Муфсидоти Ҳаҷ / Фосидкунандаҳои Ҳаҷ

0

Муфсидоти Хач / Фосидкунандахои Хач. Муфсидоти Ҳаҷ / Фосидкунандаҳои Ҳаҷ.


Муфсидот, яъне умури ҳаҷро фосидкунанда чунинанд:

1- Нияти ҳаҷ бикунад ва иҳром бибандад, валекин ба сабаби беморӣ аз идомаи ҳаҷ  оҷиз бимонад ва рукунҳои ҳаҷро анҷом надиҳад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2-Нияти ҳаҷ бикунад, вале ба сабаби дар роҳ будани монеъе, мисли камини душман ё роҳзанон ё сел ва ғайра аз ба итмом расонидани ҳаҷ оҷиз бимонад.  3- Нияти ҳаҷ бикунад, вале ба сабаби тамом шудани нафақаи роҳ ё дуздида шуданаш ва ё гум шуданаш аз ба итмом расонидани ҳаҷ оҷиз бимонад.

4-Нияти ҳаҷ бикунад, вале золиме ё роҳзане ё душмане ӯро боз дорад ва ё асир бигирад ва ё захмӣ бикунад.

5-Нияти ҳаҷ бикунад, вале аз ҷаҳл ё ғафлат ё сабаби дигаре вуқуфи Арафот аз вай фавт шавад.

6- Қабл аз вуқуфи дар Арафот даст ба ҷиноят бизанад ва алоқаи ҷинсӣ анҷом бидиҳад ва ғайра.

Ашхоси мазкур ва ғайри онҳо, ки ҳаҷи худро фосид кардаанд, аз соли оянда бояд онро қазо бидоранд.


Мақолаи қаблӣМубоҳоти Ҳаҷ / Дар вақти Ҳаҷ чӣ корҳо иҷоза аст?
Мақолаи баъдӣАнвоъи ҳадйҳо ва хунҳои воҷибшуда

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед