Шеърхо дар бораи Падар

0

Якчанд шеър ва рубоиёт дар васфи падар (дада, ота) меорем. Бо www.DONISH.su бошед азизон! Шеър дар бораи Падар >>

ПАДАРАМ,ЭЙ ПАДАРАМ….

Пеши ту хоксалом омадаам,
Давлатам гашт тамом, омадаам,
Паркушо сарсари бом омадаам,
Субҳ аз домани шом омадаам.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Падарам,эй падарам, эй падарам.
Бе дуои ту дигар бесипарам.

Хонаву дар ба сарам мечархад,
Хонаи чашми тарам мечархад,
Хонаи бепадарам мечархад,
Осмон дар назарам мечархад.

Падарам, эй падарам, эй падарам.
Бе ту бечораи бечоратарам

Модарам хеш, ки дода аз даст,
Сатри мотамзадагиро барбаст,
Гӯяд, эй покдили покпараст;
Дар баландӣ чӣ кунам бо сари паст !?

Падарам, эй падарам, эй падарам,
Канда шуд баъди ту банди камарам.

Оби чашмам чӣ кунад оташи ғам?
Хаста гардидаам аз кашкаши ғам,
Дасту по бастаи зери каши ғам,
Тир бикшод дигар Ораши ғам !

Падарам, эй падарам, эй падарам
Чун кабобест ба оташ ҷигарам.

Пушти дарвозаи бепушт, чӣ суд ?
Ба сарам баъди падар, мушт чӣ суд?
Муштро панҷаи ангушт, чӣ суд?
Рафтаро гиряи аз пушт, чӣ суд?

Падарам, эй падарам, эй падарам,
Тахтшин ҳастаму бе тоҷи сарам.

Кошки дар бари гӯрат бошам
Навниҳоли сари гӯрат бошам,
Чун нишон мармари гӯрат бошам,
Сабзазори тари гӯрат бошам.

Падарам, эй падарам, эй падарам,
Бе ту ҳеҷам, бо ту Давлат Сафарам.


Падар ҳам дӯст медорад чу модар нек фарзандаш
Давоми умр вай бошад, зибаски ин ҷигарбандаш
Намехоҳад ба дунёе диҳад аз хандаи ӯро
Намояд ҷони худро садқаи як ҳарфи дилбандаш
Навозиш карда ӯро, парварад бо як ҷаҳон умед
Баҳори рӯзгораш бишмарад бо як ҷаҳон умед
Намемонад, ки пояш каҷ ниҳад аз роҳи инсонӣ
Ба роҳи неки иқболаш барад бо як ҷаҳон умед

Ашур Сафар


Мақолаи қаблӣШеър дар васфи Точик / Тоҷик / точикам
Мақолаи баъдӣМанораи Эйфел