Мамнуъоти ҳаҷ / Дар вақти Ҳаҷ чӣ корҳо дуруст нест?

0

Мамнуъоти хач / Дар Хач чи корхо дуруст нест?


1-Мамнуъоти ҳаҷ, яъне корҳои манъ буда, дар аснои иҳроми ҳаҷ се навъанд:

Давоми матнро баъди реклама хонед

1-Корҳое, ки муҳрим, яъне шахсе, ки эҳроми ҳақ бастааст, бо баданаш  карда  наметавонад.

2- Корҳое, ки муҳрим бо либоси дар танаш буда карда наметавонад.

3- Корҳое, ки муҳрим бо дигарон карда наметавонад.


I-Мамнуъоти бо баданаш:

1- Сари худро шона намекунад.

2- Риши худро шона намекунад.

Пас агар сар ё ришашро шона бикунад ва дар асари он мӯйе бияфтад ва ё шапуше кушта шавад, бояд чизе садақа кунад.

3- Сари худро равған намекунад.

4-Риши худро равған намекунад.

Пас агар сар ё ришашро равған бикунад назар карда мешавад, агар равғани зайтун ва дигар анвоъи равғанҳои барои мӯй истифодашаванда бошад, бар вай куштани гусфанд воҷиб мегардад. Аммо агар равғани одатан дар сару мӯй истифодашаванда набошад, масалан равғани барои истифодаи мошинҳо бошад бар вай ҳеҷ чизе воҷиб намешавад.

5-Дар ҳолати иҳром атр ва дигар анвоъи хушбӯиҳоро истифода намекунад. Пас агар истифода барад бар вай куштани гусфанд воҷиб мешавад.

6-Сарашро то шайтонро санг задан ва ҳадияи худро куштан наметарошад. Пас агар қабл аз санг задан ва ҳадяро куштан ҳамаи сараш ва ё чаҳоряки онро битарошад, бар вай куштани гусфанд воҷиб мешавад.

7-Мӯйҳои зери бағали худро намеканад.

8-Мӯйҳои зери нофи худро наметарошад.

9-Муйлабҳоии худро на метарошад ва на кӯтоҳ мекунад.

10-Нохунҳояшро намегирад.

Пас агар муйҳои зери бағал ё аз зери ноф ё аз лабашро бигирад ва ё нохунҳояшро бигирад бар вай куштани гусфанд воҷиб мешавад.


II-Мамнуъоти бо либоси баданаш:

1-Ҳоҷиёни мард либоси духташуда намепушанд ва барои занон пушидани чунин либос боке надорад..

2-Ридо ва изори иҳромаш хушбӯидиҳанда набошанд.

3-Сарашро сатр намекунад.

Пас агар муддати як рӯзи комил либоси дӯхташуда ё хӯшбуидиҳанда бар тан дошта бошад ва ё сарашро сатр карда бошад бар вай куштани гусфанд воҷиб мешавад.


III-Мамнуъоти бо дигарон.

1-Ҳеҷ сайдеро шикор намекунад.

Пас агар сайдеро қасдан ё хатоан шикор бикунад, яке аз ин се навъи ҷаримаро бояд бипардозад:

1-Баробари қиммати сайди шикор кардааш ҳайвонеро мехарад ва забҳ мекунад ва гӯшташро садақа медиҳад.

2- Баробари қиммати сайди шикор кардааш хурока, мисли гандум, биринҷ ва ғайра мехарад ва дар байни мискинон нисфи соъӣ (1кг. 630 грам) тақсим мекунад.

3- Хурокаи бо қиммати сайди шикоркардааш ба чанд мискине нисфи соъӣ бирасад, миқдори адади мискинон рӯза мегирад.

2-Ҳеҷ касеро макони сайди дидаашро нишон намедиҳад ва далолат намекунад.  Пас агар бо далолат ва раҳнамоии вай каси дигаре сайдеро шикор бикунад, баробари қотили сайд ҷарима пардохт мекунад.


Мақолаи қаблӣСуннатҳои Ҳаҷ / Суннатхои Хач (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣМубоҳоти Ҳаҷ / Дар вақти Ҳаҷ чӣ корҳо иҷоза аст?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед