Далелҳои иттифоқӣ ва ихтилофӣ (дар мазҳаби аҳли суннат)

0

Далелҳои иттифоқӣ ва ихтилофӣ (дар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат). Далелхои иттифоки ва ихтилофи (дар мазхаби ахли суннат ва чамоат).


Дар усули фиқҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат далелҳои шаръӣ ду тақсим карда шудаанд:

  1. Муттафақун алайҳ.
  2. Мухталафун фиҳ.

Далелҳои муттафақун алайҳи дар байни чаҳор мазҳаб чаҳор далел аст:

Давоми матнро баъди реклама хонед
  1. Қуръони карим.
  2. Суннати набавӣ.
  3. Иҷмоъи уммат.
  4. Қиёс.

Далелҳои ихтлофи дар байни чаҳор мазҳаб ҳашт далел аст:

1-Истисҳоб, яъне бақои ҳукми аввал то замоне ки ҳукми дигари  тағйирдиҳандаи он собит нашавад. Яъне асл дар ашё ҳалол будан  аст ва чунин боқӣ мемонанд то замоне, ки далели ҳаром буданаш собит нашуда аст. Ба таври мисол хурдани гушти гову гусфанд қабл аз нузули Қуръон ҳалол буд ва баъди нузули Қуръон низ ҳаром ва манъ карда нашуд ва ҳукми собиқааш боқӣ мемонад ва инро истисҳоби ҳукм яъне бақои он меноманд.

2-Шариъатҳои қабл аз мо гузашта. Аҳкоми шариъатҳои гузашта, ки дар Қуръон ва Суннат барои мо бидуни рад шудан ва мансух ҳукм шудан нақл шудаанд, барои мо низ шариъат мебошанд. Ба таври мисол дар ояти 32 сураи “Моида” Аллоҳ таоло хабар додааст, ки бар Бани Исроил муқарар кардааст, ки касе як касеро бидуни гуноҳ кушта бошад гӯё ҳамаи мардумро куштааст. Ин ҳукмро ҳеҷ ояти Қуръон мансух накардааст, пас ин ҳукми дар шариъати ҳазрати Мусо (а) содиршуда барои мо низ шариъат аст.

3-Қавли саҳобӣ.  Мурод аз қавли саҳобӣ ончи аз яке аз саҳобагони Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки назари ӯ ё фатвои ӯ ё ихтиёркардаи ӯ ва ё ҳукми ӯ дар масъалаест, ки дар Қуръон ва Суннат ва ё иҷмоъи уммат наомадааст. Ибни Обидин дар “Ради Муҳтор” дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:

“وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين “رد المحتار”- 2/ 158- وَالْحَاصِلُ أَنَّ قَوْلَ الصَّحَابِيِّ حُجَّةٌ يَجِبُ تَقْلِيدُهُ عِنْدَنَا إذَا لَمْ يَنْفِهِ شَيْءٌ آخَرُ مِنْ السُّنَّةِ”.

“Ҳосили калом ин ҳаст, ки қавли саҳобӣ ҳуҷҷат аст ва тақлид кардан аз он аз дидгоҳи мо ҳанафиён воҷиб аст, агар онро суннат рад накунад”. Яъне агар мухолифи қавли Пайғамбар (с) набошад.

Дар ривояти “Мусаннафи Ибни Абушайба” бо санади мавқуфи саҳеҳ Ибни Масъуд разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“وفي مصنف ابن أبي شيبة -4/ 368/ 21130 – حَدَّثَنَا أَبُو بَكْرٍ قَالَ: حَدَّثَنَا حَاتِمُ بْنُ إِسْمَاعِيلَ، عَنْ حُمَيْدِ بْنِ صَخْرٍ، عَنْ عَمَّارٍ الدُّهْنِيِّ، عَنْ سَعِيدِ بْنِ جُبَيْرٍ، عَنْ أَبِي الصَّهْبَاءِ، عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ، أَنَّهُ سُئِلَ عَنْهَا ({وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْتَرِي لَهُوَ الْحَدِيثِ…} (لقمان: 6) فَقَالَ: «الْغِنَاءُ، وَالَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ» (وقال الحافظ بِإِسْنَادٍ صَحِيحٍ كما في التلخيص الحبير ط العلمية -4/ 482)

“Мусиқӣ аст, қасам ба зоте, ки ба ҷуз Ӯдигар худое нест!.

Дар ин ривояти саҳеҳ саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд назар додааст, ки ояти шашуми сураи “Луқмон” дар мавриди мусиқӣ нозил шудаст ва ҳеҷ ҳадиси саҳеҳе ин назари вайро рад намекунад, пас амал кардан ба қавли ӯ саҳеҳ ва лозим аст.

4-Истиҳсон.  Мурод аз истиҳсон тарк кардани қиёс ва амал кардан ба далели қавитар аз қиёс, яъне ба оят ва ҳадис аст. Ин тарк кардани қиёс аз ҷиҳати ворид шудани оят ё ҳадис ё аз ҷиҳати мухолифи иҷмоъ қарор гирифтани қиёс ё аз чиҳати мухолифи урф воқеъ шудани қиёс ва ғайра аст.

Ба таври мисол мутобиқи қиёс хурдани дидаву дониста ва фаромушона дар ҳақиқат ифтор кардан мебошанд ва бояд ҳар ду навъ рӯзаро бишикананд. Аммо ҳангоме дар ҳадис ворид шудааст, ки хурдани фаромушона рӯзаро намешиканад қиёсро тарк карда мешавад ва ба ҳадис амал карда мешавад.

5-Масолеҳи мурсала. Мурод аз масолеҳи мурсала умурест, ки дар Қуръон ва Суннат дар мавриди ҳукми онҳо чизе ворид нашудааст, вале эътибори онҳо барои панҷ мақосиди шаръӣ, яъне ҳифзи дин, ё ақл, ё ҷон, ё мол, ё наслу насаб муҳим мебошанд. Аз ҷумлаи чунин масоил маҷбур кардани шариъат падарро, ки духтари хурдашро бо шахси барояш куфву муносиб никоҳ бикунад. Зеро издивоҷи духтараш бо шахси куфву муносибаш барои ояндаи вай фоида дорад ва издивоҷаш бо шахси номуносиб сабаби зарарҳо барояш шуда метавонад.

6-Садди зароеъ. Манъ кардани умури аз дидгоҳи шариъат ҷоизу мубоҳе, ки сабаби сарзадани умури зараровар шуда метавонанд. Ба таври мисол дар ояти 108 сураи “Моида” Аллоҳ таоло дашном додани бутҳои мушриконро, ки мустаҳиқи дашном додан мебошанд, аз ҷиҳати сар задани фасод, ки он дашном додани мушрикон Аллоҳ таолорост, манъ кардааст.

7-Истиқроъ. Субути ҳукмро дар чузъиёт иллати субути айни ҳамон ҳукм дар куллиёт қарор додан.  Ба таври мисол аксари муддати бордорӣ дар оят ва ҳадис зикр нашудааст, вале уламо мушоҳида кардаанд, ки дар баъзе занон то чаҳор сол идома мекунад ва ҷумҳури уламо чаҳор солро аксари муддати ҳамл барои ҳамаи занон қарор додаанд.

Аммо уламои ҳанафӣ дар ин масъала бо қавлӣ саҳобия модари муъминон ҳазрати Оиша, ки дар ривояти Доруқутнӣ аксари муддати ҳамлро ду сол гуфтааст, фатво додаанд.

8-Урф.  Мурод аз урф, урфу одати аксари мардум дар гуфтор кирдор, муомилаҳои тиҷоратӣ, масоили маҳру мол ва дигар умур аст. Ба таври мисол агар касе қасам бихурад, ки гӯшт намехурам ва гӯшти моҳӣ бихурад қасамаш намешиканад, зеро дар урфи мардум моҳиро гӯшт намегӯянд, гарчанде дар ҳақиқат гушт аст. Агар касе қасам бихурад, ки дар хона намедарояд ва дар масҷид дарояд қасамашро намешиканад, зеро дар урфи мардум масҷидро хона намегӯянд, гарчанде масҷидҳоро хонаҳои Худо гуфта мешавад.

Урф аз барои тахсис аст на аз барои таъсис, яъне урф мисли Қуръон ва Суннат далели эҷоди ҳукме намебошад, валекин мисли баъзе оятҳо ва ҳадисҳо баъзе масъалаҳои оми дар Қуръон ва Суннат мутобиқи урф омадаро махсус мекунад. Чуноне хурдани гӯштро ба ғайри гӯшти моҳӣ ва даромадани хонаро ба ғайри масҷид махсус кардааст.


Маърифати мазҳаби Аҳли Суннат (мазхаби ахли суннат, сунни)

Мақолаи қаблӣШарҳи масодири Дин-ҳукмҳои шариат аз куҷо гирифта мешаванд?
Мақолаи баъдӣМуҳкамот ва муташобиҳот (навъҳои оёти Қуръон)