Навъҳои руза – шарҳи Чаҳор китоб

0

Навъхои руза – шархи Чахор китоб


Анвоъи рӯзаҳо

Рӯза аз ҳайси навъ ду навъ ва аз ҳайси ҳукм ҳафт навъ мешавад:

Анвоъи рӯзаҳо, ки ду навъ мебошанд:

Давоми матнро баъди реклама хонед

1- Рӯзаҳои айнӣ, яъне рӯзаҳое, ки вақти онҳо мушаххас ва муъаян аст.

Дар ин навъи рӯза рӯзаи моҳи рамазон, рӯзаҳои рӯзи душанбе ва панҷшанбе, рӯзаи моҳи шаъбон ва ғайра дохил мебошанд.

2-Рӯзаҳои дайнӣ, яъне рӯзаҳое, ки бар уҳдаи кас қарз шудаанд ва онҳо вақти муъаян надоранд ва кадом вақте қазояшон бидорад дуруст мешавад. Дар ин навъ рӯза қазои моҳи рамазон, рӯзаи кафорати қасам, рӯзаи назри мутлақ, ки вақташро мушахас накарда бошад ва ғайра дохиланд.


Анвоъи рӯзаҳо аз ҳайси ҳукм. Анвоъи рӯзаҳо аз ҳайси ҳукм ҳафт навъ мебошанд:

Рузаи фарзӣ

1-Рӯзаҳои фарзӣ. Мисли рӯзаи моҳи рамазон ва қазои он, рӯзаи назрӣ ва ғайра. Чуноне Аллоҳ таъоло дар ояти 184 сураи “Бақара” барои қазо доштани рӯза дар дигар рӯзҳои ғайри мушаххас чунин дастур додааст:

{فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ} )البقرة: 184(

“Пас ҳар касе аз шумо бемор бошад ё дар сафар теъдоди рӯзҳои дигарро рӯза бидорад”.

Дар мавриди адои назр дар ояти 29 сураи “Ҳаҷ” чунин дастур додааст:

{وَلْيُوفُوا نُذُورَهُمْ} )الحج: 29(

“Ва бояд ба назрҳояшон вафо бикунанд”.


Рузаи воҷибӣ

2-Рӯзаҳои воҷибӣ. Мисли рӯзаи нафлие, ки онро фосид кардааст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Ибни Ҳиббон” бо санади саҳеҳ модари муъминон ҳазрати Оиша разиялоҳу анҳо чунин гуфтааст:

“عن عايشه رضي الله عنها قالت:أصبحت أنا وحفصة صائمتين متطوعين فَأُهْدِيَ لَنَا طَعَامٌ،فَأَفْطَرْنَا،فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:”صُومَا مَكَانَهُ يَوْمًا آخر”( صحيح ابن حبان -8/ 284/ 3517-إسناده صحيح)

“Ману Ҳафса рӯзаи нафлӣ гирифта будем ва бароямон таъом ҳадя карданд ва мо рӯзаро хурдем.Пайғамбар (с) ба мо гуфт: Дар ивази ин рӯзи хурдаатон як рӯзи дигарро рӯза бидоред”.


Рузаи суннатӣ

3-Рӯзаҳои суннатӣ. Мисли рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:

“عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ “كَانَ يَصُومُ الِاثْنَيْنِ وَالْخَمِيسَ، فَقِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّكَ تَصُومُ الِاثْنَيْنِ وَالْخَمِيسَ؟ فَقَالَ:”إِنَّ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَالْخَمِيسَ يَغْفِرُ اللَّهُ فِيهِمَا لِكُلِّ مُسْلِمٍ،إِلَّا مُتَهَاجِرَيْنِ، يَقُولُ: دَعْهُمَا حَتَّى يَصْطَلِحَا”. (كذا في سنن ابن ماجه -1/ 553  1740 – وحكم المحقق: صحيح)   “

“Пайғамбар (с) рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо рӯза медошт ва аз ӯ чунин савол карданд: Эй Пайғамбари Аллоҳ!  Чаро рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо рӯза медорӣ? Пайғамбар (с) гуфт:” Ҳамоно дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе Аллоҳ таъоло гуноҳони ҳамаи мусулмононро мебахшад, ба ҷуз гуноҳони ашҳоси бо ҳамдигар қаҳрӣ буда. Аллоҳ таоло мегӯяд: Онҳоро, яъне гуноҳони онҳоро то замони тавба карданашон ҳамчуноне мебошанд боқӣ бигузоред”.


Рузаи нафлӣ

4-Рӯзаҳои нафлӣ. Мисли рӯзаи ҳазрати Довуд алайҳиссалом, ки бардавом як рӯзро рӯза медошт ва рӯзи дигарашро ифтор, яъне як рӯз дар мобайн рӯза медошт. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عَمْرٍو، قَالَ: قَالَ لِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:«أَحَبُّ الصِّيَامِ إِلَى اللَّهِ صِيَامُ دَاوُدَ، كَانَ يَصُومُ يَوْمًا وَيُفْطِرُيَوْمًا،وَأَحَبُّ الصَّلاَةِ إِلَى اللَّهِ صَلاَةُ دَاوُدَ،كَانَ يَنَامُ نِصْفَ اللَّيْلِ وَيَقُومُ ثُلُثَهُ، وَيَنَامُ سُدُسَهُ» (كذا في صحيح البخاري -4/ 161/ 3420 )

“Маҳбубтарин рӯза дар назди Аллоҳ таоло рӯзаи Довуд (а) аст, ки як рӯзро рӯза мегирифт ва рӯзи дигарашро ифтор мекард. Маҳбубтарин намоз дар назди Аллоҳ намози Довуд (а) аст, ки нисфи шабро хоб мерафт ва аз се як ҳисаи нисфи боқимондаро дар намоз мегузаронид ва аз шаш як ҳиссаи боқимондаи шабро хоб мерафт”.


Рузае, ки ҳукмаш ҳаром аст

5-Рӯзае, ки ҳукмаш ҳаром аст. Барои занон дар ҳолати ҳайзу нифос рӯза гирифтан ҳаром аст. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

أَلَيْسَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ وَلَمْ تَصُمْ» (وفي صحيح البخاري -1/ 68- 304 – عَنْ أَبِي سَعِيدٍ)

“Оё чунин нест, ки зан чун ҳайз бубинад на намоз мехонад ва на рӯза мегирад?”.


Рузае, ки ҳукмаш макруҳи таҳримӣ аст

6-Рӯзае, ки ҳукмаш макруҳи таҳримӣ аст. Дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои ташриқ, ки онҳоро дар якҷоягӣ аёми манҳия, яъне рӯзҳое, ки рӯза гирифтан дар онҳо манъ карда шудааст меноманд, рӯза гирифтан макруҳи таҳримӣ аст. Дар ҳадисҳои саҳеҳ дар ин мавзӯъ аз ҷумла чунин омадааст:

1-  «أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ نَهَى عَنْ صِيَامِ يَوْمَيْنِ، يَوْمِ الْفِطْرِ، وَيَوْمِ النَّحْرِ» (كذا في صحيح مسلم -2/ 800- 141 – 1138- عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ)

“Ҳамоно Пайғамбар (с) рӯза доштани ду рӯзро; рӯзи иди фитр ва рӯзи иди қурбонро манъ кард”.

2- «أَيَّامُ التَّشْرِيقِ أَيَّامُ أَكْلٍ وَشُرْبٍ» (كذا في صحيح مسلم -2/ 800/144-عَنْ نُبَيْشَةَ)

“Аёми ташриқ рӯзҳои хурдан ва нушидан мебошанд”.

Рӯзи иди рамазон ва қурбон ва аёми ташриқ, яъне се рӯзи баъд аз рӯзи аввали иди қурбон, ки ҳоҷиён дар ин рӯзҳо ба хушк кардани гӯшти қурбонӣ ҳамагӣ машғул мешуданд, ҷамъбаст панҷ рӯз мебошанд , ки дар якҷоягӣ бо номи “Аёми манҳия” шинохта мешаванд. Аёми манҳия ин панҷ рӯз аст:

1- Якуми моҳи шавол, яъне рӯзи иди рамазон.

2-Даҳуми моҳи зулҳиҷҷа, яъне рӯзи аввали иди Қурбон.

3-Ёздаҳуми Зулҳиҷҷа, яъне рӯзи аввали аёми ташриқ.

4-Дувоздаҳуми моҳи Зулҳиҷҷа, яъне рӯзи дуввуми аёми ташриқ.

5- Сездаҳуми моҳи Зулҳиҷҷа, яъне рӯзи савуми аёми ташриқ.


Рузаи ҳукмаш макруҳи мутлақ

7-Рӯзаи ҳукмаш макруҳи мутлақ. Баъзе анвоъи рӯзаҳои ҳукмашон макруҳ чунин мебошанд:

1-Рӯзаи висол, яъне дӯ рӯзро пай дар пай бидуни ифтор кардан ва чизе нушидану хурдан рӯза доштан. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«لاَ تُوَاصِلُوا، فَأَيُّكُمْ أَرَادَ أَنْ يُوَاصِلَ، فَلْيُوَاصِلْ حَتَّى السَّحَرِ»، (كذا في صحيح البخاري -3/ 38/ 1967 – عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ)

“Висол, яъне пай дар пай бидуни ифтор рӯза нагиред. Пас агар касе бихоҳад висол бикунад, то суҳур, яъне то қабл аз субҳ ба хӯрдан идома бидиҳад”.

2-Рӯзи ҷумъаро ба танҳоӣ рӯза доштан. Дар ин мавзӯъ ду ҳадиси саҳеҳро зикр мекунем:

1-“لاَ يَصُومَنَّ أَحَدُكُمْ يَوْمَ الجُمُعَةِ،إِلَّا يَوْمًا قَبْلَهُ اوبعده”.(كذا في صحيح البخاري- 3 / 42- 1985-عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ)

“Ҳеҷ касе аз шумоён рӯзи ҷумъаро рӯза надорад, магар ҳамроҳи рӯзи қабл аз ҷумъа (ҳамроҳи рӯзи паншанбе) ё рӯзи баъди ҷумъа (ҳамроҳи рӯзи шанбе) бигирад”.

2- أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، دَخَلَ عَلَيْهَا يَوْمَ الجُمُعَةِ وَهِيَ صَائِمَةٌ،فَقَالَ:أَصُمْتِ أَمْسِ؟ قَالَتْ:لاَ، قَالَ: تُرِيدِينَ أَنْ تَصُومِي غَدًا؟ قَالَتْ:لاَ،قَالَ:فَأَفْطِرِي»(صحيح البخاري-3/ 42/  1986-عن جويريه بنت الحارث رضي الله عنها)

“Пайғамбар (с) ба назди ҳамсараш модари муъминон Ҷувайра разияллоҳу анҳо рӯзи ҷумъа даромад ва дар он рӯз ҳамсараш рӯзадор буд. Пайғамбар (с) ба вай гуфт:Дирӯзро рӯза гирифта будӣ? Гуфт: Не! Боз пурсид: Фардоро нияти рӯза гирифтан дорӣ? Гуфт: Не! Пайғамбар (с) гуфт: Пас рӯзаатро ифтор бикун”.

3-Рӯзи арафаро рӯза доштан барои он ҳоҷиёне, ки рӯзаи он рӯз аз ҷаҳду кушиши дар дуо кардан заъифашон мекунад. Дар ин мавзӯъ дар ҳадиси саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

 «يَوْمُ عَرَفَةَ،وَيَوْمُ النَّحْرِ،وَأَيَّامُ التَّشْرِيقِ عِيدُنَا أَهْلَ الْإِسْلَامِ،وَهِيَ أَيَّامُ أَكْلٍ و شُرْبٍ»( كذا في سنن أبي داود -2/ 320/ 2419-عن عُقْبَةَ بْنَ عَامِرٍوحكم المحقق:صحيح)

“Рӯзи арафа ва рӯзи иди қурбон ва аёми ташриқ барои мо аҳли ислом ид мебошанд ва ин рӯзҳо, рӯзҳои хурдан ва нушидананд”.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

“شَكَّ النَّاسُ يَوْمَ عَرَفَةَ فِي صَوْمِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،«فَبَعَثْتُ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِشَرَابٍ فَشَرِبَهُ» (كذا في صحيح البخاري -2/ 161/ 1658 عن ام الفضل)

“Саҳобия Умми Фазл разияллоҳу анҳо мегӯяд: Мардум дар рӯзи арафа ба рӯзадор будани Пайғамбар (с) шак карданд ва ман нушокӣ барояш фиристодам, ки онро нушид”.

Дар ин мавзӯъ саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар (р) чунин гуфтааст:

“عن عبد الله ابن عمررضي الله عنهما “حَجَجْتُ مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَمْ يَصُمْهُ،وَحَجَجْتُ مَعَ أَبِي بَكْرٍ فَلَمْ يَصُمْهُ، وَحَجَجْتُ مَعَ عُمَرَ فَلَمْ يَصُمْهُ، وَحَجَجْتُ مَعَ عُثْمَانَ فَلَمْ يَصُمْهُ، وَأَنَا لَا أَصُومُهُ وَلَا آمُرُ بِهِ وَلَا أَنْهَى عَنْهُ» (كذا في سنن الدارمي -2/ 1106/ 1806 -وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح).

“Ҳамроҳи Пайғамбар (с) ҳаҷ кардам рӯзи арафаро рӯза надошт, ҳамроҳи ҳазрати Абубакр ҳаҷ кардам рӯзи арафаро рӯза надошт, ҳамроҳи ҳазрати Умар ҳаҷ кардам рӯзи арафаро рӯза надошт ва ҳамроҳи ҳазрати Усмон ҳаҷ кардам рӯзи арафаро рӯза надошт. Ман рӯзи арафаро рӯза намегирам ва касеро барои рӯза гирифтанаш амр намекунам ва касеро аз рӯза гирифтанаш манъ намекунам”.

Дар асл аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ рӯзи арафаро рӯза доштан мустаҳаб аст ва кароҳияти мазкур хос барои ҳочиёне мебошад, ки рӯзаи рӯзи арафа заъифашон мекунад. Зеро Пайғамбар (с)-ро аз рӯзаи рӯзи арафа савол карданд, ки ӯ чунин гуфтааст:

يُكَفِّرُ السَّنَةَ الْمَاضِيَةَ وَالْبَاقِيَةَ» (كذا في صحيح مسلم -2/ 819/ 197 – 1162- عَنْ أَبِي قَتَادَةَ الْأَنْصَارِيِّ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ)،

“Кафорати гуноҳони имсола ва аз соли гузаштаашон мешавад”.


Маърифати рӯза – мохи шарифи Рамазон

Мақолаи қаблӣКитоби “Саҳеҳ-ул-Бухорӣ” – Саҳеҳи Бухорӣ (Сахехи Бухори)
Мақолаи баъдӣМасоили ҳилол – шарҳи Чоркитоб