Зара зара барф меборад сафед

0

Шеъри ҳаҷвии зара зара барф меборад сафедро дар инҷо меорем. Шеърҳои ҳаҷвӣ аз сайти Суи Дониш >>

Барф

Зарра-зарра барф меборад сафед

Зарра-зарра барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.

Сандалиро гарм созед аз алав,
Ширбиринҷу мантуву оши палав.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Кулчаҳои кунҷидину қуббадор,
Себу ангури дилафрӯзу анор.

Ҳофизи хушхону танбӯру дутор,
Наю ғижак, ҷӯраҳои беғубор.

Чормағзу тутмавизи соягӣ,
Баҳри мо тайёр кун аз ҷӯрагӣ.


Барф меборад бо фармони Худо,
Барфи нав аз мову «Барфӣ» аз шумо.

Гар бигиред ин ҷавони рафтаро,
Дасту пояш баставу рӯяш сиёҳ.

Гар нагиред ин ҷавони рафтаро,
Мешавад базми калон бори шумо.


Зара зара барф меборад сафед

Гуфтугуи телефонии мухочир бо занаш (шеъри ҳаҷвӣ)

Мақолаи қаблӣЗарбулмасал ва маколхо бо забони точики
Мақолаи баъдӣЧи гуна барф пайдо мешавад? Чаро барф сафед аст?