Калимаи Радди куфр (арабӣ ва тоҷикӣ)

0

Калимаи Радди куфр аз шаш калимаи динӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ / точики.


“Аллоҳумма инни аъузу бика мин анушрика бика шайав ва ана аъламу вастағфирука, лимо ло аълам, иннака анта ъалломул ғуюб ва сатторул ъуюб ва ғаффоруззунуб, ва кашшофул қулуб, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим, мошо Аллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун”

1- Маънои луғавии калимаи радди куфр калимаест, ки бо ба забон овардани онҳо куфрро рад ва инкор карда мешавад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2- Мурод аз калимаи радди куфр дуъоҳо ва зикрҳоест бо ба забон овардани онҳо ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аз воқеъ шудан дар куфру ширк ва нифоқ паноҳ бурда мешавад. Ба ибораи дигар бо хондани ин калимаҳо аз Аллоҳ субхонаҳу ва таоло хоҳиш ва илтиҷо карда мешавад, ки моро аз воқеъ шудан дар куфру ширк ва нифоқ дар ҳифзу амонаш бигирад. Зеро агар як лаҳза Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло бандаашро дар паноҳаш нагирад, дар ҳамон лаҳза шайтон бар вай султа ва сайтара ҳосил мекунад (ғолиб ва чира мешавад) ва ӯро гумроҳ месозад.

3-Баъзе калимаҳои радди куфр, ки дар суннати саҳеҳ омадаанд:

1- اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ وَأَنَا أَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا لَا أَعْلَمُ “. (كذا في الأدب المفرد مخرجا -ص: 250/ 716 – صحيح)

“Аллоҳум-ма ин-нӣ аъузу бика ан ушрика бика ва ано аъламу ва астағфирука лимо ло аъламу”.

 “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба ту аз ин, ки дониста чизеро бо ту шарику ҳамто қарор бидиҳам ва талаби омурзиш мекунам ба Ту аз ин, ки чизеро надониста барои Ту шарику ҳамто қарор бидиҳам”.

   2- اللَّهُمَّ فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ،عَالِمَ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، رَبَّ كُلِّ شَيْءٍ وَمَلِيكَهُ،أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ،أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ نَفْسِي،وَمِنْ شَرِّالشَّيْطَانِ وَشِرْكِهِ “.(كذا في سنن الدارمي -3/ 1760/ 2731 وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح)

“Аллоҳум-ма фотирас-самовоти вал-арз, олималғайби ваш-шаҳодаҳ, рабба кулли шай-ин  ва маликаҳу, ашҳаду ан ло илоҳа илло ант. Аъузу бика мин шар-ри нафсӣ ва мин шар-риш-шайтон ва ширкиҳ ”

 “Ё Аллоҳ! Офаридагори осмонҳо ва замин, донои бар тамоми умури пушида ва ошкор, парвардигори ҳама чиз ва молики он, шаҳодат медиҳам бар ин, ки ҷуз Ту ҳеҷ худое нест, паноҳ мебарам ба Ту аз шарри нафсам ва аз шарри шайтон ва ширки ӯ”.

3- “اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْكُفْرِ، وَالْفَقْرِ، وَعَذَابِ الْقَبْرِ ” (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -34/ 17/ 20381 وإسناده قوي على شرط مسلم.)

“Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал куфри вал фақри ва азобилқабр”.

 “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба ту аз воқеъ шудан дар куфр, аз мубтало шудан ба фақру нодорӣ ва аз гирифтор шудан ба азоби қабр”.


Фазилати хондани калимаи Радди куфр

Хондани калимаи радди куфр ин паноҳ талабидан ба Аллоҳ таоло аз воқеъ шудан дар куфр мебошад, ки дар натиҷаи васвасаҳои шайтон кас ба он гирифтор мешавад ва оқибат касро ба азоби абадии дӯзах гирифтор мекунад. Барои наҷот ёфтан аз дӯзах ва ноил гаштан ба неъматҳои биҳишт хондани ин калима муҳим ва зарур мебошад.

Тамоми дуоҳои паноҳ бурдан аз шайтон ва паноҳ бурдан аз азоби дӯзах, ин дуъоҳои паноҳ бурдан аз куфру ширку нифоқ аст, зеро ниҳояти гумроҳ кардани шайтон куфр аст ва оқибати куфр воқеъ шудан дар азоби абадии дӯзах аст. Мо дар ин мавзӯъ ду ҳадиси саҳеҳро зикр мекунем, ки Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

1- «قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ، وَالْمُعَوِّذَتَيْنِ حِينَ تُمْسِي، وَحِينَ تُصْبِحُ، ثَلَاثًا يَكْفِيكَ كُلَّ شَيْءٍ”. (كذا في سنن النسائي (8/ 250- 5428- وحكم المحقق: حسن)

“Се маротиб хондани “Қул ҳуваллоҳу аҳад” ва “Қул аъузу бираб-бил фалақ” ва “Қул аъӯзу бираб-биннос”замони хоб рафтан ва вақти аз хоб хестан, аз тамоми чиз (яъне аз мусибатҳо  ва бадбахтиҳо) бароят басанда мебошад”.

2- “مَنْ سَأَلَ اللهَ الْجَنَّةَ ثَلَاثًا، قَالَتِ الْجَنَّةُ:اللهُمَّ أَدْخِلْهُ الْجَنَّةَ،وَمَنْ اسْتَعَاذَ بِاللهِ مِنَ النَّارِثَلَاثًا،قَالَتِ النَّارُ:اللهُمَّ أَعِذْهُ مِنَ النَّارِ”.( كذا في مسند أحمد ط الرسالة -20/ 408/ 13173 – واسناده صحيح).

“Касе се маротиб аз Аллоҳ таоло мушарраф шудан ба биҳиштро суол бикунад, биҳишт мегӯяд, ки “Ё Аллоҳ! Вайро ба биҳишт дохил бикун!. Ва касе ба Аллоҳ таоло се маротиб аз воқеъ шудан дар дӯзах паноҳ талаб намояд, дӯзах мегӯяд: “Ё Аллоҳ! Уро аз дохил шудани дар дӯзах дар паноҳат бигир!”


Муфассал >> Шаш калимаи динӣ

Мақолаи қаблӣКалимаи истиғфор (маъно, фазилат, арабӣ ва тоҷикӣ)
Мақолаи баъдӣТабрикнома барои зодруз (Зодруз муборак!)