтар аст. Машруботи алкулӣ фишори хунро афзоиш медиҳад, ва боиси мушкилоти саломатии мутааддид мешавад.


Ба масоили маънавӣ таваҷҷуҳ кунед

Таҳқиқот нишон медиҳад, афроде, ки дар маросими мазҳабӣ ширкат мекунанд нисбат ба касоне, ки ба масоили маънавӣ беэътино ҳастанд зиндагии тӯлонитаре доранд. Дар як мутолиа, ки 12 сол тӯл кашид ва бар рӯи афроде, ки беш аз 65 сол син доштанд анҷом шуд, мушаххас шуд, касоне, ки беш аз як бор дар ҳафта дар маросимҳои мазҳабӣ ширкат мекунанд, нисбат ба касоне, ки ин корро намекунанд, сатҳҳои болотари аз протеини аслии системи эминиро доранд ва мизони марг дар онҳо камтар аст. Иртиботи қавии иҷтимоӣ миёни касоне, ки бо якдигар ба ибодат мепардозанд, метавонад ба саломатии онҳо кумак кунад.


Дигаронро бубахшед

Раҳо кардани кинаҳо барои саломатии ҷисми шумо манофеи шигифтангез дорад. Хашм ба коҳиши амалкарди рия, ибтило ба бемориҳои қалбӣ, сактаи мағзӣ ва дигар бемориҳо иртибот дорад. Афву бахшиш изтиробу фишори хунро коҳиш медиҳад ва ба танаффуси шумо кумак мекунад ва мунҷар ба тӯли умри шумо мешавад.


Аз васоили эминӣ истифода кунед

Тасодуфҳо яке аз далоили аслии маргу мир аст ва бештари қурбониёни он афроди 1 то 24 сола ҳастанд. Истифода аз васоили эминӣ (кулоҳи эминӣ, камарбанди эминӣ) аз роҳҳои афзоиши умри шумост; барои мисол дар тасодуфҳо камарбанди эминӣ хатари марг ё садамаи ҷиддиро то 50% коҳиш медиҳад. Дар тасодуфҳои моторсиклет иллати бештари маргу мирҳо зарба ба сар аст, ки кулоҳи эминӣ метавонад, онро ба тарзи қобил таваҷҷуҳе коҳиш диҳад.


Хобро дар авлавияти худ қарор диҳед

Доштани миқдори муносиби хоби бокайфият метавонад, хатари ибтило ба фарбеҳӣ, диёбет, бемориҳои қалбӣ ва ихтилолҳои рафториро коҳиш диҳад. Хоби кофӣ кумак мекунад, бемориҳо сареътар беҳбуд пайдо кунанд. Аз сӯи дигар шаббедорӣ хатарҳои ҷиддиро мутаваҷҷеҳи саломатии шумо мекунад. Камтар аз 5 соат хоб дар шаб, хатари марги зудрасро афзоиш медиҳад. Бинобарин хобро дар авлавияти худ қарор диҳед.

Оиди давомноки ва тарзи дурусти хоб метавонед ин маводро хонед >>

ХОБ | давомнокӣ, арзиш, далелҳои ҷолиб


Изтироби худро мудирият кунед

Таҳқиқоти мунташиршуда нишон медиҳад, ки тағйир дар шеваи зиндагӣ ва мудирияти изтироб ба ҷилавгирӣ аз бемориҳои қалбӣ кумак мекунад. Агарчи иҷтиноб аз изтироб барои аксари мардум имконпазир нест, аммо роҳҳои муассире барои контроли он вуҷуд дорад. Yoga ва ё танаффуси амиқро имтиҳон кунед. Ҳатто ихтисос додани чанд дақиқа дар рӯз ба ин фаъолиятҳо метавонад, дар зиндагӣ тағйир эҷод кунад.


Эҳсоси ҳадафманд ва арзишманд будан дошта бошед

Доштани саргармиҳо ва анҷоми фаъолиятҳое, ки барои шумо арзишманд бошанд, ба афзоиши умри шумо кумак мекунанд. Муҳаққиқони Япония дарёфтанд, касоне, ки ҳадафманд буданд, камтар аз дигарон мемурдаанд. Мутолиаи дигаре дар марказҳои пизишкӣ нишон медиҳад, ки эҳсоси арзишмандӣ ва ҳадафманд будан хатари бемории алзайме фа фаромуширо коҳиш медиҳад.


Манбаъ: Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна”.

Хотираи инсон чӣ гуна ва ғунҷоиши он чанд аст?


Чи тавр умри дароз бояд дошт, доштани умри дароз, умри тулони дошта бошед? сирри доштани умри дароз

Мақолаи қаблӣРозҳои волидайни муваффақ
Мақолаи баъдӣҒАМГИН МАШАВ!

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед