Воҷиботи намоз – шарҳи Чоркитоб

0

Вочиботи намоз – шархи Чоркитоб.


Мурод аз воҷиботи намоз умури бо далели заннӣ собитшуда дар намоз аст, ки анҷом доданашон мисли фарз ҳатмӣ ва зарурист ва тарк карданашон мисли фарз ҷурму гуноҳ аст. Аммо дар чанд ҷиҳати дигар дар дар байни фарзу воҷиб фарқ аст:

1-Бо тарки фарз ва воҷиб қасдан иъодаи намоз воҷиб аст, вале дар фарз аз ҷиҳати ботил шудани намози гузоридааш  ва дар воҷиб аз ҷиҳати ҷабри нуқсони воридшуда дар намози гузоридааш.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2-Бо тарки фарз саҳван намоз фосид мешавад агар дар аснои намоз барнагардад ва ислоҳаш насозад, вале бо тарки воҷиб саҳван саҷдаи саҳв воҷиб мешавад.

3-Бо инкори фарзи муттафақун алайҳи кас аз дин хориҷ мешавад ва бо инкори воҷиб ҳукми фосиқу фоҷирро мегирад ва хатари куфр таҳдидаш мекунад, вале ҳукми ба куфр карда намешавад.

Воҷиботи дар намоз умури зерин аст:


1- Қироъати сураи “Алҳамд”.

Пайғамбар (с) дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин гуфтааст:

«لاَ صَلاَةَ لِمَنْ لَمْ يَقْرَأْ بِفَاتِحَةِ الكِتَابِ» (كذا في صحيح البخاري -1/ 151/ 756 – عَنْ عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ)

“Нест намоз барои шахсе, ки сураи “Алҳамд”-ро нахондааст”.

Аммо дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” чи будани “нест намоз”- ро чунин баён кардааст:

«مَنْ صَلَّى صَلَاةً لَمْ يَقْرَأْ فِيهَا بِأُمِّ الْقُرْآنِ فَهِيَ خِدَاجٌ » ثَلَاثًا غَيْرُ تَمَامٍ. (كذا في صحيح مسلم -1/ 296/ 38 – 395 عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،”خِدَاجٌ” : أَيْ نَاقِصَةٌ أَوْ مَنْقُوصَةٌ أَوْ ذَاتُ نُقْصَانٍ، مِنْخَدَّجَتِ النَّاقَةُ وَلَدَهَا قَبْلَ أَوَانِ خُرُوجِهِ وَإِنْ كَمُلَ خَلْقُهُ فَهِيَ مُخَدِّجَةٌ أَوْ ذَاتُ خِدَاجٍ (ثَلَاثًا) ، أَيْ: قَالَهَا ثَلَاثًا (غَيْرُ تَمَامٍ) : بَيَانُ خِدَاجٍ أَوْ بَدَلٌ مِنْهُ، وَفِي نُسْخَةٍ غَيْرُ تَامٍّ، أَيْ: غَيْرُ كَامِلٍ، كذا في مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح 2/ 682)

“Шахсе, ки намоз бигузорад ва дар намозаш “Умми Қуръон”-ро (яъне сураи “Алҳамд”-ро) нахонад, он намозаш ноқис аст ва ноқис аст ва ноқиси нотамом аст”, яъне нуқсондор буда комил нест. Аммо агар қироъати сураи “Алҳамд” фарз мебуд намозаш ноқис нею балки ботил мебуд.  Зеро дар “Ғарибулҳадис” Асъамӣ калимаи хидоҷи дар лафзи ҳадис омадаро чунин тафсир кардааст:

“وفي “غريب الحديث” الْأَصْمَعِي  كلمه”خِدَاجٌ”: قَالَ الْأَصْمَعِي:الخداج النُّقْصَان مثل خداج النَّاقة إِذا ولدت ولدا نَاقص الْخلق أَو لغير تَمام.(كذا في غريب الحديث للقاسم بن سلام -1/ 65)

“Хидоҷ нуқсонро мегӯянд, ҳамчуноне мегӯянд хидоҷи ноқа, вақте шутури мода шутурбачаи ноқисулҷисмро ё норасидро ба дунё биорад”.


2-Замми сура кардан.

Мурод аз замми сура дар ду ракаъати аввали намозҳои фарзӣ ва дар ҳамаи ракаъатҳои намози витр ва суннатҳо ва нафлҳо баъди хондани сураи “Алҳамд” омин гуфтану сураи дигарро хондан аст. Дар ин мавзӯъ саҳобии бузургвор Абуқатода чунин ривоят кардааст:

«أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَقْرَأُ بِأُمِّ الكِتَابِ وَسُورَةٍ مَعَهَا فِي الرَّكْعَتَيْنِ الأُولَيَيْنِ مِنْ صَلاَةِ الظُّهْرِ وَصَلاَةِ العَصْرِ،وَيُسْمِعُنَا الآيَةَ أَحْيَانًا وَكَانَ يُطِيلُ فِي الرَّكْعَةِ الأُولَى» (كذا في صحيح البخاري -1/ 155/ 778 – عَبْدُ اللَّهِ بْنُ أَبِي قَتَادَةَ، عَنْ أَبِيهِ:..)

“Ҳамоно Пайғамбар (с) Умми Қуръон, яъне сураи “Алҳамд” ва сураи дигареро ҳамроҳи вай дар ду ракаъати аввали намози пешин ва аср мехонд ва аҳёнан ба мо оятҳоро мешунавонид ва қироъаташро дар ракъати аввал дароз мекард”.

Ин замми сура воҷиб аст, зеро дар ривояти “Сунани Абудовуд” саҳобии бузургвор Абусаъиди Хидрӣ чунин гуфтааст:

“عن ابي سعيد رضي الله عنه«أُمِرْنَا أَنْ نَقْرَأَ بِفَاتِحَةِ الْكِتَابِ وَمَا تَيَسَّرَ» (كذا في سنن أبي داود -1/ 216/ 818 – عَنْ أَبِي سَعِيدٍ، قَالَ..و حكم المحقق: صحيح).

 “Ба мо дастур дода мешуд, ки сураи “Алҳамд” ва ончиро бароямон аз Қуръон муяссар аст бихонем”.

Чуноне гузашт қироъати сураи “Алҳамд” воҷиб аст ва ончи муяссар аз Қуръон аст маътуф ба ҷои сураи “Алҳамд” шудааст ва тибқи қоидаи маътуф дар ҳукми маътуфун алайҳи аст, замми сура низ воҷиб мешавад.


3-Тақдими  “Алҳамд” бар сураи замшуда.

Воҷиб аст, ки аввалан сураи “Алҳамд”-ро хонда шавад ва баъди хатми он сураи дигарро. Воҷиб будани ибтидо аз сураи “Алҳамд” ва тақдим кардани он бар он сурае, ки онро зам мекунад, аз он ҷиҳат аст, ки ҳамеша Пайғамбар (с) қироъати намозашро аз сураи “Алҳамд” оғоз мекард.Тибқи усули фиқҳи ҳанафӣ аз феъли Пайғамбар (с) мисли қавлаш ҳукми воҷиб истихроҷ мешавад ва пойбандии он ҳазрат ба оғоз кардани сураи “Алҳамд” далели воҷиб буданаш бар зами сура аст.

Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор ҳазрати Анас разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“عن أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رضي الله عنه “أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَأَبَا بَكْرٍ، وَعُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا كَانُوا يَفْتَتِحُونَ الصَّلاَةَ بِ {الحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ العَالَمِينَ} (الفاتحة: 2 – كذا في صحيح البخاري -1/ 149/ 743 )

“Ҳамоно Пайғамбар (с) ва ҳазрати Абубакру Умар разияллоҳу анҳумо намозро бо хондани “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин” оғоз мекарданд”.


4-Ҳангоми саҷда бар замин расонидани бинӣ ҳамроҳи пешонӣ воҷиб аст.

Далели воҷиб буданаш ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن عبد الله ابن عباس رضي الله عنهماقال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: «أُمِرْتُ أَنْ أَسْجُدَ عَلَى سَبْعَةِ أَعْظُمٍ عَلَى الجَبْهَةِ، وَأَشَارَ بِيَدِهِ عَلَى أَنْفِهِ وَاليَدَيْنِ وَالرُّكْبَتَيْنِ، وَأَطْرَافِ القَدَمَيْنِ وَلاَ نَكْفِتَ الثِّيَابَ وَالشَّعَرَ»(كذا في صحيح البخاري -1/ 162/ 812 – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ)

“Амр карда шудаам, то бо ҳафт узвам саҷда бикунам; бо пешонӣ ва бо дасташ ба бинияш ва дастонаш ва зонувонаш ва сари ангуштони қадамонаш  ишора кард (ва гуфт) ва дар аснои намоз ҷомаву мӯйҳоямро ҷамъ накунам” .  Дар ҳадиси мурсал, ки дар фиқҳи ҳанафӣ ҳуҷҷат аст дар ривояти “Сунани Доруқутнӣ” чунин омадааст:

“وفي سنن الدارقطني -2/ 157/ 1319 -عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَرَأَى رَجُلًا يُصَلِّي مَا يُصِيبُ أَنْفُهُ مِنَ الْأَرْضِ فَقَالَ:«لَا صَلَاةَ لِمَنْ لَا يُصِيبُ أَنْفُهُ مِنَ الْأَرْضِ مَا يُصِيبُ الْجَبِينُ». (قَالَ لَنَا أَبُو بَكْرٍ: لَمْ يُسْنِدْهُ عَنْ سُفْيَانَ وَشُعْبَةَ إِلَّا أَبُو قُتَيْبَةَ وَالصَّوَابُ عَنْ عَاصِمٍ عَنْ عِكْرِمَةَ مُرْسَلًا)

“Пайғамбар (с) мардеро бидиданд, ки намоз мехонд ва бинияшро ба замин намерасонид, гуфт: Нест намоз барои касе, ки бинияш ҳамроҳи пешонияш ба замин намерасад”.

Мурод аз нест намози дар ҳадиси мурсал ривоятшуда намози комили бенуқсон нест мебошад, на ин, ки намозаш ба таври кулли ботил аст. Зеро дар инҷо тарки фарз нашудааст, ки намоз ботил шавад, валекин тарки воҷиб шудааст. Дар ин мавзӯъ Ибни Обидин дар “Ради муҳтор” чунин гуфтааст:

“وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين “رد المحتار” -1/ 499- د أَنَّ الدَّلِيلَ يَقْتَضِي وُجُوبَ السُّجُودِ عَلَى الْأَنْفِ أَيْضًا كَمَا هُوَ ظَاهِرُ الْكَنْزِ وَالْمُصَنِّفِ، فَإِنَّ الْكَرَاهَةَ عِنْدَ الْإِطْلَاقِ لِلتَّحْرِيمِ، وَبِهِ صَرَّحَ فِي الْمُفِيدِ وَالْمَزِيدِ، فَمَا فِي الْبَدَائِعِ وَالتُّحْفَةِ وَالِاخْتِيَارِ مِنْ عَدَمِ كَرَاهَةِ تَرْكِ السُّجُودِ عَلَى الْأَنْفِ ضَعِيفٌ”.

“Далел, яъне ҳадиси бар ҳафт узв саҷда кардан бар воҷиб будани саҷда бо бинӣ далолат мекунанд, ҳамчуноне зоҳири иборатҳои “Канзи дақоиқ” ва мусанниф, яъне “Дурри мухтор”  низ бар воҷиб буданаш далолат мекунанд. Зеро дар ин китобҳо тарки саҷдаи бо биниро мутлақ макруҳ гуфтааст ва ҳангоме макруҳро бидуни қайд зикр карда шавад мурод аз он макруҳи таҳримӣ аст. Дар китоби “Муфид” ва “Мазид” инро сароҳатан гуфтаанд, валекин ончи дар “Бадоеъ”, “Туҳфа” ва “Ихтиёр” бо бинӣ саҷда накарданро  макруҳ нест гуфтаанд, заъиф мебошад”.


5-Риъояи тартиб

5-Риъояи тартиб дар  байни амалҳои такроршаванда дар як ракаъат, мисли ду бор саҷда кардан ва амали такроршаванда дар намоз, мисли такрори ракаъатҳо.  Пайғамбар (с) худаш ҳамеша намозро бо тартиби ба дигарон таълимдодааш адо кардааст, ки мутобиқи усули фиқҳи ҳанафӣ бардавомии Пайғамбар (с) бар тартиб, далолат бар воҷиб будани тартиби мазкур мекунад.

Дар “Табйини ҳақоиқ” воҷиб будани тартибро чунин гуфтааст:

“وفي تبيين الحقائق شرح كنز الدقائق وحاشية الشلبي -1/ 105- “وَرِعَايَةُ التَّرْتِيبِ فِي فِعْلٍ مُكَرَّرٍأَيْ مُكَرَّرٍ فِي كُلِّ رَكْعَةٍ كَالسُّجُودِ أَوْ فِي جَمِيعِ الصَّلَاةِ كَعَدَدِ رَكَعَاتِهَا”.

“Ва воҷиб аст риъояи тартиб дар амали дар ҳар ракаъат такрорёбанда, мисли саҷда ё дар тамоми намоз такроршаванда, мисли ракаъатҳои намоз”.


6- Таъдили аркон.

Мурод аз таъдили аркон ором гирифтан дар рукуъ ва суҷуд аст. Ба таври мисол дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чигуна бо тартиб ва таъдили аркон гузоридани намозро таълим додааст:

:«..ثُمَّ اسْجُدْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ سَاجِدًا، ثُمَّ ارْفَعْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ جَالِسًا، ثُمَّ اسْجُدْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ سَاجِدًا، ثُمَّ افْعَلْ ذَلِكَ فِي صَلاَتِكَ كُلِّهَا» (كذا في صحيح البخاري -1/ 158/ 793 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ … قَالَ:..”.  وفي تحفة الفقهاء -1/ 96- وَمِنْهَا مُرَاعَاة التَّرْتِيب فِيمَا شرع مكررا من الْأَركان وَهُوَ السَّجْدَة الثَّانِيَة إِذْ هِيَ وَاجِبَة وَلَيْسَت بِفَرْض حَتَّى إِن من ترك السَّجْدَة الثَّانِيَة من الرَّكْعَة الأولى سَاهِيا وَقَامَ وَصلى تَمام الصَّلَاة ثمَّ تذكر فَإِن عَلَيْهِ أَن يسْجد السَّجْدَة المتروكة وَيسْجد للسَّهْو بترك التَّرْتِيب).

“Сипас саҷда бикун ҳатто, ки дар ҳолати саҷда ором бигири ва баъди он саратро аз саҷда бардор ва биншин ҳатто ки нишаста ором бигири ва баъди ин дубора саҷда бикун ҳатто дар ҳолати саҷда ором бигирӣ. Баъди ин тамоми умури мазкурро дар ракаъатҳои намозат такрор бикун”.


7-Қаъдаи аввал

Яке аз далелҳои воҷиб будани қаъдаи аввал ин мудовамати Пайғамбар (с) бар қаъдаи аввали намоз аст ва далели дигари воҷиб будани қаъдаи аввал дар он аст, ки Пайғамбар (с) ба сабаби саҳван тарк карданаш саҷдаи саҳв кардааст. Агар қаъдаи аввал фарз мебуд бо тарки қаъдаи аввал намозро аз сар мехонд ва агар суннат ё мустаҳаб мебуд саҷдаи саҳв намекард. Ба таври мисол дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Абуҳурайра разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

عن أَبِي هُرَيْرَه رضي الله عنه : «إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَامَ مِنَ اثْنَتَيْنِ مِنَ الظُّهْرِ لَمْ يَجْلِسْ بَيْنَهُمَا، فَلَمَّا  قَضَى صَلاَتَهُ سَجَدَ سَجْدَتَيْنِ، ثُمَّ سَلَّمَ بَعْدَ ذَلِكَ» (كذا في صحيح البخاري -2/ 67/ 1225)

“Пайғамбар (с) фаромушона ба ҷои қаъдаи мобайн бикунад ба савум ракаъат бархост ва қаъда накард. Баъди адои амалҳои намоз ду саҷда кард ва салом дод”.


8-Аттаҳиёт хондан дар қаъдаи аввал ва охир воҷиб аст. 

Воҷиб будани хондани Аттаҳийёт дар қаъдаи мобайн ва ахир аз ду ҷиҳат аст:

1-Аз ҷиҳати амри Пайғамбар (с) барои хонданаш.

2-Аз ҷиҳати мудовамат ва бидуни тарк кардани хондани “Аттаҳийёт”.

Дар ин мавзӯъ Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“عن عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه:”كُنَّا مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَا نَعْلَمُ شَيْئًا، فَقَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:«قُولُوا فِي كُلِّ جَلْسَةٍ التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ….» (كذا في سنن النسائي -2/ 239/ 1166 – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ قَالَ:…”. و حكم المحقق: صحيح”. وفي المحيط البرهاني في الفقه النعماني -1/ 338- والرابعة: قراءة التشهد في القعدة الأولى والأخيرة”. و في البناية شرح الهداية -2/ 162- وفي ” التحرير ” القعدة الأولى في الفرض واجبة، وكذا قراءة التشهد فيها، وهو المختار)،

“Мо ҳамроҳи Пайғамбар (с) будем ва ҳеҷ чизеро (аз умури дин) намедонистем, ки ба мо (умури дин ва хос намозро таълим дод ва ) гуфт: Дар ҳар нишастани дар намоз чунин бигӯед: Аттаҳийёту лиллоҳи вассалавоту ваттайибот…..”.


9-Далели воҷиб будани салом додан

9-Далели воҷиб будани салом додан бардавом ва бидуни тарк бо ба ду тараф салом додан аз иҳроми намоз хориҷ шудани Пайғамбар (с) аст. Дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مِفْتَاحُ الصَّلَاةِ الطُّهُورُ، وَتَحْرِيمُهَا التَّكْبِيرُ، وَتَحْلِيلُهَا التَّسْلِيمُ». (كذا في سنن الترمذي -1/ 8 3 – -عَنْ عَلِيٍّ، وحكم المحقق: حسن صحيح)

 “Калиди намоз таҳорат аст ва иҳроми намоз такбир аст ва хориҷ шудан аз иҳроми намоз бо салом додан аст”.


10- Воҷиб будани ба овози баланд хондан дар намозҳои баландхонда шаванда ва бо овози паст хондан дар намозҳои бо овози паст хонда шаванда аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ҷиҳати бардавом чунин хондани Пайғамбар (с) аст.

Аммо ояти 110 сураи “Исро” дар мавзӯъи дуо ё ба садои миёна тиловат кардан дар намоз нозил шудааст, вале баъзе уламо, амсоли Ибни Нуҷайм онро бинобар истидлол ба муқтазояш барои пасту баланд хондани намоз низ далел қарор додааанд. Ояти мазкур чунин аст:

{وَلَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتْ بِهَا وَابْتَغِ بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلًا} )الإسراء: 110(

“Ва намозатро ба овози баланд ва ба овози паст махон ва дар байни пасту баланд роҳеро талаб бикун”.

Ибни Нуҷайм оятро дар “Баҳри роиқ” чунин тафсир кардааст:

“و في البحر الرائق شرح كنز الدقائق ومنحة الخالق وتكملة الطوري -1/ 355- فَأَنْزَلَ اللَّهُ تَعَالَى {وَلا تَجْهَرْ بِصَلاتِكَ وَلا تُخَافِتْ بِهَا} (الإسراء: 110) » أَيْ لَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِك كُلِّهَا وَلَا تُخَافِتْ بِهَا كُلِّهَا {وَابْتَغِ بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلا} (الإسراء: 110) بِأَنْ تَجْهَرَ بِصَلَاةِ اللَّيْلِ وَتُخَافِتَ بِصَلَاةِ النَّهَارِ فَكَانَ يُخَافِتُ بَعْدَ ذَلِكَ فِي صَلَاةِ الظُّهْرِ”.

“Яъне ҳамаи намозҳоятро бо овози паст ё баланд махон, балки намозҳои шабро бо овози баланд ва намозҳои рӯзро бо овози паст бихон. Баъди нузули ин оят Пайғамбар (с) қироъати намози пешинро бо овози паст тиловат кард”. Яке аз далелҳои намозҳои рӯзро Пайғамбар (с) бо овози паст қироъат мекард ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он тобеъини бузургвор Абумаъмар чунин гуфтааст:

“وفي صحيح البخاري -1/ 152/ 760 -عَنْ أَبِي مَعْمَرٍ، قَالَ: سَأَلْنَا خَبَّابًا أَكَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقْرَأُ فِي الظُّهْرِ وَالعَصْرِ؟ قَالَ: نَعَمْ، قُلْنَا: بِأَيِّ شَيْءٍ كُنْتُمْ تَعْرِفُونَ؟ قَالَ: «بِاضْطِرَابِ لِحْيَتِهِ»

“Аз саҳобии бузургвор ҳазрати Хаббоб разияллоҳу анҳу чунин савол кардем: Оё Пайғамбар (с) дар намозҳои пешин ва аср қироъат мекард? Гуфт: Оре! Гуфтем:Чигуна донистед, ки қироъат мекард? Гуфт: Аз чунбиши ришаш”.

Яке аз далелҳои ба овози баланд тиловат кардан дар намози шом ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аз Ҷубайр ибни Мутъим разияллоҳу анҳу мебошад, ки чунин гуфтааст:

“عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ جُبَيْرِ بْنِ مُطْعِمٍ، عَنْ أَبِيهِ، قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «قَرَأَ فِي المَغْرِبِ بِالطُّورِ» (كذا في صحيح البخاري -1/ 153/ 765 )

“Пайғамбар (с)-ро шунидам, ки дар намози шом сураи “Тур”- ро хонд”.

Яке аз далелҳо бо овози баланд тиловат кардан дар намози хуфтан ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он чунин омадааст:

“عَنْ عَدِيٍّ، قَالَ: سَمِعْتُ البَرَاءَ: ” أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ فِي سَفَرٍ فَقَرَأَ فِي العِشَاءِ فِي إِحْدَى الرَّكْعَتَيْنِ: بِالتِّينِ وَالزَّيْتُونِ “. (صحيح البخاري -1/ 153/ 767 )

“Пайғамбар (с) дар аснои сафар дар яке аз ракаъатҳои намози хуфтан сураи “Ваттин”-ро тиловат кард”.

Яке аз далелҳои ба овози баланд тиловат кардан Пайғамбар (с) дар намози бомдод ривояти “Саҳеҳи Муслим” аст, ки дар он чунин омадааст:

“عَنْ عَمْرِو بْنِ حُرَيْثٍ: «أَنَّهُ سَمِعَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقْرَأُ فِي الْفَجْرِ وَاللَّيْلِ إِذَا عَسْعَسَ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 336/ 164 – 456)

“Амр ибни Ҳурайс разиялллоҳу анҳу Пайғамбар (с)-ро шунидааст, ки дар намози бомдод сураи “Валлайли изо асъаса”-ро тиловат кардааст”.

Аммо ин паст ё баланд қироъат кардан марбут ба имом ва намози ҷамоъат аст ва шахси танҳогузор дар баланд ё паст хондан ихтиёр дорад. Яке аз далелҳои ин мавзӯъ ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ аз Ибни Абуқайс, ки чунин гуфтааст:

“عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ أَبِي قَيْسٍ، قَالَ: سَأَلْتُ عَائِشَةَ كَيْفَ كَانَتْ قِرَاءَةُ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِاللَّيْلِ؟ أَكَانَ يُسِرُّ بِالْقِرَاءَةِ أَمْ يَجْهَرُ؟ فَقَالَتْ: «كُلُّ ذَلِكَ قَدْ كَانَ يَفْعَلُ، رُبَّمَا أَسَرَّ بِالْقِرَاءَةِ، وَرُبَّمَا جَهَرَ» (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -2/ 311/ 449 – وحكم المحقق: صحيح).

“Аз ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо аз кайфияти қироъати Пайғамбар (с) дар намозҳои шаб савол кардам, ки ба овози баланд буд ё паст, гуфт: Баъзе вақт ба овози паст ва баъзе вақти дигар ба овози баланд тиловат мекард”.

Дар ин мавзӯъ дар китоби “Асл”, яъне дар “Мабсути Шайбонӣ” Имом Муҳаммад аз Имом Абуҳанифа чунин савол кардааст:

“وفي الأصل المعروف بالمبسوط للشيباني -1/ 228- قلت: فَإِن لم يكن إِمَامًا وَلكنه صلى وَحده فخافت فِيمَا يجْهر فِيهِ أَو جهر فِيمَا يُخَافت فِيهِ قَالَ لَيْسَ عَلَيْهِ شَيْء “.

“Пас агар имом набуда танҳогузор бошад ва дар намозе, ки ба овози баланд тиловат карда мешавад ба овози паст тиловат бикунад ё дар намозе, ки ба овози паст тиловат карда мешавад ба овози баланд тиловат бикунад ҷӣ ҳукм дорад? Имом Абуҳанифа гуфт: Ҳеҷ чизе бар вай воҷиб намешавад”.

Дар “Ҷавҳара” дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:

“وفي الجوهرة النيرة على مختصر القدوري -1/ 77-  الْمُنْفَرِدَ إذَا خَافَتَ فِيمَا يُجْهَرُ فِيهِ لَا سَهْوَ عَلَيْهِ إجْمَاعًا؛ لِأَنَّهُ مُخَيَّرٌ وَإِنْ جَهَرَ فِيمَا يُخَافَتُ فِيهِ فَفِيهِ اخْتِلَافُ الْمَشَايِخِ وَفِي الْكَرْخِيِّ لَا سَهْوَ عَلَيْهِ”. (وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين “رد المحتار” -1/ 533- أَقُولُ: مَا فِي الْعِنَايَةِ صَرَّحَ بِهِ أَيْضًا فِي النِّهَايَةِ وَالْكِفَايَةِ وَالْمِعْرَاجِ. وَنَقَلَ فِي التَّتَارْخَانِيَّة عَنْ الْمُحِيطِ أَنَّهُ لَا سَهْوَ عَلَيْهِ إذَا جَهَرَ فِيمَا يُخَافِتُ لِأَنَّهُ لَمْ يَتْرُكْ وَاجِبًا، وَعَلَّلَهُ فِي الْهِدَايَةِ فِي بَابِ سُجُودِ السَّهْوِ بِأَنَّ الْجَهْرَ وَالْمُخَافَتَةَ مِنْ خَصَائِصِ الْجَمَاعَةِ. وَقَالَ الشُّرَّاحُ: إنَّهُ جَوَابُ ظَاهِرِ الرِّوَايَةِ).

 “Танҳогузор ҳар вақто намози ҷаҳрияро хуфия бихонад ба иҷмоъ бар вай саҷдаи саҳв воҷиб намешавад, зеро мухайяр аст. Аммо агар намозеро, ки хуфия хонда мешавад ҷаҳрия бихонад, дар ин масъала машоих, яъне имомони баъди се имоми аввали ҳанафӣ ихтилофи назар доранд ва дар “Мухтасари Кархӣ” омадааст, ки бар вай саҷдаи саҳв воҷиб намешавад”.

Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ намозҳои қазоиро хуфия, яъне ба овози паст тиловат карда мешавад.


Танбиҳ

Аммо ин ривояти интишорёфта ва мазкур дар китобҳои фиқҳ ҳамчун ҳадис:

“وفي الدرر المنتثرة في الأحاديث المشتهرة : 137/ 274 – حديث-“صَلاَةُ النَّهَارِ عَجْمَاءُ” (قال الدارقطني والنووي:باطل لا أصل له،وهو في فضائل القرآن لأبي عبيد من كلام أبي عبيدة بن عبد الله بن مسعود. قلت:وأخرجه عنه ابن أبي شيبة في المصنف، وأخرجه أيضاً عن الحسن وبقيته عنهما: “وَصَلاَةُ اللَّيْلِ تُسْمِعُ أُذَنَيْكَ” وأخرجه سعيد بن منصور عن أبي حماد بن سليمان بدون هذه الزيادة، وكذا أخرجه عبد الرزاق عن مجاهد. وأخرج عن الحسن قال: “صَلاَةُ النَّهَارِ عَجْمَاءُ، لاَ يُرْفَعُ بِهَا الصَّوتُ إِلاَّ الجُمعُةَ وَالصُّبْحَ، تُرْفَعُ”).

“Намози рӯз гунг аст”, ҳадис набуда балки қавли ду тобеъини бузургвор, яъне  Абуубайда ибни Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Ҳасани Басрӣ аст”.


Шартҳои воҷиб шудани намоз (шарҳи Чоркитоб)

Мақолаи қаблӣШартҳои дохилии Намоз (шарҳи Чаҳоркитоб)
Мақолаи баъдӣЗикрҳо ва дуъоҳои даруни Намоз