Мақоми ҳаҷ дар Ислом – далелҳои фарз будани Ҳаҷ

0

Макоми хач дар Ислом (шархи Чахоркитоб). Далелхои фарз будани Хач.

макка каъба


1- Ҳукми ҳаҷ. Ҳаҷ рукне аз панҷ рукунҳо, яъне сутуне аз панҷ сутунҳои дини мубини ислом ва фарзе аз ҷумлаи бузургтарин фарзҳояш ва ибодате аз ҷумлаи бузуртарин ибодатҳои баданию молияш мебошад, ки адои он бар тамоми зану марди болиғу оқили мусулмони қодиру тавоно ба Макка рафтану анҷом доданаш, дар тамоми умр як маротиб фарзи айн аст.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2- Ҳукми инкори ҳаҷ. Инкори ҳаҷ инкори яке аз бузургтарин рукни ислом буда ҳукми он хуруҷи аз дин аст.

3-Ҳукми тарки ҳаҷ. Мусулмони қодир ба адои ҳаҷ, ки ҳаҷ бар вай фарз  гардида бошад, агар ҳаҷро адо накарда бимирад ба сифати мусулмони фосиқи гунаҳгори мустаҳиқи ҷазо оламро падруд гуфтааст ва дар машияти Аллоҳ таоло қарор мегирад. Пас агар қабл аз марг васият бикунад, ки аз ҷониби вай ҳаҷ карда шавад ва каси дигаре баъди маргаш аз ҷонибаш ҳаҷ бикунад, ҳаҷи бар вай қарз буда аз уҳдааш соқит мешавад.


Далелҳои ин мавзӯъ

1-Аллоҳ таоло дар ояти 97 сураи “Оли Имрон” чунин гуфтааст:

{وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا}(آل عمران: 97)

“Ва барои Аллоҳ ҳаҷ кардани Хонаи Каъба бар мардумоне, ки тавонои рафтан ба онҷоро доранд, фарз аст”.

2-Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин фармудааст:

“بُنِيَ الإِسْلاَمُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَإِقَامِ الصَّلاَةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَالحَجِّ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ”.(كذا في صحيح البخاري – عَنِ ابْنِ عُمَرَ)

“Ислом бар панҷ чиз бино шудааст:

1- Гувоҳӣ додан бар ин, ки ғайри Аллоҳ таоло ҳеҷ худои дигаре нест ва ин, ки Муҳаммад фиристодаи Ӯст.

2- Барпо доштани намоз.

3-Пардохтани моли закот.

4- Хонаи Аллоҳ таолоро ҳаҷ кардан.

5- Моҳи рамазонро рӯза доштан.

3- Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин фармудааст:

«أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ فَرَضَ اللهُ عَلَيْكُمُ الْحَجَّ، فَحُجُّوا»، فَقَالَ رَجُلٌ: أَكُلَّ عَامٍ يَا رَسُولَ اللهِ؟ فَسَكَتَ حَتَّى قَالَهَا ثَلَاثًا، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ” لَوْ قُلْتُ: نَعَمْ لَوَجَبَتْ، وَلَمَا اسْتَطَعْتُمْ “. (كذا صحيح مسلم -2/ 975/ 412 – 1337- عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ)،

“Эй Мардум! Аллоҳ таоло бар шумо ҳаҷро фарз кардааст, пас фаризаи ҳаҷро адо намоед. Яке аз ҳозирбудагон чунин савол кард:Оё ҳар сол ҳаҷ фарз аст? Пайғамбар (с) сукут кард  ва он мард ин саволашро се маротиб такрор кард. Сипас Пайғамбар (с) гуфт: Агар мегуфтам: Оре! Ҳаҷ кардан ҳар сол фарз мешуд ва шумо ҳар сол қодир ба адояш намешудед”.

4- Дар ривояти “Сунани кубро” бо санади мавқуфи саҳеҳ ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу дар мавриди шахсе, ки ҳаҷ рафтанро зарур намедонад ва бо ин ақидаи зарур надонистанаш бимирад, чунин гуфтааст:

“لِيَمُتْ يَهُوَدِيًّا أَوْ نَصْرَانِيًّا يَقُولُهَا ثَلَاثَ مَرَّاتٍ رَجُلٌ مَاتَ وَلَمْ يَحُجَّ وَجَدَ لِذَلِكَ سَعَةً وَخُلِّيَتْ سَبِيلُهُ فَحَجَّةٌ أَحُجُّهَا وَأَنَا صَرُورَةٌ أَحَبُّ إِلَيَّ مِنْ سِتِّ غَزَوَاتٍ أَوْ سَبْعٍ”.(كذا في السنن الكبرى للبيهقي -4/ 546/ 8661- وقال الحافظ في التلخيص الحبيرط قرطبة 2/ 426: وَلَهُ طَرِيقٌ صَحِيحَةٌ؛إلَّا أَنَّهَا مَوْقُوفَةٌ رَوَاهَا سَعِيدُ بْنُ مَنْصُورٍ، وَالْبَيْهَقِيُّ. عَنْ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ ..وَإِذَا انْضَمَّ هَذَا الْمَوْقُوفُ إلَى مُرْسَلِ ابْنِ سَابِطٍ، عُلِمَ أَنَّ لِهَذَا الْحَدِيثِ أَصْلًا، وَمَحْمَلُهُ عَلَى مَنْ اسْتَحَلَّ التَّرْكَ،وَتَبَيَّنَ بِذَلِكَ خَطَأُ مَنْ ادَّعَى أَنَّهُ مَوْضُوعٌ،وَاَللَّهُ أَعْلَمُ).

“Яҳудӣ ё насронӣ бимирад, яҳудӣ ё насронӣ бимирад, яҳудӣ ё насронӣ бимирад, шахсе, ки  вафот бикунад ва ҳаҷ накарда бошад ва ин ҳам дарҳоле, ки имконияти ҳаҷ карданро дошт ва роҳи рафтан барояш боз буд. Ҳаҷеро, ки ҳаҷ мекунам бароям аз шаш ё ҳафт муҳориба хубтар аст, агар қаблан то ҳанӯз ҳаҷ накарда бошам”.

Мақолаи қаблӣМаърифати ҳаҷ (шарҳи Чаҳоркитоб)
Мақолаи баъдӣПешгуфтор – Розҳои оиладорӣ (Дилафрӯзи Қурбонӣ)