Панду андарз аз Хазрати Али

0

Қиссае, ки дорои панду андарз аз Хазрати Али мебошад, баҳри Шумо меорем.


Ҳазрати Алӣ (р.а) дар бистари марг хоб буд. Садои гиряи писараш Ҳасанро (р.а) шунида гуфт:

Давоми матнро баъди реклама хонед

Барои чӣ гиря дорӣ?

Гуфт:

Чӣ гуна гиря накунам,вақте ту дар бистари марг хобӣ?

Ҳазрати Алӣ (р.а) гуфт:

Ҳашт пандe ҳаст ба ту мегӯям агар бо чортои он амал карда аз чортои дигараш худдори намоӣ, пас ягон касе ба ту наметавонад зараре расонад.

– Онҳо чӣ будаанд? – гуфта пурсид Ҳасан (р.а).

Хазрати Али (р.а) гуфт:

1. Беҳтарин сарват – ақл аст.
2. Бадтарин нодорӣ – ҷоҳилист.
3. Танҳотарин шахс – такаббуру худписанд аст.
4. Беҳтарин хислати инсон – хулқи хуб аст.

Хасан (р.а) гуфт: Чортои дигараш чӣ?

Алӣ (р.а)гуфт:

1.Аз дӯсти бо одамони нодон худдорӣ намо, зеро онҳо ба ҷои фоида ба ту зарар меоранд.
2.Бо одамони дурӯғгӯй дӯсти макун.
3.Бо мумсикон дӯстӣ макун. Онҳо туро дар айёми тангдастият танҳо мегузоранд.
4.Бо хоинҳо дӯсти макун. Онҳо туро хоҳу нохоҳ рӯзе мефурушанд.


Хазрати Али, панду андарз

Ҳазрати Бурх (Бурхи Валӣ)

Мақолаи қаблӣЛак ба безуриётӣ ва саратон мерасонад!
Мақолаи баъдӣХислатҳое, ки инсонро хушбахт месозанд

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед